Вақте дар мавриди ин ё он соҳаи илми кишвар андеша мекунед, албатта, номҳои оломину инсонҳои некширишт дар хотири шумо пайдо мегарданд, ки онҳо дар пешрафту тараққиёти соҳаи илм нақши барҷаста ва мондагор доранд. Яке аз чунин олимони забардасту нотакрор дар соҳаи илми тибби кишвар Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ мебошад, ки дар пешбурди ин соҳа хизматҳои шоён намудааст.
Ю. Б. Исҳоқӣ дар ҳақиқат як зиёии воқеӣ буд. Зиёие, ки барои ӯ манфиати миллат, давлат ва илм болотар аз тамоми манфиатҳо буд. Ӯ барои пешрафти илму давлаташ қадам мегузошту ҳамеша дар фикри анҷоми рисолати аслии олим будан, буд. Ӯро ҳама бо номи нек ва бо дили пур аз меҳр ёд мекунанд. Ӯ рафту ному ёдаш дар дилҳо ҷовидона монд.
Ин шахсият на фақат олими машҳури кишвар, балки ҳамчун донишманди намоёни ҷаҳонии риштаи оториноларингология шинохта гардидааст. Асарҳои Ю.Б. Исҳоқӣ дар тибби Тоҷикистон, дар ҳудуди собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва ҷаҳон аҳамияти калони илмию амалӣ дошта, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад.
Юсуф Исҳоқӣ 21-уми июли соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 1947-1948, Исхоқӣ Ю.Б. дар курси тайёрии донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (факултаи таърих) таҳсил мекунад. Соли 1948 ҳамчун донишҷӯ ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд ва соли 1954 бомуваффақият онро хатм намуда, то мартабаи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино расид. Ӯ дар солҳои 1954-1957 ҳамчун ординатори беморхонаи клиникӣ Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон кор кард. Соли 1958 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурда барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ» ҳимоя кард. Солҳои 1958-60 ассистенти кафедраи оториноларингологияи Донишкадаи давлатии тиббиӣ ба номи Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон мебошад. Соли 1960 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Совети Вазирони СССР унвони дотсент дода шуд. Солҳои 1960-1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявӣ №4, дотсенти кафедраи оториноларингологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Табиби ҳозиқ Ю.Б. Исҳоқӣ соли 1962 ба Арабистони Саудӣ, Миср, Лубнон ҳамчун пизишк (духтур) ба ҳоҷиён сарварӣ кардааст. Барои давом додани кори илмии худ солҳои 1964-1968 докторант, ходими калони илмӣ дар шаҳри Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гӯшу гулӯ ва бинӣ фаъолият бурдааст. Ӯ соли 1968 дар мавзӯи «Кистаи роҳҳои болои нафас» – рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Вакил ва маърӯзачӣ дар анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Ереван иштирок намуда, аъзои Садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Ӯ солҳои 1968-69 вазифаи дотсенти кафедраи оториноларингология, солҳои 1969-1973 вазифаи ноибректори оид ба қисми таълимии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бомуваффақият иҷро намудааст. Барои натиҷаҳои корҳои илмиву тадрисӣ соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ карда шуд ва бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонида шуд. Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОР-и СССР ба конфронси байналмиллалӣ ҳамчун вакил иштирок кард. Соли 1973 ӯ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъйин шуд. Дар асоси озмун ба вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияи ин донишкада интихоб шуда, солҳои 1987-1996 ин вазифаро ба ӯҳда дошт.
Дар тули умри бобаракати хеш Ю.Б. Исҳоқӣ зиёда аз 300 асарҳои илмӣ, мақолаҳо, ихтироъҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеъи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём мерасанд. Хулоса Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ як олими воқеӣ аст, ки ифтихории миллии халқи тоҷик мебошад. Таҳти роҳбарии илмии ин олими машҳури тоҷик 13 нафар тадқиқотчиён, аспирантҳо рисолаи номзадӣ ва 2 нафар кормандани калони илмӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ю.Б. Исҳоқӣ дар тӯли қариб 40 сол ба донишҷӯёни Донишкадаи (ва сонитар аз соли 1993 донишгоҳ) давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соҳаҳои мухталифи илми оториноларингология дарс додааст, машғулиятҳои лексионию амалӣ ва лабароториявӣ-амалӣ гузаронидааст. Бояд қайд кард, ки баробари ин дастовардҳои барҷастаи илмӣ симои Юсуф Исҳоқиро фаъолияти созмондиҳии эшон ба сифати сарвари яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таври шоиста муаррифӣ менамояд. Дар ин даври пурмазмун дар қатори зиёда аз 880 мактабҳои олии СССР Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойҳои аввал меистод. Ба ҳамагон маълум аст, ки номи Абӯалӣ ибни Сино барин ашхос ифтихори халқ, ифтихори мо, ифтихори мардуми ҷаҳон буда, насли имрӯзаро бо корҳои бузург ҳидоят мекунанд. Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ аз олимони сермаҳсули соҳаи тиб буда, дар инкишофи тандурустии ҷумҳурӣ ва тарбияи насли нави духтурон саҳми беандоза калон гузоштааст. Масалан, китоби «Детская оториноларингология» (Душанбе, Маориф, 1977, 398 с.), якҷоя бо Л.И. Калштейн – собиқ мудири кафедраи оториноларингологияи ДДТТ – офаридаи Ю.Б. Исҳоқӣ барои табибон ва донишҷӯёни мактабҳои олии тиббии собиқ ИДМ ҳамчун дастури рӯимизӣ солҳо инҷониб хизмат карда истодааст. Китоби «Руководство по оториноларингологии» (М.: Медицина, 1994 ва нашри дуюми он соли 1997), ки Ю.Б. Исхоқӣ бо ҳаммуалифии профессорони номдори СССР Солдатов И.Б., Дайняк Л.Б., Митин Ю.Б. ва дигарон навишта буд, барои духтурони соҳа аҳамияти энсиклопедӣ дорад. Ю.Б. Исхоқӣ дар байни табибон бо одамияти баланди худ, одоби табибӣ ва муносибати волои хеш ба беморон машҳур буд. Ҳар як табиб орзу мекард, ки мисли Ю.Б. Исҳокӣ дар байни ҷомеа обрӯ ва мавқеъ дошта бошад.
Тадқиқоти илмии Ю.Б. Исҳоқӣ ниҳоят фарох буда, ӯ ба масоили гуногуни соҳаи тиб бахшида шудааст. Аз ҷумла: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ ҳини бемориҳои гӯшу ҳалқу бинӣ; этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳҳои болои нафас; ихтилои қобилияти гузаронандагии рагҳои хунгард ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста ва ғайра. Дар омӯзишу пажӯҳиши Ю.Б. Исҳоқӣ хоса масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулӯ ва гурдаҳо дар кӯдакон, мутобиқшавӣ ба шароити баландкуҳ, таъсири ҳипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гӯшу гулӯю бинӣ, омӯзиши бемориҳои аллергиявии узвҳои ЛОР кишвар, мансубияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ва ғайра ҷои муҳимро ишғол менамоянд. Юсуф Исҳоқӣ ҷарроҳиҳои мураккабтаринро низ худаш мегузаронид.
Боиси таассуф, ки рӯзи 6-уми майи соли 1996 Юсуф Исҳоқӣ ҳамроҳи ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Минҳоҷ Ғуломов аз ҷониби қотилони ҷоҳил, бо фармоиши саркардагони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ваҳшиёна кушта шуд.
Фоҷеаи куштори табибон ва олимони забардаст мардуми кишварро сахт андӯҳгин намуд. Аз марги табибони ҳозиқ солҳои зиёд гузашт, аммо ҳанӯз ҳам мардуми кишвар ин фарзандони фарзонаи миллатро пайваста ёд мекунанд. Хотираи неки олими тавоно – Юсуф Исҳоқӣ ҳамеша дар дилу дидаҳои шогирдон ва мардуми кишвар абадӣ боқи хоҳад монд.
Маҳмудназаров М.И.,
мудири кафедраи оториноларингологияи
ба номи профессор Ю.Б. Исҳоқии ДДТТ