Маблағе, ки ғайриқонунӣ барои харидани билети ҳарбӣ сарф мешуд, акнун ба буҷети давлат меравад?

Ахиран 30-юми июни соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизмати алтернативӣ муайян гардид. Тарҳи қонуни мазкур нахустин бор соли 2010 аз ҷониби ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» барои пешниҳод ба парлумони Тоҷикистон фиристода шуд. Ташаббускорони лоиҳаи қонун мегуфтанд, он ба ҷавононе, ки бо сабабҳои оилавӣ ва вазъи саломатӣ имкони хизмат дар артишро надоранд, имкон медиҳад, ки қарзи шаҳрвандии худро дар шароити оддӣ ва берун аз сафи қувваҳои мусаллаҳ, яъне дар сохторхои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, хонаи кӯдакон ё бемористонҳо анҷом диҳанд. Аммо он замон ин тарҳ қабул нагардид. Масъулин мегуфтанд, ки бо роҳандозии ин низом шаҳрвандони дорои имкон аз артиш дурӣ меҷӯянд ва дар натиҷа “муҳаббат ба ватан кам мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, ҳар мавсими даъват ба сафи артиш, ки дар Тоҷикистон соле ду бор сурат мегирад, ин мавзуъ аз нав рӯ мезанад. Хизмати алтернативиро як василаи кам шудани “облава” дар Тоҷикистон ҳам арзёбӣ мекарданд, ки ҳар мавсим он доғ мегардад. Гуфта мешуд, ки бо роҳандозии ин низом шароити молии артиш қавитар мегардад. Дар натиҷа ҷавонони боқимонда аз хизмат нагурехта, довталабона ба аскарӣ хоҳанд рафт.

“Акнун ҳеҷ кас аз артиш дур намемонад”

Қонуне, ки ахиран қабул гардид, на он чизест, ки созмони “Ампаро” дар назар дошт, аммо ҷузъҳое аз онро дорад. Мувофиқи қонуни қабулшуда барои озод шудан аз хизмати ҳарбии муҳлатнок шаҳрванд бояд 420 нишондиҳанда пардохт намояд. Феълан як нишондиҳанда ба 60 сомонӣ баробар аст. Дар натиҷа имсол маблағи мушаххасшуда барои хизмати алтернативӣ 25 ҳазору 200 сомониро ташкил хоҳад дод. Ин маблағ метавонад дар ҳолати дигар шудани нишондиҳанда барои ҳисоб, ки ҳар сол вақти қабули буҷети давлатӣ маълум мешавад, тағйир ёбад.

Гуфта мешавад, дар баробари пардохти пул ҷавонон бояд як моҳ хизмати алтернативӣ анҷом диҳанд. Аммо теъдод маҳдуд аст ва ҳар сол аз тарафи ҳукумат шумораи ҷавононе, ки хизмати алтернативиро метавонанд сипарӣ кунанд, муайян карда мешавад.

Қонуни мазкур пештар қабул шуда бошад ҳам, дар мавсими гузаштаи даъват ба артиш мавриди истифода қарор нагирифт. Мегуфтанд, ки нархномаашро бояд ҳукумат маълум кунад, ки ҳоло накардааст. Ин корро ҳукумат 30-юми июни соли равон анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол, ин савол ҳам зиёд пурсида мешавад, ки ҳукумат чаро маҳз сари 25 200 сомонӣ қарор гирифт?

Масалан дар Ӯзбекистон, ки пеш аз мо ин тартибро ҷорӣ кардааст, арзиши хизмати алтернативӣ ба 3 256 000 сӯми ӯзбекӣ (305,26 доллари амрикоӣ) баробар аст ва онро аз рӯи 27,5 баробари музди меҳнати камтарин ҳисоб кардаанд.

Дар Тоҷикистон чӣ?

Нашрияи “СССР” қаблан бо истинод ба маркази матбуотии Вазорати мудофиа навишт, ки ин маблағ пас аз омӯзиши коршиносони вазоратҳои молия ва мудофиаи мамлакат бо назардошти харҷи давлат барои як сарбоз дар тӯли 2 соли хизмат ва саҳм дар таъсиси марказҳои тамринӣ барои оянда муайян шудааст.

Роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода дар суҳбат бо “Фараж” ин маълумотро тасдиқ карда, ҳамчунин сабабҳои чунин як иқдомро шарҳ дод: “Маблағҳои пулии аз ин ҳисоб бадастомада барои таъмини амволи шайъӣ, ғизо, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ, ки ба ҷамъомади якмоҳа ҷалб мешаванд ва инчунин барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши кормандони ба он ҷалбшуда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ масраф хоҳад шуд”.

Маҳмадализода мегӯяд, ки “бо ин роҳ ягон нафар аз хизмат дур намемонад. Масалан, як нафари чилсола яроқу аслиҳаро танҳо дар телевизор дидааст. Бо ин тарз, як моҳ бошад ҳам, тамоми ҷавонон пурра ба хизмат фаро гирифта мешаванд”.

Арзон аст, ё гарон?

Дар мавриди нархномаи қабулшуда низ фикрҳо мухталифанд. Бархе онро бисёр кам ва баъзеи дигар вобаста ба шароити иҷтимоии Тоҷикистон бисёр баланд маънидод мекунанд.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҷумлаи дуввумиҳост ва ин маблағро барои мардум “басо гарон” меҳисобад.

– Вазорати мудофиа бисёр сарсарӣ ва бемулоҳиза муносибат кардааст,-гуфт ӯ зимни суҳбат бо мо ва илова кард, ки “сарфу харҷи як сарбоз барои як рӯз тахминан 16 – 46 сомониро ташкил медиҳад. Агар 25 200 сомониро ба 730 рӯз (24 моҳ) тақсим кунем, натиҷа тақрибан 34 сомонӣ барои ҳар рӯз мешавад. Аз рӯи баҳисобгирии охирон маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ аст. Агар коргари оддие, ки баробари ҳадди ақал маош мегирад, ин маблағро ҷамъ кардан хоҳад, 63 моҳ бояд нахӯрдаву напӯшида, танҳо пасандоз кунад. Ҳол он ки, ин 400 сомонӣ барои харҷи якмоҳаи як нафар кифоя нест”.

Интизор меравад баҳсҳои асосии қонуни нав пас аз моҳи октябри пешорӯ пеш биёяд, ки маъракаи нави даъват ба хизмат сар мешавад. Ба ҳар ҳол, роҳандозии ин қонун акнун дар Тоҷикистон оғоз меёбад ва саволу ҷавобҳо низ дар мавридаш кам нестанд.

Масъулон бошанд, феълан аз шарҳи бештар худдорӣ мекунанд. Шояд барои онҳо ҳам ҳама паҳлуҳои масъала равшан нест? Интизори даъвати нав ба хидмати ҳарбӣ мешавем.

Шоира МАДАЛИЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь