Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки мулк ро ба душман диҳем.

Ин ҳарфу ҳиҷои саропо аз муҳаббат ва садоқати ватандорӣ ва ватанхоҳӣ, ки дар “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, аз қаъри асрҳои ному нанги ватандории Пешдодиёни кишваркушо, бар гӯши ҷони мову манҳои меҳанпараст бо забони дард розҳои нуҳуфтаи гурдони садоқатпешаи тоҷикро бозгӯи менамояд, нишони садоқат доштани гурдҳо ва паҳлавонони майдондори сарзамини пурифтихори аббову ҷадди бузургворонамон буда, аз ҳафт то ҳафтод пушт ба мерос мондааст. Девори бузурги ҳимояи ҳар як кишвар гурдону таҳамтанонашон буда, лашкар аз шумори ҳамин мардуми садоқатпеша созмон дода мешавад. Он гуна ки таърихи беш аз сӣ ҳазор солаи номварии мо тоҷикон ба ҷаҳониён собит сохтааст, майдондорҳои лашкаркашу сафшикани мо дар муқобили душманони молу ҷон ва марзу буми аҷдодиамон, дар баҳои ҷон ва хону монашон истодагарӣ намуда, бо садоқати бепоёни хеш, ин марзу бумро аз оташи кини душманон ҳимоят намудаанд. Ҳамон гурдони далере, ки бинобар таъбиру шаҳодати таърихи беш аз сӣ ҳазор солаи кишваркушоии мо Ориёиҳо, замин зери пояшон меларзид, руҳи поки абадзиндаашон ҳанӯз пуштибони мову манҳо ва наваҳои пас аз ҳазор соли мо будаву ҳаст. Руҳи поки Бобаки сафшикан ва Эраҷи тилисмшикан, ки наваи Каёниён ва ҷадди бузурги мо тоҷикон мебошанд, камарбанди тиллоии паҳлавонии аҷдодии моро ҳанӯз нигаҳбон будаву ҳастанд. Майдондории паҳлавонони Хатлонӣ Мирзоватан Ҳасаналӣ ва ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъминин Раҳим беш аз шаст сол боз ҳазорон мову манҳоро дар руҳияи ҷасорату қаҳрамонӣ ва ватандориву ватанхоҳӣ ва садоқат ба ин марзу буми аҷдодӣ тарбия намуда, тули сӣ соли истиқлолият, даҳҳо паҳлавонони шуҳрати ҷаҳонидоштаро рӯи кор овардаанд. Мактаби садоқату ватандории ин паҳлавонони пуровозаи замони шӯравӣ, ки аз майдондории паҳлавони шуҳратёр ва пуровозаи ҷаҳонӣ, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон мурабии хизматнишондодаи Тоҷикистон Азалшо Олимов сарчашма мегирад, эътибори миллати соҳибтамаддуни тоҷикро, дар қаламрави пуровозаи раъиятпарвари собиқ шӯравӣ, шӯҳраи одаму олам намуда, он камарбанди тиллоии паҳлавонӣ ҳанӯз бо номи поки ба ҳақ пайвастаи онҳо, дар бойгонии шуҳрату шони миллат ва давлати шӯҳратёри тоҷикон маҳфуз мебошад. Мактаби номварӣ ва матонату қаҳрамонии онҳо, нимаи аввали солҳои ҳафтодуми садаи гузашта, садҳо шогирдонро руи майдони поки паҳлавонӣ оварда, шуҳрату шони он майдондорҳо садсолаҳо ифтихори ҳазорон фарзандони ватанхоҳ мебошад.

Яке аз шогирдони ҳамон пайроҳаи ному нанги ватандорӣ Ҳабибуллоҳ Маҷидов буда, оғози солҳои ҳафтодум то нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи гузашта, номбардори пурифтихори мо тоҷикон дар майдони паҳлавонии гуштини собиқ шӯравӣ будааст. Ҳанӯз замони донишҷӯи Донишкадаи варзиши кишвар буданаш, дар даҳҳо мусобиқоти варзишии қаламрави собиқи шӯравӣ иштирок намуда, шарафи варзишгарони собиқ Тоҷикистони шӯравиро шуҳраи тамоми қаламрави 300 миллион нафараи шӯравии овозадор намуда буд.

Мусобиқаҳои варзишии қаламрави пуровозаи шӯравӣ, ки бо номи “Спартакиадаи донишҷуён” ва ҷавонони шӯравӣ, дар қаламрави понздаҳ кишвари дӯсту бародар баргузор мегардид, ҳамсони мусобиқаҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ қарор доштанд. Чунки паҳлавони воқеъиро, Иттиҳоди абарқудрати шӯравӣ, аз миёни на камтар аз 200 миллион нафар интихоб менамуд. Ва аз миёни 200 миллион рӯи майдони қаҳрамонӣ омадан афсонае беш набуд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, он солҳо даҳҳо паҳлавонони ҷавони тоҷик, ба унвонҳои баланди Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардида, эътибори мо тоҷикон, дар миёни понздаҳ давлати қаламрави пуровозаи собиқ шӯравӣ ифтихори тамоми он қаламрав буд.

Ҳабибуллоҳ низ он замон, аниқтараш ҳангоми донишҷӯ буданаш соли 1974 бо унвони пурифтихори Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гуштини “Самбо” ва “Дзюдо” шарафёб гардида буд. Дар қаламрави Тоҷикистони азиз бошад, Устоди варзиш дар гуштини миллии тоҷикӣ пазируфта шуда, миёни ҷавонони он замон шуҳратёри ватани азизаш буд.

Таърихчаи паҳлавонӣ

Хеле ҷоиз медонам, ки қиссаеро аз забони паҳлавони пуровозаи кишвар, қаҳрамони ҳафткаратаи Осиёи Марказӣ, дар гуштини самбои муҳорибавӣ, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Мирзоватан Ҳасаналиев, ки дар роҳи камолоти варзишии Ҳабибуллоҳ Маҷидов саҳми назарраси хешро гузоштааст, ин ҷо биёрам: “Дар муҳорибаҳои гуштини “самбо” ва “дзюдо” Ҳабибуллоҳ бисёр тезгир, даступопеч ва бобарор буд. Соли 1971 то соли 1974 ҳашт бор дар Спартакиадаи донишҷуёни Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷои аввал гардида, ҳангоми донишҷӯи сазовори унвони пурифтихори Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ гардида аст. Соли 1975 вақте, ки бори аввал филми бадеии “Паланги Мозандарон”-и синамогарони эронӣ аз тариқи телевизиони марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар маърази тамошобинони саросари шӯравӣ қарор гирифт, даҳҳо паҳлавонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларуссия, Украина ва Русия тавассути телефон ба ман занг зада маро мегуфтанд, ки ин филм дар мавриди қаҳрамонии Ҳабибуллоҳ Маҷидов рӯи кор омадааст. Дар воқеъ қаҳрамони марказии филм Ҳабиб – паҳлавон ҳамсони Ҳабибуллоҳи мо буд. Тамоми ошиқону шефтагони ин филм ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо Ҳабибуллоҳ, бо як ифтихору фараҳманди аз ӯ чун қаҳрамони филм истиқбол менамуданд. Баъди охири солҳои навадуми садаи гузашта, Ҳизби Коммунисти вақти шӯравӣ суқут намуда, сохти Конститутсионии Ҳизби ҳокими коммунистӣ вақти собиқ шӯравӣ аз байн рафт. Мақомоти иҷрояи Ҳокимияти давлатӣ чанд муддат фаъолият намуда, баъди чанде он мақомот низ аз байн рафта кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибистиқлол гардида, кишвари азизи Тоҷикистони мо низ моҳи сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Саргумиҳои сиёсии баъди истиқлол, миёни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии кишвар, барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ, кишварро ба вартаи муборизаҳои қудратталабӣ оварда, истиқлоли давлатӣ зери хатари шадид қарор гирифт. Сохти Конститутсионии давлат ва ҳукумат фалаҷ гардида, муборизаҳои шадиди қудратталабӣ миёни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ авҷ гирифт. Институти идораи президентӣ, ки ҳамагӣ як сол пеш ба фаъолият оғоз намуда буд, корношоям гардида, аз фаъолият бозмонд. Қудрати сиёсии кишвар ба дасти баъзе аз зимондорони қудратхоҳи Парлумон расида, сиришт ва сарнавишти миллат ва давлат қариб, ки пурра ба дасти мардуми “бозор” афтода буд.

Барои пуштибони аз сохти Коститутсиони кишвар мардуми минтақаи Кӯлоб, бо ҳамҷоягии вакилони мардумиашон бархоста, гуфтушунидро бо ҳизбу ҳаракатҳои қудратталаб оғоз намуданд. Аз ин кашмакашиҳои гуруҳии қавмиву нажодӣ дастаҳои ҷиноятпеша истифода намуда, кишварро ба вартаи оташу хун кашиданд. Баъди талафотҳои зиёди ҷонӣ ва гуфтушунидҳои зиёди сиёсӣ вакилони мардумӣ ва роҳбарияти ягона ҳукумати конститутсионӣ, ки дар собиқ вилояти Кӯлоб фаъол буд, тавонистанд, ки тақдири ояндаи мавҷудияти кишварро, бар дӯши хеш бигиранду роҳи наҷоти миллат ва давлатро ба миён биёранд. Баъди фоҷеаи хунини аз байн бурдани Раиси Ҳукумати вилояти Кӯлоб, Ҷиёнхон Ризоев вакилони мардумии минтақаи Кӯлоб ҷавонмарди шуҷоъу ватанхоҳ, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Раиси Ҳукумати вилояти Кӯлоб пешбарӣ намуда, тақдири миллат ва давлатро ба дасти ӯ супурданд. Ӯ тавонист, ки бо муҳаббат ва самимияти ватандорӣ, роҳи наҷоти миллатро пурра ба дасти хеш бигирад, дар баҳои ҷони ҷавонаш кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот бубахшад. Баъди гуфтушунидҳои зиёд миёни ҳама ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои иҷтимоии ҷамъиятӣ, ҳамагон ба хулосае омаданд, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шаваду ҳама вакилони мардумӣ бо ҳамҷоягии намояндагони ҳама гуруҳҳои сиёсии кишвар, роҳи наҷоти давлату миллатро тарҳрезӣ намоянд. Ҳамин тавр, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ дар қасри таърихии Арбоб моҳи ноябри соли 1992 ба фаъолият оғоз намуд. Баъди мулоқотҳои зиёди сиёсӣ вакилон ба хулосае омаданд, ки Раиси Шӯрои Олиро аз ҳисоби вакилони мардумие, ки дар бозиҳои қудратталабӣ даст надоштанд, интихоб намоянду паҳлу ба паҳлу истода кишварро аз хатари нести наҷот бубахшанд. Ҳамин тавр бо пешниҳоди вакилон, вакили мардумӣ, аз ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Олии Раиси Шӯрои Олии кишвар пешбарӣ гардид. Ин пешниҳод аз ҷониби на танҳо вакилони мардумӣ, балки аз ҷониби ҳама нируҳои сиёсӣ ва намоядагони созмону ҷамъиятҳои иҷтимоии кишвар, ки дар Иҷлосияи тақдирсоз иштирок доштанд пурра дастгирӣ ёфта, ҳамагон қавл доданд, ки барои эъмори як ҳукумати фарогири ҳама ормонҳои давлату миллат камар хоҳанд баст.

Иддаи дигаре аз ҷоҳталабони қудратхоҳ мехостанд муборизаҳои қудратталабиашонро давом диҳанд, ба ҳар роҳу воситае, ки худашон мехоҳанд, қудрати аз дастрафтаро дубора соҳиб шаванд.

Ифтихори ватандорӣ

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, бо хирад ва заковати баланди ватандорӣ дар нахустин вохӯриаш ба зиёиёни кишвар, дар шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 1993 иброз намуд, ки ӯ омодааст, ки дар баҳои ҷон ва хонумонаш ба Тоҷикистони азиз оромиву осудагӣ биёрад. Ва то он даме, ки як тоҷики овора берун аз кишвар ранҷи ғарибӣ мекашад, ӯ ҳамчун раҳбари кишвар худро ором дида наметавонад. Нишонаҳои амнияту осудагӣ баъди як соли фаъолият маълуми тамоми бошандагони кишвар гардид. Гуфтушунидҳои судманди ватанхоҳонааш муҳаббат ва самимияти мардумро ба ӯ зиёд намуд. Нируҳои солими ҷомеъа новобаста аз мавқеи сиёсиашон, дар сурат ва сирати поки ӯ наҷотбахши давлат ва миллатро медиданд. Ҳама нируҳои ватансоз атрофи ӯ ҷамъ гардида марҳами дарди захмҳои кишвар шуданд. Сохти нави Конститусионии кишвар бо дастгирии бевоситаи мардум рӯи қудрат омада, соли 1994 Ҳукумати мардумӣ ҳамчун кафили сулҳу салоҳ ва якпорчагии саросари кишвар пурра ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин тавр иқдомҳои ватансозии Пешвои муаззами миллат оғоз гардид.

Моҳи декабри соли 1992 ду маротиба ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуда, роҳҳои дастёбии сулҳи тоҷиконро бо президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ба миён гузошта, роҳи ҳалли онро дар маркази таваҷӯҳи ҷомеъаи башарӣ қарор дод. Ҳолати вазнини сиёсии кишвар, аз Роҳбари Олии он тақозои онро дошт, ки неруҳои қудратии кишварро ба хотири амнияту осудагии мардум қавӣ гардонад. Бо ҳамин хотир вазоратҳои қудратии кишвар аз ҳисоби ҷавонмардони аз миёни оташу хун гузашта ва кадрҳои ғаюри ватанхоҳ пурра таъмин шуданд. Минтақаҳои доғи атрофи Душанбе, калонтарии ноҳияи атрофи он Ленин, (ки баъдан Рӯдакӣ номгузорӣ гардид) ва Ҳисору Шаҳринаву Регар, ки барои Роҳбарияти Олии кишвар минтақаҳои тақдирсози кишвар буданд, бо кадрҳои содиқ ба Ватан ва миллат идораҳои қудратиаш таъмин гардид. Ногуфта намонад, ки ҳамон шабу рӯз сипари боэътимоди Ватан кормандони Кумитаи амнияти давлатӣ ва ВКД-и ҷумҳурӣ буда, номи поки он сарсупурдагони ин идораҳои давлатӣ то абад дар қалби поки мардум боқӣ хоҳад монд.

Бо дастгирӣ ва пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии кишвар, Ҳабибуллоҳ Маҷидов, аз мақоми фармондеҳи полки махсуси тирандозии фаврии зудамали вазорати навтаъсиси мудофиаи кишвар, ба мақоми сардори идораи милитсияи ин ноҳияи Ленин пешбарӣ гардид. Ин минтақаи дар он шабу рӯз доғи кишвар, хатарҳои зиёдеро ба амнияти Душанбеи азиз метавонист, ки биёрад. Ҳабибуллоҳ дар як муддати кутоҳ тартиботи ҷамъиятиро дар онҷо ба низом оварда, амнияту осудагии мардумро таъмин намуд. Ӯ миёни мардуми ин минтақа, аз замони донишҷуияш дар Донишкадаи варзиши Тоҷикистон, ки гуштингири хеле шинохта буд, обруву эътибори баланд дошт. Ҳамон эътибори баланди паҳлавониаш ӯро ба мардум ва мардумро бо ӯ хеле наздик намуд. Гурӯҳҳои даргири ин минтақа паҳлавонӣ ва майдондориву ҷасурии ӯро аз мардум шунида, бисёриашон бо гуфтушунид баромада, силоҳашонро бо дасти худ оварда супориданд. Бо ҳама мушкилот нигоҳ накарда, сохти Конститутсионии кишвар дар ҳамин минтақаҳои доғи он замон хеле фаъол буд. Ӯ, ки яке аз пурэътибортарин фармондеҳони “Ҷабҳаи мардумӣ” буд ва то соли 1992 мақомдори баланди давлатӣ, дар Ҳукумати вилояти собиқи Хатлон ва Кӯлоб ифои вазифа намуда аст, ҳама паҳлавонони ин минтақа ӯро мешинохтанду арҷаш мегузоштанд. Садоқат ва муҳаббату самимияти ватандориаш ба ҳар як ваҷаб хоки диёр ӯро соли 1992 водор намуд, ки ба ҳимояи сохти Конститусионии кишвар барояду атрофи роҳбарияти кишвар собитқадамона гом гузорад. Ҳамин садоқат ба ватан ва роҳбари Олии кишвар доштанаш буд, ки аз мақоми Фармондеҳи полки махсуси тирандозии фаврии зудамали Вазорати навтаъсиси мудофиаи кишвар соли 1993 ба мақоми сардори ШКД- и ноҳияи Ленин, баъди ду соли ҷонисорию талошҳо дар роҳи барқарории сохти Контитутсионии кишвар ва таъмини амнияту осудагии мардум соли 1995 ӯро ба мақоми сардори ШКД-и ноҳияи Ҳисор оварданд. Дар ноҳияи Ҳисор низ бо эътибори баланди ватандорӣ сазовори боварии мардум гардида то соли 1997 дар ин мақоми хеле сермасъул фаъолият намуд. Соли 1997 бо эътибори баланди ватандорӣ ӯро ба мақоми сардори раёсати тартиботи ҷамъиятии ВКД Тоҷикистон таъин намуданд. Дар ин мақоми баланди сермасъул низ ӯ бо эътибори баланд ифои вазифа намуда, номи некаш ҳамеша вирди Роҳбарияти на танҳо ВКД балки ҳама мақомдорони кишвар буд. Ҳолдонҳо ва мардуми дар он шабу рӯз ниёзманд ба амнияту осудагӣ, борҳо аз корномаи пурифтихори Ҳабибуллоҳи Маҷид ва садоқати бепоёнаш ба Ватан ва Раҳбари Олии кишвар қиссаҳои зиёдеро рӯи саҳфаи хотираҳо овардаанд. Боре собиқ корманди давлатию ҳизбӣ, шинохтатарин арбоби давлативу сиёсӣ, Искандар Чиллаев ки беш аз сӣ сол дар мақомҳои роҳбарии ноҳияҳои собиқ вилояти Хатлон фаъолият намудааст, боифтихор ва самимияти зиёд аз Ҳабибуллоҳи Маҷид чунин ёдоварӣ намуда буд: “Аз омадани Ҳабибуллоҳ ба мақоми сардори идораи милитсияи ноҳияи Ленин соли 1993 амнияту осудагии мардуми ин ноҳияи калонтарини кишвар, ки тамоми атрофи Душанберо печонидааст хеле хатарзо буд, оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбуди овард. Мулоқотҳои бевоситаи Ҳабибуллоҳ бо собиқ кормандони раҳбарии давлат ва ҳукумат дар замони собиқи шуравӣ, муҳббати мардумро ба ӯ ва раҳбарияти тозаинтихоби кишвар хеле зиёд намуд. Мо дар сурати ин ҷавонмарди хушгил ва хушсират, ки намояндаи Роҳбарияти Олии кишвар буд, бовариамон ба ватансозиву ватанхоҳӣ ва раиятпарвариву мардумсолории Президенти муҳтарами тозаинтихоби кишвар хеле зиёд гардид. Мо собиқадорони арсаи меҳнат ва раҳбарии мақомоти давлативу ҳизбии собиқ шуравӣ, бо дастгириҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардида, бо боварӣ ва ифтихори зиёд метавонем бигӯем, ки Ҳабибуллоҳ барин ҷавонмардони ватанхоҳ, ки аз нахустин рӯзҳои ватансозии Пешвои муаззами миллат бо ӯ будаву ҳастанд ифтихори тамоми мардуми кишвари азизамон мебошанд. Чунин мардони садоқатпеша ифодагари ҳама ормонҳои ватанхоҳиву ватансозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, номи покашон дар равоқи тиллоии содиқони Ватан ба абадият сабт хоҳад гардид”.

Мактабдида

Баъди ин гуфтаҳои устод Искандар Чиллаев, ки марди корозмудаи шуҳратёри кишвар буд, садҳо қиссаҳои дигари меҳрбори ватандории Ҳабибуллоҳро аз забони бошандагони минтақаи Рашт, Нуробод, Файзобод, Рӯдакӣ, Ҳисор, Регар ва Шаҳринав шунидаем, ки нишони садоқати бепоёни ӯ ба ин марзу бум мебошад.

Сурат ва сирати поки тоҷикиаш, хулқу атвори ориёиаш дар нахустин дидор касро водор месозад, ки бо боварӣ ва итминони комил ба ӯ ҳамсуҳбат бигардад. Хоксорӣ, ботамкинӣ, мардумсолорӣ, соҳибфарҳангӣ ва ватанхоҳиаш барои ӯ ирсӣ буда, гузаштагони модариаш паҳлавонони номдори Бухорои Шарқӣ ва гузаштагони падариаш донишмандони номдори Бухоро ва номбардори гузаштагони пурифтихорашон будаанд. Ба хотири тақвияти ин андешаҳо, мехоҳам таърихчаеро аз рӯзгори майдондорҳои Юнони Қадим ин ҷо биёрам, ки ҳамсони сиришт ва сарнавишти мо Ориёиҳо мебошад.

Аслан, миён мардуми Юнони Қадим, ки паҳлавонӣ ва майдондорӣ, дар равоқи тиллоии олам бо номи онҳо сабт гардидааст таоруфи ҳикматангезе то ба имрӯз машҳур мебошад, ки ин аст: “Паҳлавонӣ воқеӣ, поктинат ва поксират буда, орӣ аз  ҳама кажиҳо мебошад. Паҳлавонон зинҳор дуруғ намегуянд, чунки онҳо ба он ниёз надоранд. Садоқату ватандориашон ирсӣ буда, онҳо бо садоқат зода шуда, бо садоқат ба Ватан мемиранд. Онҳо фарзандони асили худованди паҳлавонӣ Виштасп буда, бо амри ӯ зода мешаванд ва баъди ҳазорсолаҳо аз нав ба сурати дигар барои ҳимояи адолат ва ҳақиқат зуҳур меёбанд”. Ин устураи юнонӣ ба воқеъият хеле наздик мебошад. Садоқати ватандорӣ ва ватанхоҳии Ҳабибуллоҳ ирсӣ буда, ҷадди бузургвораш Исмоил- паҳлавон сӣ сол майдондори майдони паҳлавонони Бухори Шарқӣ будаст.

Овозаи паҳлавониаш ифтихори тамоми паҳлавонони Бадахшони имрӯзи шуравӣ, Бадахшони Афғонистони кунунӣ ва Бадахшони Чин буда, дар Бухорои шариф низ майдондорӣ намудааст. Тӯли бист сол сипоҳбуди силоҳшурҳои савораи мири Хатлон буда, ба мақдами “мубораки” Инқилоби октябр соли 1920 дар синни 57 – солагӣ бо баҳонаи роҳнамои  Амир Олимхон буданаш,  ба қатл расонда мешавад. Вале, номи поки Исмоил – паҳлавон бо номи поки духтарони покдомони паҳлавонаш Тобус, Оимгул ва Мастура абадзинда гашт. Аз Тобус Ҳабибуллоҳ, аз Оимгул Шариф ва аз Мастура Мирзоватан чароғи мактаби паҳлавонии Исмоил паҳлавонро то абад фурӯзон намуда, ин шуъла дар он хонадон ҳаргиз хомуш нахоҳад гардид.

Вақте, ки соли 2003 зарурияти таъсиси раёсати таъмини амнияту бехатарии меҳмонони олиқадри хориҷӣ дар кишвар назди ВКД  Тоҷикистон, ба миён меояд Ҳабибуллоҳро сардори он раёсат таъин менамоянд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди чанде ба ӯ рутбаи навбатии генерал майори милитсия дода мешавад. Ҳамин тавр тӯли 11 – сол бо ифтихори баланди ватандорӣ ифои вазифа намуда, соли 2014 бо эътибори баланди хидмати бознишаста мегардад. Бо он ки ӯ бознишаста мебошад, дар ҳама чорабиниҳои фарҳангиву варзишии кишвар ширкат намуда, аз садоқати ватандорӣ ва ватансозиву равиятпарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдондорони ҷавони кишвар қиссаҳои ҷолиб намуда, худро вазифадор мешуморад, ки хидматҳои бузурги ин  абармарди таърихи навини кишварро миёни мардум таблиғ намояду бо муҳаббати ватандорӣ ин ҳарфҳоро мегӯяд:

Бо Пешво ба ваҳдати комил расидаем,

Бо Пешво ба пеш равонем сарбаланд.

Бо ҳукми сарнавишт дари бахтро кушод,

Бар рӯзгори мо нарасад ҳеҷ гоҳ газанд.

Ин амали ватанхоҳона ва садоқати ватандории Ҳабибуллоҳ, гувоҳи баҳра бардоштани ӯ аз мактаби бузурги одамият ва ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат дар тӯли 30 соли фаъолияташ будаву ҳаст.

Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь