Хирадманде гуфтааст: «Тасодуф имзои мустаори Худост».

Басо ҳодисаҳо дар зиндагӣ ба нохост, ногаҳонӣ рух медиҳанд: ба тайёра дер мемонӣ, ба поезд билет мегирӣ ва дар вагон бо одаме шинос мешавӣ, ки баъди ин вохӯрӣ сарнавиштат дигар мешавад.

Дар ҳаёти ҳар кас садҳо чунин иттифоқҳо афтодаанд, гоҳе хубу гоҳе бад». Вале хабари тасодуф оид ба марги лейтенанти калони милитсия Меҳроншоҳ Ҷумъаев дар ШВКД ноҳияи Панҷ даҳшати бештаре дошт. Тасодуфе, ки ҳеҷ шоҳиде тасодуф будани онро тасдиқ накард ва баръакс, ҳама далелҳо ишора ба он мекунанд, ки куштор барқасдона буд.

Рӯзе, ки мо ҷашн гирифта наметавонем

10 ноябр ҳар сол чун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Солҳои қаблӣ мо дар ин рӯз ба ҷияни азизамон – лейтенанти калони милиса Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ занг зада, ӯро табрик мекардем ва ба ҳамкоронаш муборакбод мегуфтем. Вале  бадбахтона, соли равон мо ин санаро ҷашн гирифта наметавонем, зеро Меҳроншоҳи мо дигар дар байнамон нест. Ягона коре, ки дар ин рӯз карда метавонем, дуое хондану бахшидан ба арвоҳи Меҳроншоҳ аст. Ӯ 7 – уми феврал аз тири ҳамкораш қотил Амирзода Насим (худованд ҳафт пушташро лаънат кунад) кушта шуд. Амирзода Насим, на дар ҷанги рӯ ба рӯ, балки, соати 4-и субҳ ба ӯ аз пушт тир зад. Бале, номардона аз пушт тир зада, ӯро кушт. Тибқи тахмини тафтишот тирро замоне Амирзода Насим зад, ки Меҳроншоҳ хам шуда, ба варақаи қабули яроқ имзо мегузошт.

Парвандаи таърихӣ

Шояд дар тӯли таърихи 30 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ ҳуқуқшиносе бо чунин парванда дучор нашуда бошад. Парвандае, ки дар он қотилро барои куштори як нафар бо се ному насаб суд карда бошанд. Тибқи фикри айбдоркунандаи давлатӣ, яъне прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А.Ғ. аз тарафи Амирзода Насим дар бинои ШВКД Панҷ ҶУМЪАЕВ МЕҲРОБШОҲ АҲЛИДДИНОВИЧ кушта шуд. Тиқи ҳукми Суди ноҳияи Панҷ Амирзода Насим дар марги ҶУМЪАЕВ МЕҲРОНШОҲ АҲЛИДДИНОВИЧ гунаҳкор дониста шуд. Аммо тибқи қарори Суди кассатсионӣ Амирзода Насим дар марги АҲЛИДДИНЗОДА МЕҲРОНШОҲ АҲЛИДДИН гунаҳкор дониста шуд. Як шахсу се ному насаб.

Яъне тафтишот ончунон саросема ва бе ягон омӯзиши дақиқ ҷамъбаст шуд, ки ҳатто шахсияти марҳумро муайян карда натавонист. Суди зинаи аввал низ бе муайян кардани шахсияти марҳум ҳукмашро баровард ва ба қотил 3 сол ҳукми сукунатӣ эълон кард.

Вақте мо бо далелҳо қотеъона ва ҳуҷҷатҳои собиткунандаи шахсияти марҳум ба суди зинаи кассатсионӣ ба воситаи суди зинаи аввал шикоят кардем, суди ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо прокурори ноҳияи Панҷ шикояти моро омӯхта, пеш аз супоридан ба зинаи кассатсионӣ таъиноти ғайриқонунӣ бароварда, шахсияти марҳумро «ислоҳ» карданд.

Бояд гуфт, ки мо ҳанӯз ба тасодуф будани куштор бовар надорем, зеро агарчӣ қотилро ба куштор аз беэҳтиётӣ маҳкум карданд, вале ҳеҷ далеле ва ҳеҷ шоҳиде пешниҳод карда натавонистанд, ки тасодуфро тасдиқ кунад. Албатта, мо аз суди ноҳияи Панҷ интизории зиёд надоштем. Зеро ҷиноят дар бинои ШВКД Панҷ содир шуд. Онро корманди милитсияи ШВКД Панҷ ва сокини ноҳияи Панҷ содир кард. Тафтишро прокурори ноҳияи Панҷ пеш бурд ва ҳукмро раиси Суди ноҳияи Панҷ худаш бевосита баровард. Ин аст, ки ба назари ман, дар ин чанд ҳалқаи як занҷир баровардани ҳукми холисонаву бетарафона ғайриимкон буд. Маҳз барои ҳамин, мо новобаста ба хароҷоти зиёд, даъворо то Суди олӣ овардем, вале бадбахтона, Суди Олӣ даъвои моро ҳатто ба баррасӣ нагирифт. Ҳамин тавр, даъвои мо ҳама зинаҳои судиро нагузашт ва парванда ҳаматарафа баррасӣ нашуд.

Ташхиси криминалӣ

Нахустин чизе, ки шубҳаи моро дар бораи фарзияи тасодуф зери суол бурд, он аст, ки новобаста ба он, ки ёрии таъҷилӣ омада, ҳолати маргро дар бинои ШВКД ба қайд гирифт, бе гузаронидани ташхиси криминалистии ҷойи ҳодиса, ҷасадро бурданд, ҳама ҷоро шуста, тоза карданд, тирро пинҳон карданд ва танҳо баъди чанд соат криминалистҳоро даъват карданд. Яъне криминилистҳо фақат тибқи нишондоди шоҳидони аллакай омодашуда ва эътирофи худи қотил ҳолатро сохтанд.

Ҳарчанд ду тир парронида шуд, криминалистҳо дар ҷойи ҳодиса ягон тир пайдо накарданд. Танҳо баъди ташхиси ҷасад, ки нишон дод, тири ба бадани Меҳроншоҳ задашуда бе бархӯрдан ба ҷойи дигар ба бадан даромадааст ва инчунин, баъди овоза шудани садои ду тир, ки дар кӯча ҳама онро фаҳмида буданд ва дигар имкони пинҳон карданаш вуҷуд надошт, рӯзи дуюм тири дуюмро бароварданд. Қазияи пайдо намудани тири дуюм ҳам муаммо аст. Зеро агарчи ҳама ҷойро кофтанд, рӯзи якум тирро пайдо накарданд, вале рӯзи дуюм ҳангоми ҷустуҷӯи такрорӣ онро дар берун дар дохили партовгоҳ (урна) пайдо карданд. Вале на дар рафти тафтишот ва на дар рафти суд натиҷаи ягон ташхисе нишон дода нушуд, ки оё тири дар берун пайдошуда, ба ҳамин автомат тааллуқ дорад, ё хайр.

Фарзияҳое, ки то ҳанӯз мавриди шубҳа қарор доранд:

Тири якум ба Меҳроншоҳ зад ё дуюм?

На дар рафти тафтишот ва на дар суд аз кадом тир кушта шудани Меҳроншоҳ маълум нашуд.

Аз нақли қотил:

-Ман автоматро қабул кардам, ба самти рост гузаштам. Магазинро ба автомат задам, передохранителро ба автомат ба ҳолати “яккатирӣ” (одиночка) мондам, затворро кашидам ва мили автоматро ба боло карда санҷидам., ки садои тир баромад. Вақте тири якум баромад, автомат маро ба пушт тела дод. Ман саросема шуда, тирдонро гирифтанишудам. Ин вақт тасодуфан тири дуюмро задам ва маҳз ҳамин тири дуюм ба Меҳроншоҳ бархӯрду ӯ афтид”.

Мо оид ба ин масъала бо якчанд коршиносони соҳаи ҳарбӣ сӯҳбат кардем. Коршиносон ҳама гуна бархӯрди тири дуюмро ба Меҳроншоҳ инкор кардандд ва гуфтанд:

-Агар тири дуюм ба Меҳроншоҳ бармехурд, тир ба шикам мезад.

-Ба саволи “Чаро бояд ба шикам мезад?” чунин посух доданд:

–Дар инсон ҳолате бо номи инстинкт вуҷуд дорад. Агар тири якум ба шифт бармехӯрд, ҳатман аз садои он инстинкти худмуҳофизатии табиӣ ба амал меомад ва Меҳроншоҳ саросема шуда, ё  худро ба ақиб мегирифт ва ё дар рӯ ба рӯи қотил қарор мегирифт. Дар чунин ҳолат тир ҳатман ба шикам бармехӯрд ва ин метавонист тасодуф бошад.

Тибқи нақли шоҳидон ва шарҳи коршиносон, фосилаи байни тири якум ва дуюм тақрибан аз 5- то 7 сонияро ташкил додааст, ки ин муҳлат ҳатто барои гурехтан басанда буд.

Аз гуфтаи худи қотил низ бармеояд, ки аз баромадани тири якум, то ба пушт тела додани ӯ, гирифтани тирдон тақрибан бештар аз 5 сония вақт гузаштааст. Агар тири якум ба шифт бармехӯрд, магар марҳум дар ҷояш интизори бархӯрди тири дуюм ба худаш мешуд. Дар ин ҳолат воқеан ё бархӯрда муште ба сари қотил мезад, ё аққалан гурехтанӣ мешуд.

Коршиносон ба тахтапушт задани тирро дар ду ҳолат имконпазир медонанд:

1) Баробари гирифтани автомат, қотил дар рӯ ба рӯ қарор гирифта, тири якумро аз пушт зад (инро экспертизаҳои балластикӣ ва физикӣ низ тасдиқ карданд ва нишон доданд, ки тир аз масофаи 50-60 сантиметр дар рӯ ба рӯ (на упор) зада шуд) ва тири дуюмро ба шифт зад, то ин ки ҳолатро тасодуф нишон диҳад.

2) Эҳтимол дорад тири дуюм, замоне зада шуда бошад, ки Меҳроншоҳ рӯ ба фирор оварда бошад. Чун тири якуми қотил хато рафт, ӯ ҳангоми гурехтан тири дуюмро ба ҳадаф расонид.

Дар чунин маврид ҳеҷ яке аз ҳолатҳои номбурда тасодуф буда наметавонанд. Чунин ҳолатро прокурори ноҳияи Панҷ ҳатто мавриди омӯзиш қарор надод, ва парвандаро дар асоси нишондоди худи қотил чамъбаст кард. Экспертизаҳо низ нишон доданд, ки тиру мустақиман аз масофаи 60 сантиметр зада шуд ва ин худ гувоҳи куштори барқасдонаро дорад.

Ҳолатҳое, ки дар дохили бино кушта шудани Меҳроншоҳро зери суол мебаранд

Тибқи тахмини тафтишот Меҳроншоҳ дар доҳили бино, ҳангоми қабули яроқ паронида шуд (тахмин барои он мегӯем, ки тафтишот нишондоди худро бо ягон шоҳид ва камераҳои назоратӣ тасдиқ карда натавонист. Шоҳидҳо ҳама садои тирро шунидаанд. Ҳолати парронидан ва аз тарафи кӣ паронида шудани марҳумро касе надидааст). Вале якчанд далелҳое мавҷуданд, ки дар дохил кушта шудани Меҳроншоҳро зери суол мебаранд:

1) Тафтишот тири дуюмро дар берун аз бинои ШВКД, на дар ҷое, ки Меҳроншоҳ кушта шуд, аз дохили партовгоҳ (урна) пайдо карданд ва он ҳам рӯзи дуюми баъд аз қатл. То ин дам танҳо як тирро аз бадани марҳум пайдо карда буданд. Пайдо шудани тири дуюм дар берун шубҳаеро ба вуҷуд меорад, ки шояд марҳум дар берун паронида шуда бошад.

2) Вақте ки қотил яроқро қабул кард, он вақт Меҳроншоҳ наметавонист дар дохил бошад ва яроқро қабул кунад. Зеро яроқи ӯ дар дасти навбатдори дуюм дар берун буд. Тибқи қоида бояд навбатори якум яроқро месупорид. Онро қотил қабул карда, рафта ба ҷояш меистод. Навбатдори дуюм омада, яроқашро месупорид ва танҳо ҳамон вақт Меҳроншоҳ дарун даромада, яроқро қабул мекард. Ин ҳолатро тафтишот ҳатто ба назар нагирифт ва мавриди омӯзиш қарор надод.

3) Дар варақаи қабули яроқ имзои Ҷумъаев Меҳроншоҳ вуҷуд дорад, ки нахуст ба имзои дар шиносномаи ӯ буда, монанд нест, дуввум он ки Меҳроншоҳ наметавонист дар варақа бо ному насаби Ҷумъаев Меҳроншоҳ имзо гузорад. Зеро ӯ 3 моҳ пеш аз марг ному насабашро ба Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ иваз карда буд ва бо ҳамин ному нааб хизмат мекард. Ба назари мо ҳам ҳолати қабули яроқ ва ҳам имзои ӯ сохтакорӣ аст. Мо ҳам аз тафтишот ва ҳам аз суд талаб кардем, ки ташхиси хатшиносӣ таъйин кунанд, вале на дар рафти тафтишот ва на дар зинаҳои дигар ин даъвои мо ба инобат гирифта нашуд.

Фарқияти нишондодҳо:

Қотил:- Меҳроншоҳ ба хонаи мо нарафтааст!

Прокурори ноҳияи Панҷ иҷозат дод, ки баъд аз куштор ман бо гумонбар дар куштор сӯҳбати рӯ ба рӯ анҷом диҳам. Дар сӯҳбати рӯ ба рӯ аз қотил пурсидам:

-Роҷеъ ба қатли Меҳроншоҳ гапҳо зиёданд, вале ман мехоҳам, худат бо забони худат ҳодисаро нақл кунӣ.

Гуфт:

-Дар ШВКД ҳолати казармавии 100 фоиза амал мекард. Ман дар ошёнаи дуюм хоб мекардаму Меҳроншоҳ дар хонаи иҷоравӣ, ки дар наздикиҳои ШВКД қарор дошт. Соатҳои тақрибан чор маро аз хоб хезонида, барои қабули навбатдорӣ даъват карданд. Ман ҳанӯз он қадар хуб бедор нашуда будам. Ман аз ошёнаи дуюм фаромадаму Меҳроншоҳ аз берун омад. Якум ман яроқро гирифта, ба тарафи рост гузаштам. Ин вақт Меҳроншоҳ нав имзо монда, яроқ гирифтанӣ буд. Ман передохранители автоматро ба ҳолати яккатирӣ (одиночка) монда, затворро кашида, курокро пахш кардам, ки аз автомат тир баромад. Танҳо ҳамон вақт ба худ омада фаҳмидам, ки автомат магазин доштааст. Дар вақти гирифтани магазин ишгтибоҳан боз як бор курокро пахш кардаам, ки инро худам ҳам чи хел содир шуданашро намедонам.

-Магар автоматро бо магазинаш дода буданд?

-Бале, танҳо баъди парронидани тир ман фаҳмидам, ки автомат магазин доштааст.

-Шояд байнатон ягон ҷанҷоле буд?

-Не муноқиша набуд.

-Меҳроншоҳ ягон маротиба хонаатон рафта буд?

-Не.

–Хешовандонат гуфтанд, ки ӯ ба хонаатон рафт, пас онҳо дурӯг гуфтанд?

–Шояд ҳамроҳи ҳамкоронам тӯй рафта бошад, вале ман намедонам.

Қотил: Меҳроншоҳ ба хонаи мо равуо дошт!

Қотил дар рафти суд ин гуфтаҳояшро тағйир дод ва гуфт, ки Меҳроншоҳ бо ӯ дӯстии наздик дошт ва чанд маротиба ба хонаашон рафта буд. Инро ба фикрам, баъдтар адвокат ба ӯ ёд дод. Ин аст, ки ман фикр мекунам, ба хонаи онҳо рафтани Меҳроншоҳ комилан дурӯг аст. Инро милисаи дигар, ки аз Хучанд буду бо ӯ якҷоя дар чердаки дорухона зиндагӣ мекард, низ тасдиқ кард ва ба хонаи қотил рафтани Меҳроншоҳро рад кард. Инро худи қотил низ дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо ман рад карда буд.

Холати рӯҳии Меҳроншоҳ хуб набуд

Дар дохили бозори шаҳраки Панҷ мо бо соҳиби ошхонае вохӯрдем, ки Меҳроншоҳ хамеша дар онҷо хӯрок мехӯрдааст ва ҳатто, корҳои барқии ин ошхонаро маҳз ӯ иҷро мекардааст. Соҳиби ошхона дар сӯҳбат бо мо гуфт:

-Як рӯз пеш аз марг ҳолати рӯҳии Меҳроншоҳ хуб набуд. Ӯ аз касе хафа буд. Баъди гузаронидани шанбегӣ ба назди мо омад ва хоҳиш кард, ки барояш чор дона тухм пазам. Ман тухмро омода кардам. Ин вақт аз ШВКД нафаре занг заду гуфт, ки Сардор ош фармуданд ва ҳамаро даъват доранд. Меҳроншоҳ гуфт, ки худатон оши сардорро хӯред, ман намеравам. Ҳамин тавр, ӯ ба зиёфати сардор нарафт.

Аммо чаро ӯ ба зиёфати сардор нарафт, чаро як рӯз пеш аз марг ҳолати равониаш хуб набуд, саволест, ки то ҳанӯз ба он посухе нест. Зеро новобаста ба кӯшишҳои зиёд Сардори ШВКД Панҷ Шамсулло Маҳмудзода дигар моро қабул накард, бо мо сӯҳбат накард ва ба зангҳои мо посух нугуфт. Ҳатто ба истироҳатгоҳи Артуч, ки дар наздикии деҳаи мо қарор дорад, ӯ рафта чанд рӯз истироҳат кард, вале ба хонаи марҳум омада, ҳатто фотеҳае нахонд.

 Оё Меҳроншоҳро воқеан Амирзода кушт?

Баъзе ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки маро ба шубҳаи дигар водор намуд. Ба назари ман, Амирзода Насим низ дар ин қазия ҷабрдида аст ва ӯ Меҳроншоҳро накуштааст. Шояд ҷиноятро каси дигар содир карду Амирзода Насимро маҷбур карданд, ки гуноҳро ба гардан гирад, Шояд ба ӯ кафолат доданд, ки дар суд озодаш мекунанд ва ҳар ки ин кафолатро дода бошад, ба ваъдааш вафо кард. Қотил ба маҳбас нарафт ва бе ягон авф аз ҷавобгарӣ озод шуд. Чаро мо чунин шубҳа кардем?

1) Ҳанӯз дар рӯзи якуме, ки ҷасадро меовардем, сардори ШВКД ба мо ҳамдардӣ карда, бо як дилсӯзии хосе нисбати Амирзода Насим гуфт: “Амирзода ҳайф шуд. Нав карерааш сар шуда буд”.

2) Прокурор парвандаро ончунон пеш бурд, ки онро судшаванда ва сардори ШВКД мехостанд.

3) Суд ҳукме баровард, ки барои қатли инсон чунин ҳукм ба назари мо на ҷазо, балки мукофот аст.

4) Дар парванда роҷеъ ба изи дасти гумонбар дар куштор чизе гуфта намешавад. Шояд дар он изи дасти судшаванда набошад.

5) Дар рафти баромад, судшаванда ягон маротиба аз мо бахшиш напурсид. Ҳамеша хандида меистод. Гӯё на ба суд, балки ба тӯй омада бошад. Изҳори пушаймонӣ ҳам накард.

6) Хешовандони судшаванда агарчи рӯзи ҷаноза омаданд ва рӯзи 40 ҳам барои фотиҳа омаданд, ягон маротиба аз мо дархости узри гуноҳ накарданд ва аз даъво гузаред, нагуфтанд.

7) Дар ШВКД ҳолати казармавии садфоиза амал мекард. Бояд як посбон яроқро супорад, як нафар қабул кардаву ба ҷои ӯ равад ва танҳо баъд посбони дуюм яроқро супораду навбатдори дуюм онро қабул карда, ба ҷои ӯ равад. Яъне автомате, ки Меҳроншоҳ бояд қабул мекард, ҳанӯз дар берун буд. Чаро ӯ омада, автоматро ногирифта, имзо монд, ба ин савол на дар рафти тафтишот ва на дар рафти суд посух гуфта нашуд.

Ҳамаи ин касро ба хулоса меорад, ки ҷинояти мазкурро каси дигар  кардаву Амирзода ба дӯш гирифт ва инак бо эълони низоми сукунатӣ ба озодӣ баромад. Яъне, ҳар кӣ ин кафолатро дода бошад, ваъдаашро иҷро кард

 Муҷозоти прокурор

Дар ин қазия ягона муваффақияте, ки мо ба даст овардем, ин муҷозоти прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А. Ғ. аст. Мо дар шикоятҳои худ ба Президенти кишвар ва Прокуратураи генералӣ собит кардем, ки Прокурори ноҳияи Панҷ ба иштибоҳҳои зиёд роҳ дода, ҳам дар рафти тафтишот ва ҳам навиштани фикри айбдоркунӣ Қонун дар бораи забони давлатӣ ва Дастурамал оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар мақомоти прокурарутаро дағалона вайрон кард. Дар фикри айбдлоркунӣ ягон ҷумлаи дурусте ба забони тоҷикӣ дида намешуд ва маълум буд, ки прокурор бо забони давлатӣ ҳатто як ҷумлаи бехато навишта наметавонад. Дар рафти санҷиш ваҷҳҳои овардаи мо тасдиқи худро ёфтанд. Прокурори вилояти Хатлон ба таври хаттӣ ба мо хабар дод, ки “Бо натиҷаи санҷиш, барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастурамал «Дар бораи коргузорӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармони прокурори вилояти Хатлон аз 20.05 соли 2021 нисбати Холиқзода А.Ғ. муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд”. Ин моро умедвор кард, ки акнун имконияти баргардонидани парванда ба тафтишоти иловагӣ пайдо шуд, вале мутаассифона, парванда ба тафтишоти иловагӣ баргардонида нашуд.

Қотил ҳукми судро иҷро накард

Бо ҳукми суди ноҳияи Панҷ қотили Меҳроншоҳ муваззаф шуд, ки ба ҷабрдида 100 000 сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт намояд. Вале қотил то имрӯз ҳукмро иҷро накардааст. Ин худ бояд сабаб шавад, ки афв нисбати ӯ татбиқ нагардад ва аз нав аз болои ӯ барои иҷро накардани ҳукми суд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардад.

 Ба ҷойи хулоса

Меҳроншоҳи мо рафт. Дигар чӣ коре накунем, ӯро баргардонида наметавонем. Бинобар ин тасмим гирифтем, то ҳама гунаҳкоронро ба суди одилонаи худовандӣ супорем. Танҳо ҳамин суд аст, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад. Мо бовар дорем, хуни Меҳроншоҳ ҳама гунаҳкоронро мегирад ва онҳо дар ниҳоят ба сазои аъмолашон мерасанд.

Холиқназар Ҷумъазода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь