Бисёре аз хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳо дар бораи ҳатто асари “Одина”и устод Айнӣ ва қаҳрамонони мусбату манфии он чизеро намедонанд. Ҳатто дар синфи 11 вазъ чунин ваҳим аст. Хонандагон дар бораи устодон Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода бисёр кам медонанд ва умуман чизеро намедонанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ низ ҳаст.

Вобаста ба иҷрои  Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 9-уми апрели соли 1997, зери № 691 ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22. 08. 1997 зери № 383  «Дар бораи  баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқии дар ин асос кабулгашта дар шаҳру ноҳияҳои зиёди вилояти Хатлон санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Дар ин асос табиист, ки ба ғайр аз санҷишҳои гузаронидашуда ҳамчунин бо хонандагону омӯзгорон доири мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ низ вохурию суҳбатҳои судманд анҷом дода шуда, барои беҳтар гаштани тарбияи ҳуқуқӣ, ёрии амалӣ ба устодону мудирони шуъбаҳои маориф низ расонида шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои прокурорӣ равон карда мешавад ва ин имконият медиҳад, ки то андозае қонуншиканиҳои ҷойдошта бартараф карда шуда, дар роҳи тарбияи ҳукукии насли наврас гомҳои зарурӣ бардошта  шаванд.

Солҳои охир  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  сохтмону ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо таъминоти пурраи нанотехнологӣ бо суръати баланд давом дорад, ки ин боиси хушнудии зиёд низ ҳаст. Ин имконият медиҳад, ки насли наврас бо рағбат дарсҳоро аз худ намуда, чун насли донишманд ва сазовори кишвари соҳибихтиёрамон оянда кору фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Мутаассифона мушоҳидаҳои банда нишон медиҳанд, ки суръати босаводшавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз суръати сохтмони биноҳою муассисаҳои таълимию шароитмуҳаёкунии хонандагон хело қафо мемонад ва ин барои ман як муаммои аҷибе низ ҳаст. Дар ин асос ҳангоми суҳбатҳо бо толибилмони бахусус синфҳои болои вобаста ба предметҳои дарсии “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ, “Ҳуқуқи инсон” ҳис мешавад, ки дараҷаи дониши хонандагону азҳудкунии барномаи дарсӣ дар бисёр ҳолатҳо дар сатҳи пасте қарор дорад, ки ин амал бисёр ташвишовар аст. Албатта ҳастанд, хонандагоне, ки бо донишу малакаашон ва ҷавоби додаашон касро бисёр шод менамоянд, вале муттаассифона чунин шогирдон ангуштшуморанд. Ҳатто дар суҳбатҳои озоде вобаста ба дарсҳои ҳуқуқӣ андешае ба сарам омад, ки замони мактабхонии мо, замони шӯравӣ низ як фанне, ки дар муқобили ҷуғрофия, таърих, адабиёт, астрономия, физика, биология ва ғайраҳо, ки фанҳои дустдоштатарини  банда буданд, маҳз ҳамин фанни “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” барои синфҳои 8-и онвақта, барои ман бисёр дилгиркунанда буд ва онро ҳеҷ гоҳ мисли таърих, адабиёт,  физика ва ё ҷуғрофия дӯст намедоштам ва бо ин умед аз хонандагон аз дарсҳои таърих, адабиёти тоҷик, забону адабиёти рус, ҷуғрофия, математика суол додам мутаасифона маълумам гашт, ки хонандагони азизи имрӯзаи мо, дар ин самтҳо низ дониши бисёр суст доранд ва бояд гуфт, ки дар бисёр ҳолатҳо баҳои “4” ва “5” низ гирифтаанд.

Насиҳати ман ба ин шогирдон зимни сӯҳбатҳо чунин буд: “Шогирдони азиз шумо ҳеч гоҳ барои имрӯз барои танҳо баҳо  гирифтану баъди ду рӯз  фаромӯш кардани мавзуъи дарсӣ кӯшиш накунед. Шумо ҷавонед, кӯшиш кунед ба дарки мавзуъ расида бошед ва он гоҳ ин ё он мавзуъ як умр дар ёди шумо нақш ҳоҳад баст, зеро дар наврасӣ аз худ кардани барномаи таълимӣ ба таври ҳақиқӣ,  мисли   нақши гул дар санг хоҳад буд. Чизи  дигаре маро ба ташвиш овард, ки  хонандагон камтар китоби бадеӣ мехонанд (дар хусуси хондани китобҳои илмӣ-оммавӣ бошад ба фикри ман ҳоҷати гуфтор низ нест). Бисёре аз хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳо дар бораи ҳатто асари “Одина”-и устод Айнӣ ва каҳрамонони мусбату манфии он чизеро намедонанд. Ҳатто дар синфи 11 вазъ чунин ваҳим аст. Хонандагон дар бораи устодон Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода бисёр кам медонанд ва умуман чизеро намедонанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ низ ҳаст. Ман инҷо дар хусуси оне, ки хонандагони синфҳои болоӣ ба фарқи роман аз достон намераванд ва ё хонанда  каҳрамони повести “Одина” гуфта,  номи яке аз шоирони русро номбар кард, чизе намегуям. Фикр мекунам, ки бояд ҳамагон кӯшиш намоем, ки роҳи мактаббачаро ба сӯйи китобхонаи ҳам мактабӣ ва ҳам китобхонаҳои оммавӣ ҳамвор  созем,  то онҳо тавонанд аз ин боргоҳи маърифативу маънавӣ дурри мақсуд ба даст биёранду дар ин асос ҷаҳонбинии хешро васеъ намоянд. Ба ин шогирдони азиз ҳама вақт тавсия додаам, ки чи қадаре метавонанд асарҳои бадеӣ хонанд ва барои баланд намудани чаҳонбинии хеш ҳамчунин ҳатман асарҳои илмӣ-оммавӣ (оиди ҷуғрофия, биология, дар бораи таърих, варзиш, ашхоси бузурги олам, оиди кашфиётҳои бузурги олам ва ғайраҳо)-ро хонанд. Иброз медорам, ки интернет бузургтарин кашфиёти ақлии инсонист, вале он ҷои китобро гирифта наметавонад. Интернет сарчашмаи фаврии ёфтани дилҳоҳ асар аст, лекин китобро  баҳузур дар хона ва ё китобхона истода хондан мумкин аст. Зеро хондани асаре ба андозаи 400-500 саҳифа тариқи саҳифаҳои интернетӣ ба ғайр аз зарар ба чашму хотира чизеро ба бор нахоҳад овард. Китоб бошад аз осмон омадааст ва он безарар ҳасту нурҳои лазерии барои зарар расонидан ба саломатӣ низ  надорад. Китобхонӣ бошад лаззати махсус дорад ва ин лаззатро бар асари нурҳои лазерию дигар омилҳои ноқулайи  интернет наметавон эҳсос кард!

Омӯзгорони собиқадор ҳамчунин аз то андозае  саводнокии суст доштани омӯзгорони ҷавони донишгоҳҳоро хатм намуда ва ба кор омада, ташвиши худро изҳор медоранд ва мегӯянд, ки ба роҳбарони муассисаҳои олии таълимии педагогӣ ва миёнаи махсус  расонида шавад, ки дараҷаи саводнокии омӯзгорони ояндаро боло бардоранд бо чунин тарзи кадртайёркунӣ системаи маориф  зуд рушд карда наметавонад.

Ба андешаи банда ин фикру таклифҳои меҳтарони меҳнат, ки бархеашон доманаи 40-45 соли  собиқаи корӣ доранд, пурра дуруст аст. Дар ин асос фикр мекунам, ки бояд нақши падару модар  дар тарбияи фарзанд ва ҷой намудани меҳру муҳаббат ба “мактаб, китоб, омӯзгор” то андозае боло бурда шавад. Аз Сухомлинскийи бузург то директори муваффақи мактаби миёнаи №1 ба номи Акашариф Ҷӯраеви ноҳияи Дарвоз, Давлатҷон Зайниддинов  сирри муаваффақиятҳоро дар тарбияи шогирдон пеш аз ҳама дар ҳамкории муваффақонаи мактабу волидайн медиданд ва ин ҳамкорӣ мисли замони шӯравӣ ва ҳатто аз он давра низ болотар дар ин замони пуртазоди чаҳонишавӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Аз ин рӯ зарур аст, ки барои пешравии соҳаи маориф  ва таълиму тарбияи насли наврас, тамоми аҳли ҷомеа  зиёдтар ҷидду ҷаҳд намоем. Зеро Фирдавсии бузург чи хуш гуфтааст:

Тавоно бувад, ҳарки доно  бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад!

Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

Узви ИЖТ, шаҳри Бохтар.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь