Мафҳуми ахлоқ дар адабиёти фалсафии аврупоӣ бо истилоҳи “этика” ифода меёбад. Аксари муҳаққиқон, ба мисли О. Дробнитский, А. Гусейнов ва дигарон Арастуро асосгузори ин илм мепиндоранд ва ҳатто таъкид мекунанд, ки маҳз Арасту ба ин илм номи “этика”-ро гузоштааст.

Боиси зикр аст, ки асри XXI ҳамчун асри инноватсионӣ ва техникаву технология дар таърихи ҷаҳон дарҷ хоҳад шуд. Мо насли ҷавон аз он меболем, ки дар ин аср ба дунё омада, аз воситаҳои техникии муосир истифода мебарем.

Тарзи муносибат ва гуфтугӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ яке аз санъатҳои муоширати этикӣ ба ҳисоб меравад. Муколама ва музокирот дар шаклҳои гуногун ва дар доираи фарогирии худ навъҳои хоси мулоқоти сиёсӣ ва тарзҳои маъруфтарини пешбурди фаъолияти дипломатӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Дар онҳо талаботи умумӣ ва кулли одоби муошират ва одоби суҳбат хусусияти ҳатмӣ доранд ва ҳамзамон шароит ва хусусиятҳои хос бояд мадди назар бошанд.

Мутаассифона, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби истифодабарандагон этика ва одоби муошират риоя намешавад. Борҳо шоҳид шудаем, ки бархе аз истифодабарандагон дилхоҳ акс, хабар ё матнеро мегузоранд, ки ҳатто барои ба забон овардан шармам меояд.

Ҳоло шабакаи иҷтимоии Facеbook-ро зери таҳлил қарор медиҳем. Шабакаи мазкур аз дигар сомонаҳо, амсоли Одноклассники, Инстаграм ва дигарон фарқу аҳамияти алоҳидаро дорост, зеро бештари истифодабарандагони сомонаи «Фейсбук»-ро шахсони бомасъулияту бофарҳанг ташкил медиҳанд, ки боиси таваҷҷуҳ аст. Аммо ба замми ин нафароне низ кам нестанд, ки бо баъзе матну аксҳояшон диққати маро ба худ ҷалб накарда бошанд. Якчанд бор тариқи сомонаи мазкур “баъзе” постҳоеро мушоҳида кардам, ки бисёр ҳам пучу бемазмун аст. Масалан истифодабарандае чунин пост менависад: «Дӯстон, ман ба нафаре дил бастам, аммо ӯ маро қабул накард. Сарамро ба кадом девор занам? Маслиҳат диҳед». Ана баъд бо суханҳои қабеҳ, дашному гуфторҳои беҳад нохонданӣ ва ё шӯхиҳои белутфу бемазмун “маслиҳатдиҳӣ” шуруъ мегардад.

Сараввал, гузоштани ҳар гуна постҳое, ки ба ҷомеа ва истифодабарандогони ҳамон сомона рабт надорад ва ба касе фоидарасон нест, набояд сурат гирад. Ба василаи шарҳҳое, ки ба талаботи этикаи муколама мувофиқ нестанд, мумкин аст бархе истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ сомонаи мазкурро батамом тарк созанд ва дилхунук гарданд.

Бояд гуфт, ки дар сомонаи «Фейсбук» кам нестанд истифодабарандагон ва гуруҳҳое, ки дигаронро ба роҳи одобу ахлоқ ва этика ҳидоят мекунанд. Ба ин гуруҳи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” мисол шуда метавонад. Ин гуруҳ аз ҷониби шахсони дӯстдори адабиёт ташкил дода шуда, барои сайқал додани этикаи гуфтору рафтор саҳми арзанда мегузорад.

Сунатулло ҚУРБОНОВ,

омӯзгори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь