Дар садсолаи нав масъалаи терроризм натанҳо мушкилии як давалти алоҳида, балки монеа ва хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Инро метавон бо фаъолияти миқёсан васеи онҳо дар солҳои охир ва фаротар аз мансубияти миллию давлатии онҳо асоснок кард.

Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм – таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар мизони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Дар тӯли садсолаи охир терроризм дар шаклҳои гуногун ба назар мерасид. Имрӯз дар олам ҳудуди 500 гуруҳу созмонҳои ғайрирасмии террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумотҳои омории марказҳои таҳлилӣ харҷи яксолаи гуруҳҳои террористӣ аз 5 то 20 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои гуногуни дунё сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд.

Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизмро мутахассисон чунин тавзеҳ додаанд:

  • сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
  • моддӣ;
  • идеологӣ;
  • хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
  • ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
  • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
  • дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайра.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз хатари терроризму ифротгароӣ дар амон набуда, ҳанӯз дар солҳои аввали расидан ба Истиқлолияти сиёсиаш ба ин вабои аср рӯ ба рӯ гардида буд. Ин терроризму террористон, ки Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд, имрӯз низ аз баҳри даъвои худ нагузаштаанду даҳшатафканиро идома дода истодаанд. Террористони наҳзатӣ, ки сабабгори  асосии ин ҷанги таҳмилӣ буданд, барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз ягон амалҳои даҳшатнок нисбати мардуми бегуноҳ даст намекашиданд.

Бо таассуф мебояд зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳон то ҳол дар бораи шинохти терроризм ба хулосаи ягона нарасидааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳувияти миллӣ муаррифӣ созанд.

Террористон барои ноил гардидани ҳадафи худ аз таркиш, оташ, задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо, куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида, рабудани одамон ва ба гарав гирифтан, таҳдиди куштан ва нобуд кардан нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти терроризм, кӯмак ва ҳамкорӣ кардан ба созмонҳои террористӣ ва ғайра истифода менамоянд.

Дар тули солҳои мавҷудияти худ ТТЭ ҲНИ аз ҳамаи ин амалҳои нангину ғайриинсонӣ истифода кардааст. Онҳо пайваста нисбати кормандони идораҳои дахлдори давлатӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатӣ актҳои террористӣ анҷом медоданд. Куштори Минҷоҳ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афардӣ ва даҳҳо тани дигар аз сиёсатмадорону адибон ва олимону журналистон исботи ин гуфтаҳост.

Ин террористон аз рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтани онҳо истифода карда, ҳатто нисбати кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ низ ин амалро раво дидаанд.

Роҳбарону аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дигар созмонҳои ҳамфикру ҳампаймони худ ба мисли «Ал-Қоида», «Ансоруллоҳ», «Ихвон-ул-муслимин» ДИИШ ва ғайра, ки рӯйхаташон ба садҳо мерасад, ҳамкорӣ доштанду доранд. Онҳо ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ё аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранду аз дину оини хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, ашхосе, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо ҳастанд ба воситаҳои ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Тасодуфӣ набуд вақте дар давлати Миср “ихвониён” ба сари ҳокимият омаданд, саркардаи ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ пешниҳод карда буд, ки ин созмон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ бардошта шавад ва шахсан онҳоро табрик намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайри худ боз барои таъмини амнияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, сарфи назар аз хисороти зиёди ҷониву молии худ дар муқобили терроризми ҷаҳонӣ нақши сипарро иҷро кардаистодааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши Тоҷикистонро дар таъмини амнияти минтақаҳои АвруОсиё ва сулҳи ҷаҳон хуб медонад. Роҳбарияти давлати мо ҳанӯз соли 1998 дар Иҷлосияи 20-уми махсуси СММ ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «Минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон»-ро пешниҳод карда буд.

Таъкид бояд кард, ки имрӯз ягон кишвари дунё наметавонад дар алоҳидагӣ бо зуҳуроти хатарбори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад. Ҳамкориҳои босамар дар ин самт бояд бо СММ, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва давлатҳои ҷудогона ҷоннок карда шавад.

Бо назардошти таҳдиду хатарҳои ҷиддие, ки имрӯз авзои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳар гуна созмону гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, таъмини якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати Ватани азизамонро пос дошта, кишварамонро барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем. Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан алайҳи экстремизму терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷимеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Файзиддин Раҷабалиев,

ходими илмии АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here