“Соҳаи маориф на танҳо қувваи харакатдиҳандаи ҷомеа, балки нишондиҳандаи калидии рушди нерӯи инсонӣ ҳисоб меёбад. Таҳсилоти баландсифат яке аз омилҳои асосиест, ки барои пешрафти устувори иҷтисодиёт мавқеи ҳалкунанда дорад”.

(Эмомалӣ Раҳмон)

 Ҳеҷ дине мисоли дини Ислом талаби илмро ба пайравони худ воҷиб нагардонида, аз донишмандонаш истиқбол накарда ва мақоми илмро боло набардоштааст. Паёмбари ислом Муҳаммад (С) мефармояд, ки “фариштагон барои меҳнате, ки аҳли илм мекунанд болҳои худро меандозанд”. (Мунзирӣ, Тарғибу тарҳиб)

Тибқи шариати исломӣ, олимон дар ҷомеа қадри зиёд доранд ва онҳо аз ҳама зиёдтар аз Худованд метарсанд. Ин гуфтаҳои Худованд дар сураи “Фотир” (ояти 28) зикр гардидааст: “Албатта аз миёни бандагони Худо зиёдтар донишмандон аз Ӯ метарсанд.” Ҳамчунин Ислом ҷаҳлу ҷоҳилиро ҳаром ва ҳақир мешуморад. Дар сураи “Анъом” (ояти 35) омадааст, ки  “Пас аз нодонон мабош”. Шояд аввалин ояте, ки ба Паёмбари ислом (с) нозил шуд, ҳамин амрро дар бар мегирифт ва ба ин минвол мусулмононро ба пойбанд будан ба ин мафҳум амр мекунад.

Худованд дар сураи “АЛАҚ” (ояти 1-5) мефармояд: “Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид, одамиро аз лахтаи хуне. Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст. Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод, ба одами он чиро, ки намедонист, биомӯхт”.

Дар аввалин ояти нозилшуда ба Паёмбар, Худованд амр мекунад, ки бихон ба номи Парвардигоре, ки инсонро офарид ва ба воситаи қалам ӯро таълим дод. Тавре мебинем, паёми Худо се калимаро дар бар мегирифт: бихон, илм ва қалам. Ин вожаҳо ба аҳамияти баланди илм, роҳи таҳсил ва кӯмаки омӯзиш ишора мекунанд. Ин далели он аст, ки Ислом аз рӯзи аввал ҷонибдори илму маърифат буда, куллан зидди ҷаҳолат миёни умматон мебошад.

Илм ду гуна аст: илме, ки ба хотири Худо касб мешавад ва иборат аст аз ҳар намуд илме, ки ба манфаати мардум аст. Дуввум, илми сеҳр, ки ба фоидаи мардум нест. Ислом инсонро ба талаби илм ташвиқ ва фазли онро баён намуда, аз донишмандон истиқбол гирифта, фармуд, ки аз ҷаҳолату моли дунё дурӣ ҷӯянд. Аҳли илмро аз ин бадбахтиҳо барҳазар дошт.  

Мардумро дар ибтидо ба хотири Худо ва баъд ба хотири манфиати мардум ба талаби илм роҳнамоӣ бояд кард. Агар талаби илм ба ин мақсад оғоз гардад, пас олим дар роҳи интишори он фоидаҳои зиёд дида, аз ҳар мушкилӣ дур хоҳад шуд. Ҳар илме, ки ба хотири ба даст овардани моли дунё бошад, илм нест. Ислом аз ин гуна илм ва олим безор аст. Парешониҳо дар ҷомеаи аз ин гуна илму олим сар мезанад. Илм шариф аст ва набояд, ки барои ҳадафҳои паст ва беарзиш истифода шавад. Ислом ҳам пайравони худро ҳушдор медиҳад, ки илмро ғайр аз ҳадафҳои муфид, дигар ба ягон заррае истифода накунанд. Ислом ақлҳоро аз ҳама гуна ғубору хурофот ва ширк озод сохта, инсонро аз доми хаёлоти пучи хаёлпарастӣ дур мекунад. 

Худованд дар сураи “Юнус” (ояти 101) мефармояд, ки “Бигӯ: «Бингаред, ки чӣ чизҳое дар осмонҳову замин аст!».  Ин маънои онро дорад, ки шахсиятҳое ҳастанд, ки аз илм бохабаранд, дорои илму дониш ҳастанд, вале илми худро дар роҳи ғайр ва бар зидди давлат ва ҷомеа истифода мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 1 сентябр ҳамчун рӯзи дониш таҷлил мегардад. Умедворам, ки соли дар пеш буда пурмаҳсултарин сол барои донишҷӯёну мактаббачагон хоҳад буд. Мисоли солҳои қаблӣ имсол дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дарси аввал бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаи телевизионӣ оғоз гардид, ки гумон мекунам фоли нек барои толибилмон буд. 

Каримов Раҳим, декани факултети   

филологияи Шарқ  ДИТ ба номи Имоми 

Аъзам – Абӯҳанифа (р)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь