Талош барои наҷоти Ватан

Нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992. Шамоли сахти фасли поиз аз расидани сармои зимистон дарак медод.

Дар Қасри “Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи шонздаҳуми парлумони мамлакат идома дошт. Баҳсу андешарониҳои депутатҳо барои наҷоти Тоҷикистон, дарёфти сулҳу оштӣ, аз байн бурдани муноқишаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои даргир гарм, тезутунд ва   умедворкунанда буд. Аммо, баъзан мулоҳизаҳои изтиробангез низ ба гӯш мерасиданд, зеро иддае аз депутатҳо ба таъмини сулҳу субот дар кишвар бовар надоштанд. Дар беруни қаср ҳам ташвишу изтироб аз дохили маҷлисгоҳ камтар набуд. Ба Кумитаи давлатии бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори ташвишбор дар бораи эҳтимоли рух додани амалиёти террористӣ, сӯиқасд ба ҷони депутатҳо мерасид. Зеро қувваҳои бадхоҳ ба кори Иҷлосия халал расонданӣ мешуданд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Кормандони амният ба таъмини бехатарии вакилон масъул буданд.

Полковники мустаъфӣ гуфт: – Он рӯзро, ки депутатҳо ба ҳаллу фасли яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи Иҷлосия-баррасии Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буданд, махсус ёдовар шудан мехоҳам. Аз  минбар ҳамшаҳрии ҷасуру номдорамон, депутат Худойқул Ҳамроқулов бобу моддаҳои Кодексро шарҳу эзоҳ медоданд, саволҳо, пешниҳоду тавсияҳои  Раиси Шӯрои Олӣ, депутатҳоро бо диққат гӯш карда, дар  варақ сабт мекарданд ва посух мегуфтанд. Ҳамроқул Худойқулов-нахустин Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баҳсу музокира худро ором нигоҳ медоштанд, бо лаҳни бурро матни тоҷикии Кодексро бо матни русӣ муқоиса карда, хулосаҳои дуруст мебароварданд.

Бояд гуфт, ки матни тоҷикии Кодекс шитобкорона омода шуда, бо  истилоҳоти тоҷикии гумрукӣ  пурра корбаст нашуда буд. Душвориҳои зиёди дигар низ буданд. Зеро Тоҷикистони тозаистиқлол ҳанӯз таҷрибаи гумрукдорӣ надошт. Бовар кунед, ман аз тамкину таҳаммул, дониши амиқ ва андешарониҳои Худойқул Ҳамроқулов ифтихор мекардам. Худойқул Ҳамроқулов натанҳо дар Иҷлосия маърӯзачӣ буданд, бо дарназардошти таҷрибаи корӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи Кумитаи амният ба эшон вазифаи роҳбарӣ ба гурӯҳи махсуси таъсисдодаи Кумита оид ба таъмини амнияти вакилонро низ вогузор карда буданд. Замоне, ки депутатҳо Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой бархоста, бо чапакзанӣ ба садои дили иштирокчиёни Иҷлосия ҳамовоз шуданд.

– Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойқул Ҳамроқулов пас аз чанд моҳ фармонро дар бораи ба вазифаи сардори шӯъбаи гумруки шаҳри Панҷакент таъин кардани ман бароварданд ва ба дастам мӯҳри идораро дода, ба кори нав гусел карданд, – гуфт Насриддин Низомов.

Он замон Панҷакент калонтарин шӯъбаи гумрукӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар шӯъба 56 нафар корманд  кор мекарданд.

Насриддин Низомов чун устод ва ҳамкасбаш Худойқул Ҳамроқулов корро дар ҷойи холӣ оғоз намуд. На дафтари корӣ буду на таҷрибаи зарурии фаъолияти гумрукӣ. Азбаски мутахассисони маълумоти олидор набуданд, ба шӯъба асосан ҳуқуқшиносон ва иқтисоддонҳоро ҷалб намуданд. Он вақт дар Панҷакент се нуқтаи гумрукӣ буд.

Солҳои камолот

Соли 1995 Насриддин Низомовро дубора ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват карда, ба ӯ вазифаи сардори Раёсати таҳлилию ахборотии Кумитаро супориданд. Он вақт полковник дар соҳаи амният таҷрибаи 21-солаи корӣ дошт…

Соли 1974 пас аз адои хизмати ҳарбӣ Насриддин Низомовро барои хизмат дар Кумитаи бехатарии давлатии Ҷумҳурӣ даъват карда, ба таври фаврӣ барои таҳсил ба Академияи Хадамоти бехатарии ИҶШС-Мактаби Олии Байрақи сурхдори Кумитаи бехатарии ИҶШС ба номи Дзержинский фиристоданд. Ду сол ба таҳсили интенсивӣ машғул буд. Дар баробари омӯхтани нозукиҳои кашф (разведка) курси пурраи омӯзиши забонҳои хориҷиро хатм кард. Забони немисиро ба хубӣ омӯхт, имтиҳонро аз ин фан дар шаҳри Потсдами кишвари Олмон супурд. Пас аз хатми Академия фаъолияти кориро дар Кумитаи бехатарии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи ваколатдори оперативии шӯъбаи кашф оғоз намуда, баъдан то соли 1993 вазифаи муовини сардори Раёсати бехатарии давлатии вилояти Хатлонро ба ӯҳда доштааст. Дар ин ҷо низ бо генерал Худойқул Ҳамроқулов кор карда, дар бисёр амалиётҳои оперативӣ иштирок намудааст.

Амният – мактаби мардонагӣ ва тарбия

– Амният мактаби бузурги мардонагӣ ва тарбия аст. Ман хеле хушбахтам, ки дар ин мактаби  бонуфуз тарбия гирифтаам. Роҳбарам Ёқубҷон Каримов сардори Раёсати кашфи Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон буданд ва ман аз он кас таҷрибаи кор дар ин мақоми баланди давлатиро омӯхтам. Дере нагузашта маро сардори шӯъбаи кашфи Раёсати Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карданд, -мегӯяд Насриддин Низомов. Ӯ эътироф мекунад, ки солҳои беҳтарини умраш дар ҳамин ҷо гузаштааст.

Насриддин Низомовро барои иҷрои вазифаҳои махсус зуд-зуд ба Ҷумҳурии Афғонистон мефиристоданд. Бештар аз ду сол дар ҳайати қӯшунҳои сарҳадии ИҶШС дар ин кишвар фаъолият намудааст. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки қӯшунҳои сарҳадӣ элита ё гули сари сабади қӯшунҳои ҳарбии давлати Шӯравӣ буданд. Онҳо дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткор, муҷоҳидини ин давлат маълумот ба даст меоварданд.

Охири моҳи ноябри соли 1983 ба сарвари гурӯҳи махсуси оперативии кашф Насриддин Низомов аз Ҷумҳурии Покистон маълумоти сирф махфӣ расид, ки корвони азими силоҳ ба шумораи зиёди муҷоҳидини афғон ба сӯи сарҳади Тоҷикистон равона мегардад. Мавзеи корвонгузар дақиқ муайян карда шуда буд. Сари роҳи он камин гирифта шуд ва қариб 1000 нафар муҷоҳидини афғонро бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ асир гирифтанд. Аз натиҷаи амалиёт ба таври фаврӣ ва Бюрои Сиёсии КМ КППС хабар дода шуд. Ба амалиёти муваффақонаи разведкачиёни тоҷик баҳои баланд доданд. Насриддин Низомов бо унвони  Корманди ифтихории Кумитаи давлатии бехатарии СССР сарфароз гардид. Соли 1984 раиси Кумитаи давлатии бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Е.И. Первенсев ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат ба Бадахшон омада, дар ҳузури ҳамкасбон Нишони корманди ифтихориро супориданд.

Соли 1991 Насриддин Низомовро ба вазифаи сардори шӯъбаи контрразветкаи Раёсати Кумитаи давлатии бехатарии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин карданд. Он замон дар ҳудуди давлати Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба амнияти давлат ва рӯзгори осоиштаи мардум хатар эҷод мекарданд, дар баъзе мавзеъҳо фаъолияти сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, мухолифин идораи қисмати ҷанубии мамлакатро ба даст гирифта буданд. Намояндагони онҳо дар мақомоти баланди давлатӣ кор мекарданд, мухолифин ба ҳукумати конститутсионӣ итоат намекарданд, аз сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ғайриқонунӣ пул, силоҳ, китобҳои динӣ мегузарониданд. Он солҳо Насриддин Низомов ҷонишини раиси Раёсати Кумитаи давлатии бехатарӣ дар вилояти Хатлон буда, ҳамзамон вазифаи сардори шӯъбаи контрразветкаро ба ӯҳда дошт. Соли 1992 Насриддин Низомов ва аъзои гурӯҳи контрразветка гурӯҳҳои ҷинояткорро ҳангоми гузаронидани пулу силоҳ дастгир намуданд.

Қиссаи гаравгонгирӣ

Насриддин Низомов гуфт: – Мо ба шаҳри Қӯрғонтеппа барои гуфтушунид бо яке аз лидерони мухолифин Саидашраф омада будем. Онҳо моро гунаҳкор карданд, ки Кумитаи бехатарӣ ба фармони Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон итоат накарда, ба мардум силоҳ тақсим мекунад. Ман беасос ва мутлақо нодуруст будани  даъвои  онҳоро фаҳмондам.  Аммо Саидашраф  бовар накард. Ман ва ҳамроҳонамро дар қароргоҳи мухолифин – совхози Туркманистони ноҳияи Вахш ҳамчун гаравгон нигоҳ доштанд. Пас аз гузаронидани корҳои оперативӣ ба мухолифин хабар дода шуд, ки дар тақсими силоҳ кормандони амният даст надоранд.  Пас   моро аз боздоштгоҳ ҷавоб доданд.

Хайрият, ки  гуфтаи мо тасдиқ шуд, вагарна ягон нафарамон зинда намемонд.

Ҷинояткорон ва мухолифини давлат дар Қӯрғонтеппа тамоми молу ҷиҳози хонаамро ба ғорат бурданд, ман бо дастони холӣ ба Панҷакент баргаштам.

Мо рӯзҳои сахту сангини замони ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар дидем ва чанд мисолашро ман зикр намудам. Ин сабақи талхро набояд фаромӯш кунем. Ба қадри заҳматҳои халқи бузургворамон, талошу фидокориҳои фарзонафарзанди диловар, Қаҳрамони Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, ки сулҳу ваҳдат, озодию миллат ва ободии Ватанро таъмин карданд.

Аз дафтари хотираи Н.Низомов

Соли 1968. Ман он вақт донишҷӯи соли чоруми факултети механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будам. Рӯзе ба Донишгоҳ аз Маскав олими соҳаи кайҳоншиносӣ, профессор Дёмин Владимир Георгиевич омада, ба мо аз фанни математика лексия хонд.

– Мо тамоми кӯшишамонро ба он равона намудаем, ки аз америкоиҳо пештар инсонро дар Моҳ шинонем, – гуфта буд олим.

Профессор бо роҳи гузаронидани санҷиш (тест) дониши мо – донишҷӯёнро аз математика озмоид ва аз байни ҳама маро интихоб карда, гуфт:

– Илми математика асоси кайҳоншиносӣ аст. Ту дониши хуб доштаӣ, оё мехоҳӣ, ки мо туро ба кашфи коинот ҷалб намоем?

Ман розӣ шудам. Дёмин В.Г. ба ман барои навиштани рисолаи дипломӣ мавзӯъ дод. Он чунин буд: “Сильно-ограниченная задача четирёх тель” ва роҳбарии кори илмиро ба ӯҳдаи худ гирифт. Ман ба навиштани рисола оғоз намудам. Дар ин байн Владимир Георгиевич Барандаи мукофоти Ленинӣ шуд.

Соли 1969 кори дипломиро ба Дёмин В.Г. фиристодам ва ӯ баҳои аъло дод. Он вақт ман дар курси панҷум таҳсил мекардам. Профессор тавсия дод, ки баъди хатми Донишгоҳ ба аспирантураи Донишгоҳи Давлатии Маскав (МГУ) ариза нависам.

Аз рӯи мавзӯъи пешниҳодшуда рисолаи дипломиро бо муваффақият ҳимоя ва донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардам. Ба сафари Маскав тайёрӣ медидам. Аммо дар ҳамон рӯзҳо маро ба хизмати сарбозӣ фиристоданд…

Аз Насриддин Низомов пурсидам, ки давраи нафақаро чӣ тавр мегузаронад?

Гуфт: – Бо хондани асарҳои бадеӣ. Аз айёми ҷавонӣ орзу доштам, ки “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхиро хонам. Ба ин орзуям расидам.

Насриддин Низомов имрӯз зиндагии хоксорона дорад.  Дӯстдори хурду бузурги Панҷакент, бародари азиз, Насриддин Низомов 75-сола шуданд. Сидқан муборакбод мегӯем ва барояшон тансиҳативу фараҳмандӣ орзу мекунем.

Луқмон ҚУРБОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here