ё  хидмати ҳарбӣ дарси мардонагист ва пул ҳамеша наметавонад нақши аввал дошта бошад.

Хизмат дар сафи Қувваи мусаллаҳ боиси фахр ва оини ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта ҳамасола ду маротиба, баҳор ва тирамоҳ даъвати ҷавонони синнашон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамасола роҳбари кишвар таъкид мекунанд, ки шароит ва сатҳу сифати хизмати ҳарбӣ ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷавонон содиқонаву софдилона баҳри ватан ҷони худро дареғ надошта, хизмати худро адо намоянд. Ҳарчанд тарғиби Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбӣ дар ВАО аз ҷониби журналистон аз ҷумла барномаҳо дар телевизионҳои Тоҷикистон як-як дида мешавад, ки ин кам буда, наметавонад ҳисси ватандӯстии ҷавононро бедор созад.

Воқеан гуфта метавонем хизмати ҳарбӣ нисбат ба солҳои пештар хело фарқ мекунад. Аммо дар андешаи ҷавонон ҳамоно хизмати пештара боқӣ мондааст. Чӣ хеле дар минтақаҳои кишвар мебинем, дар мавсими даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ маъракаи «облава» доир карда, яъне ҷавононро ба мошин бор карда,  ба аскарӣ бурдан мушоҳида мешавад. Вақте ҷавононро бидуни майлу хоҳиши худ ба хизмат мебаранд, аз ин гуна аскарон нафъе нест, зеро мафкураи онон барои хизмати содиқонаву ошиқона ба Ватан на майлу рағбате ҳаст, на онҳо ба ин омода ҳастанд.

Худкушии сарбоз, тарки ҷойи хизмат аз ҷониби сарбоз тасдиқи гуфтаҳои боло аст. Дар соли 2022 ба ҳамагон маълум аст, ки тарҳи Қонуни нав  «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз нав қабул гардид. Дар ин тарҳи нави қонун, шахс метавонад 25 ҳазору 200 сомонӣ супорида, як моҳ хизматро ба ҷо оварда, соҳиби “Билети ҳарбӣ” шавад ва дар ин миён даъвати магистрантон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ ҷой дошт. Ин тарҳи нави қонун тавонист беш аз 2 ҳазор хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои олиро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб кунад.

Ман низ яке аз хатмкунандаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигори телевизион ва радиошунавонӣ ҳастам. Баъди хатми донишкадаи олӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастам ҳарчанд фикрамро ҳар касе сӯе мекашид. Вале андешаи “хизмат ҷойи мардонагист”-у дар он ҷой “пул ва тағо” нақш бозӣ намекунад, барои ман басанда буд. Ҳоло ки 3-моҳи дигари хизматам мондаасту 9-моҳаш гузашт, фикрҳоям тағйир ёфтанд. Беҳуда нагуфтаанд фикрҳо дар гузашти вақт тағйир меёбад.

Биёед дар бораи чӣ гуна ба Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастан ва шароити хизмати ҳарбӣ сухан кунем. Бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф донишҷӯёни хоҳиш ба хизмати ҳарбӣ дошта, метавонанд имтиҳоноти хатмро пеш аз мӯҳлат супоранду ба хизмати ҳарбӣ раванд. Пеш аз мӯҳлат имтиҳон супорида аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хизмати Модар-Ватан равона гаштам. Вақте аз духтурони комисариати ноҳия гузашта, ба хона баргаштам, касе дар ин бора мепурсид мегуфтам: “чӣ хеле ки муаллими фанни таърих фанни алгебра ё физика дарс медиҳад”.

Ман ки медонистам солим ҳастам, инро нодида гирифтам. Баъдан фаҳмидам, ки ҳама комисариат якгунаанд. Ҳамроҳи ман бемороне буданд, ки набояд ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешуданд, чун наметавонистанд хизмат кунанд. Баъд аз 4 рӯз дар комиссариати вилояти Суғд тариқи қатора ба шаҳри Душанбе равон шудем. Барои ман маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ, қисми ҳарбии 0123 насиб гашт. Ҳол он ки набояд шахсони оиладорро 100 км дур аз маҳалли зист ба хизмат баранд. Дар ин байн як нафар ҳамроҳи ман, ки шинос дар ноҳия дошт, дар худи ноҳия монд. Дар вақте қатора аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузашт, мақомоти тафтишотии Ӯзбекистон сарбозонро бо билети ҳарбиашон мегузаронид. Чанд лаҳзае ки билети ҳарбӣ дар даст доштам, маълумотҳои шахсии худро хондам. Дар ҷое, ки бояд оиладор нависанд, маро “муҷаррад” навиштаанд. Дар ҳоле, ки нусхаи шаҳодатномаи акди никоҳро аз нотариуси давлатӣ гузаронида, барои пурра кардани маълумот супорида будам ва то ҳатто раиси ноҳия, муовини ӯ ва комисари ноҳия мегуфтанд “шахсони оиладор дар наздик ба маҳал ё ноҳия хизмат мекунанд”.

Чор моҳи хизмат дар қисми ҳарбии 0123 гузашт ва баъди такроран нусхаи шаҳодатномаи акди никоҳро аз нотариуси давлатӣ гузаронидану ба қисми ҳарбӣ супоридан, маро ба ноҳияи Масчоҳ, қисми ҳарбии 0201 интиқол доданд, ки ҳоло дар дидбонгоҳи якуми Зарнисори қисми ҳарбии 0201 хизмат мекунам.

Албатта хизмат хонаи падару модари касе нест, ки сарбозро бо нозу нуз ва меҳрубонӣ парварад. Дар ин баробар ҳам сарбозон ва командирон набояд аз қонун ва оинномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармон берун бароянд. Дар қисми ҳарбии 0123 ки ҳар як даъват шояд то дуним ҳазор сарбоз қабул менамояд, сифатҳои ин қисми ҳарбиро нодида намегирем. Ҷиҳати хуби ин қисми ҳарбӣ: ба ҷойи мехостаат интиқол кардан, тез рутба гирифтан, рухсатӣ рафтан, мураххасии ҳар ҳафта ва ҷиҳати бадиаш дар он аст: метавон бо пул интиқол ба ҷойи дилхоҳ равӣ, бо пул рутба харӣ, бо пул рухсатии 10-15 шабонарӯзӣ равӣ ё мураххасии ҳар ҳафта (гӯё маблағ дар бораи рухсатӣ ва мураххасӣ муайян карда шудааст)

Хизмати писарони курсинишинро хизмат намешуморам, ки дар қисмҳои ҳарбӣ монанди афсар мегарданду боре ҳам дар ошхонаи сарбозон хӯрок намехӯранд ва умрашон дар мағоза ва ошхонаҳо мегузарад ва ё рафтан баробар дар ситод хизматашон мегузарад. Шояд фарзандони чунин курсинишинҳо аз ошхонаи сарбозон хӯрок хӯранд, назорат ҷиддитар шавад. Сарбоз нисбат аз сагони хизматӣ бақадр шаванд. На ин ки хӯроки сагро бо гӯшту намак таъмин, балки аз сарбозонро накунанд. Яъне назорати ҷиддӣ баранд ба тариқи махфӣ. Чун хабар меомад, ки барои назорат меоянд, камбудӣ ҳамон рӯз ислоҳ карда мешавад.

Шароит дар дидбонгоҳҳои қисми ҳарбӣ 0201 сол то сол хубтар ба назар мерасад. Танҳо аз сабаби будани чорвои зиёд, танқисӣ аз об ва дигар омилҳо сарбозон мушкилии бештар доранд. Агар ҳар як афсар ба мисли Сардори дидбонгоҳи 1-ум бошад “тағобозӣ”ва “пора” шояд 60-70% кам шавад ва фарқ дар байни сарбозон аз байн равад.

Шояд каме ҳам бошад, диққати шахсони масъулро ҷалб карда, камбудиҳо ба инобат гирифта шаванд. Барои тафтиш рафтан ба қисмҳои ҳарбӣ, бе хабардоркунӣ бояд ҳозир шаванд. Нисбати маблағи рухсатӣ ва мураххасӣ, ки дар амал вуҷуд дорад ё рӯйи қоғаз, тафтишот гузаронанд.

Хусрави Мурод, хабарнигори “Фараж”, сарбози қисми ҳарбии 0201, ноҳияи Мастчоҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь