То 20 – 25 сол қабл шояд касе ҳатто пешгӯӣ карда наметавонист, ки дар ояндаи наздик мафҳуми “ҳуқуқи рақамӣ” пайдо мешавад.
Профессор У. Меликов мегӯяд, ки сабаби аслии пайдо шудани мафҳуми “ҳуқуқи рақамӣ” дар он аст, ки тамоми қонунҳо, шурӯъ карда, аз Конститутсия то ҷузъитарин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо рақамҳо банду баст карда мешаванд. Яъне қисмҳо, фаслҳо, моддаҳо, бандҳо бо рақамҳо ифода ёфтаанд.
Гузашта аз ин, рақамҳо ҳамчунин дар мазмуни ҳуқуқ низ дида мешаванд. Масалан, дар ҳуқуқи гражданӣ ҳисобҳо рақамгузорӣ мешаванд, аз ҷумла, (мӯҳлати умумии даъво 3 сол) ё мӯҳлатҳои маҳрумият аз озодӣ дар ҳуқуқи ҷиноятӣ низ бо рақамҳо ифода мешаванд.
“Ташаккулёбии иттилоот тавассути технологияи рақамӣ заминаи асосӣ барои ба вуҷуд омадани ҳуқуқи рақамӣ гардид. Дар ин миён рақамҳои 0 ва 1 нақши калидӣ доранд, зеро маҳз дар асоси ҳамин ду рақам ва комбинатсияҳое, ки дар асоси он сохта мешаванд, калимаҳо ва баъдан ҷумлаю матнҳо сохта мешавад ва ҳар калима, ҷумла ва матне, ки мо дар компютер мехонем, онҳо дар зерманзари компютер маҳз тавассути ҳамин ду рақам навишта мешаванд”, -мегӯяд У. Меликов.
Дар баробари ин, номбурда қайд мекунад, ки ҳоло дар барои фаҳмиши дуруст ва дақиқ ибораи “танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ” иститфода мешавад, зеро имрӯз “ҳуқуқи рақамӣ”-ро ҳамчун соҳаи ҳуқуқ ё соҳаи қонунгузорӣ гуфтан барвақт аст ва санадҳои ҳуқуқии кофӣ дар ин соҳа қабул нашудааст, таҷрибаи судӣ ҳам ташаккул наёфтааст, маводҳои илмӣ ҳам мукаммал ва устувор нестанд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали пайдо шудани Интернет мутахассисон бештар мафҳумҳоеро аз қабили “ҳуқуқи интернетӣ” ё “ҳуқуқи инсон дар Интернет”, “ҳуқуқи инсон дар фазои сайберӣ”, “ҳуқуқи сайберӣ ва озодии сайберӣ” истифода мебурданд.
Ба қавли коршиноси рус Н.В. Варламон, ҳоло дар адабиёти англисизабон истилоҳҳои “ҳуқуқҳои рақамӣ” (digital rights), “ҳуқуқҳои интернетӣ” (Internet rights) ва “ҳуқуқ ба коммуникатсия” (right to communicate) истифода мешаванд.
Аммо аксарият ба ин назаранд, ки мафҳуми “ҳуқуқи интернетӣ” нисбат ба “ҳуқуқи рақамӣ”, ки ҳамчунин Интернетро дар бар мегирад, маҳдудтар мебошад.
Ҳоло мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки дар он олами рақамӣ вобаста ба рушди бесобиқаи технологияҳо тақозо мекунад, ки моделҳои ҷадиди танзими ҳуқуқӣ эҷод шаванд.
Дар кишварҳое, ки аз лиҳози технологӣ пеш рафтаанд, “ҳуқуқи рақамӣ” фазои “ҳуқуқи анъанавии классикӣ”-ро маҳдуд намуда, на танҳо ба як соҳаи муҳим, балки ба соҳаи низомсози қонунгузорӣ табдил ёфтааст.
Ин ҳам мусаллам аст: дар кишварҳое, ки иқтисоди рақамиашон рушд кардааст, ҳуқуқи рақамӣ низ дар онҳо дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.
Таърих ҳам гувоҳ аст, ки дар таърихи башар чандин бор технологияҳои тоза ихтироъ гардида, ба пайдоиши ҳуқуқҳои нави инсон таъсири бевосита расондаанд.
Ба иборати дигар, ҳуқуқи рақамӣ барои он ба вуҷуд омад, ки технологияҳои рақамӣ пайдо шуданд ва зарурат ба миён омад, ки давлат муносибатҳои вобаста ба истифодаи технологияҳои рақамиро танзим кунад.
Дар ин иртибот ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, профессор Умрилло Меликов мегӯяд, ки пайдоиши дастгоҳи чопӣ дар асри 16 боиси ба миён омадани ҳуқуқи муаллифон гардид, пайдоиши телевизион ва радио дар асри 19-20 конунҳоро доир ба ҳуқуқҳои вобаста ба ҳуқуқи муаллифон ба вуҷуд овард.
“Мо дар ибтидои асри 21 мо шоҳиди он шудем, ки технологияҳои рақамӣ зарурати қабули қонунҳоеро ба вуҷуд оварданд, ки бевосита ба таъсири технологияҳои рақамӣ алоқаманд мебошанд ва тафовути қонуни рақамӣ аз дигар қонунҳо дар он аст, ки дар алоҳидагӣ вуҷуд надорад ва чунин имконият на вуҷуд дорад ва на вуҷуд дошта метавонад”, -зикр мекунад У. Меликов.
Дар ҳақиқат, имрӯз одамон дар ҳаёти рӯзмарраи худ бо ҳуқуқи рақамӣ рӯ ба рӯ мешаванд, аммо муносиботи ҳуқуқӣ дар ин муҳит бешуурона сурат мегирад, ҳарчанд ки амалҳои зиёди эшон дар Интернет бо хизматрасониҳои рақамӣ иртибот доранд.
Коршинос Илҳоми Ҷамолиён дар ин иртибот мегӯяд, ки донистани ҳуқуқи рақамӣ барои ҳамаи онҳое, ки барномаҳоро дар бахши технологияҳои иттилоотӣ пиёда мекунанд, ё сайт доранд ва дар муҳити рақамӣ ягон намуди хизматро мерасонанд, муҳим мебошад, аммо одамон ба мутахассисони соҳаи ҳуқуқи рақамӣ бештар замоне муроҷиат мекунанд, ки зарурат пеш меояд.
“Сарфаҳм рафтан ба нозукиҳои ҳуқуқи рақамӣ барои ҳуқуқшиносон низ лозим меошад, зеро аксар муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳоло ба муҳити рақамӣ гузашта истодаанд, аз ин рӯ, донистани қонунҳои асосӣ, мафҳумҳо ва таҷрибаи татбиқи онҳо дар бахши ҳуқуқи рақамӣ дер ё зуд ба ҳар як ҳуқуқшинос лозим мешавад”, -мегӯяд коршинос И. Ҷамолиён.
Чаро ҳуқуқи рақамӣ мегӯем?
Чунон ки дар боло ишора кардем, ибораи “ҳуқуқи рақамӣ” мафҳуми нав аст.
Ба ақидаи профессор У. Меликов, ҳуқуқи рақамӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба технологияҳои рақамиро ба танзим меорад. Аммо дар баробари ин, ӯ тазаккур медиҳад, ки ҳоло ин ибораи шартӣ аст, зеро, ҳуқуқи рақамӣ мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқ (ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ) рушду такомул наёфта, балки ҳоло дар ҳолати ташаккул аст.
Х. Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки “ҳуқуқи рақамӣ -ин ба таври васеъ ва бо имкониятҳои нав амалӣ кардани ҳуқуқҳои универсалии инсон мебошад, ки асосашро иттилоот ташкил медиҳад ва сабаби пайдо шудани маҳфуми ҳуқуқи рақамӣ рушди босуръати технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ(ТИК), инчунин кӯч бастани муносибатҳо аз олами воқеӣ ба олами виртуалӣ мебошад”.
И. Ҷамолиён ба мисли дигар коршиносони тоҷик бар ин ақида аст, ки барои он ки “ҳуқуқи рақамӣ” ҳамчун соҳаи ҳуқуқ ё соҳаи қонунгузорӣ эътироф шавад, ҳоло барвақт аст, зеро санадҳои ҳуқуқии лозимӣ дар ин соҳа қабул нашудаанд.
Ӯ дар ин иртибот мегӯяд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон бахшҳои алоҳидаи марбут ба танзими муҳити рақамӣ вуҷуд надоранд, вале меъёрҳои зарурӣ дар қонунҳои мухталиф муайян шудаанд. Аз ҷумла, дар кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба Интернет вуҷуд доранд.
“Дар ин замина Интернет ва қонунгузорӣ доир ба воситаҳои ахбори омма (ВАО), доир ба муроҷиати шаҳрвандон (ҳукумати электронӣ, қабулгоҳи маҷозӣ), доир ба тамғаҳои молӣ, доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ (нашри санадҳои ҳуқуқӣ дар манбаъҳои электронии расмии давлатӣ) ва андозро (хизматрасониҳои электронӣ) метавон ёдовар шуд”, -таъкид мекунад И. Ҷамолиён.
Коршинос Хуршед Қурбоншоев ба ин назар аст, ки ҳоло дар тамоми кишварҳое, ки дастрасӣ ба Интернет доранду аз ТИК истифода мебаранд, чунин муносибатҳо бавосита ё бевосита танзим мегарданд, аз ин рӯ, ҳуқуқи рақамиро як шохаи алоҳидаи ҳуқуқ фаҳмидан хатост.
Ба андешаи номбурда, тамоми ҳуқуқҳои инсон, ки асосаш иттилоот аст, аллакай дар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ пешбинӣ шудаанд ва дар ин ҳолат, танҳо дастрасӣ ба Интернетро ҳамчун ҳуқуқи фундаменталии инсон, ҷудо кардан мумкин аст, аз ин рӯ, вобаста ба ин, соли 2016 СММ дастраси ба Интернетро ҳамчун ҳуқуқи ҷудонашавандаи инсон эътироф карда, эълон намуд, ки тамоми ҳуқуқҳои офлайнӣ ва онлайнии инсон баробарқувваанд.
“То инсон дастрасӣ ба Интернет пайдо накунад, амалӣ кардани дигар ҳуқуқҳои иттилоотасос дар фазои рақамӣ ғайриимкон аст, бинобар ин, дар баъзе кишварҳо ба монанди Финляндия, Эстония ва Юнон дастрасӣ ба Интернетро ҳамчун ҳуқуқи ҷудонашавандаи инсон эътироф кардаанд”, -мегӯяд Х. Қурбоншоев.
Бархе коршиносон ба ин назаранд, ки ҳоло ҳуқуқи рақамӣ як консепсия аст, ки он маҳсули таҳаввулоти технологияҳо, бахусус технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад ва ин дигаргуниҳои бунёдӣ дар баробари пайдоиши Интернет ба миён омаданд.
Дар Тоҷикистон охири соли 2019 Консепсияи иқтисоди рақамӣ қабул гардид, ки он дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ заминаҳои бунёдӣ хоҳад гузошт.
Ҳуқуқи рақамӣ ҳамаро фаро мегирад
Ҳамин тариқ, вақте ки мо дар бораи воқеияти нави рақамӣ ҳарф мезанем ҳаминро дар назар дорем, ки иқтисоди рақамӣ, додаҳои бузург, иртиботи шабакавӣ, криптовалюта ва блокчейн, воқеияти афзуда, ҷиноятҳои сайберӣ, бозиҳои маҷозӣ, ақли маснӯӣ, иттилооти дурӯғин ва фейкҳо, сайберозорӣ ва ғайра ин ҳама воқеияти навини рақамӣ аст, ки ҳоло моро фурӯ бурдааст ва дар ояндаи наздик низ моро фаро хоҳад гирифт. Мо бояд ба таҳаввулотҳои минбаъда дар муҳити рақамӣ омода бошем. Онҳо тарзи зисти анъанавии моро куллан тағйир медиҳанд ва аз ин дигаргуниҳо ҷойи гурез нест. Бояд худро ба муҳити рақамӣ ва ва риояти ҳуқуқи рақамӣ мутобиқ кард.
Ҳоло сокинони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон тамоми ҳуқуқҳое, ки имрӯз дар зиндагии воқеии худ дорад, дар фазои маҷозӣ низ онҳоро пайдо карда истодаанд, зеро бо рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ҳуқуқи рақамӣ тақрибан тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтааст, аз ҷумла дар бахшҳои зерин:
-Зеҳни сохта;
-Бизнес, кор ва тиҷорат;
-Ҷомеаи шаҳрвандӣ;
-Идораи контент;
-Ҳифзи додаҳо;
-Амнияти рақамӣ барои ҷамъиятҳо;
-Оянда, тахайюлот ва марзҳо;
-Меърҳои сайберии глобалӣ;
Дастрасӣ ба Интернет ва маориф;
-Қатъ ва таваққуф дар кори Интернет;
-Таҳқиқот, ҳуҷҷатгузорӣ ва ВАО;
-Нафрати онлайнӣ ва хушунат;
-Сулҳофаринӣ ва фаъолияти башардӯстона;
-Маҳрамият ва мушоҳида ва ғ.
Муҳимтарин ҳуқуқҳои рақамии инсон дар ҷаҳони кунунӣ инҳоянд:
- ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот;
- ҳуқуқи дастрасӣ ба воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва технологияҳо;
- ҳуқуқи дастрасӣ ба интернети ҷаҳонӣ ;
- ҳуқуқи ҳифзи ҳарими хусусиву додаҳои шахсӣ ( хусусиву биометрӣ);
- ҳуқуқи эҳтиром ба иттилооти хусусӣ;
- ҳуқуқҳое, ки ба ҳифзи иттилооти генетикӣ иртибот доранд;
- ҳуқуқҳои рақамӣ ба моликият дар гардиши ашё;
- имконияти татбиқи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ дар заминаи платформаҳои технологӣ; имконият барои авлавияти ҳифзу рушди инсон дар заминаи эҷоди зеҳни сунъӣ;
- ҳуқуқи истифода ва тавлиду пахши асарҳои рақамӣ;
- ҳуқуқ ба озодии сухан ва ғ.
Чаро бояд ҳуқуқҳои рақамӣ ҳимоя шаванд?
Чунки онҳо аллакай ҷузъи таркибии ҳаёти мо шудаанд. Агар шумо як рӯз аз интернет, телефони мобилӣ, компютер маҳрум бошед, худро хеле бад эҳсос менамоед. Ҳоло ҳуқуқи рақамӣ кафолати мақсаднок истифода бурдани ҳамин технологияҳоро таъмин мекунад. Пас зарур аст, ки онҳо ҳимоя шаванд. Аз ҳамин ҷиҳат, барои корҳои неку созанда ва мақсаднок истифода бурдани технологияҳои рақамӣ бояд барои мо вазифаи хеле муҳим бошад.
Аммо инро ҳам бояд зикр кунем, ки ҳоло мушкилот дар бахши ҳуқуқи рақамӣ дар кишвари мо вуҷуд дорад.
Ба андешаи профессор У. Меликов, мушкилот дар ҳуқуқи рақамӣ нест, балки дар худи инсонҳост. Масалан, пиндори бад, гуфтори бад ва рафторҳои бад ҳоло ва имкон дорад, ки дар оянда шакли рақамӣ бигиранд ва дар ин сурат ҳалли мушкилоти ин соҳа мушкилтару мураккабтар мешавад.
Х. Қурбоншоев ба ин назар аст, ки мушкилоти асосӣ ба талаботи замон мувофиқ набудани Интернет дар кишвар, ҳифз ва таъмини бехатарии маҳрамият ва маълумотҳои шахсӣ мебошад.
И. Ҷамолиён дар ин иртибот мегӯяд, ки барои раъфи мушкилот дар бахши ҳуқуқи рақамӣ бояд 2 масъалаи калидӣ роҳи ҳалли худро дарёбад. Якум, бояд ҷойгоҳи ҳуқуқи рақамӣ дар қонунгузории Тоҷикистон мушаххас, қонунҳои нави марбута эҷод ва қонунҳои мавҷуда такмил карда шаванд. Дуюм, омӯзиши ҳуқуқи рақамӣ ҳамчун як ҷузъи муҳиму таркибиии саводи иттилоотӣ- расонаӣ ва рақамӣ дар миёни оммаи васеи аҳолӣ ба роҳ монда шавад.
Албатта, ҳоло дар Тоҷикистон дар ин самт корҳои алоҳида анҷом дода шудаанд ва дар захираҳои электронӣ матлабҳои зарурӣ барои баланд бардоштани саводи рақамӣ, “Танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ”) ва ғ. ҷой дода шудаанд. Аммо рушди технологияҳои иттилоотӣ дар ҷаҳон ва ҳуқуқи рақамӣ талаб мекунанд, ки мо ҳамқадами замон бошем.
Нуралӣ ДАВЛАТОВ