Имрӯзҳо вақте сухан аз терроризм ва экстремизм меравад, охири ин мавзуъ ба гирдобе мубаддал мегардад, ки печидаву пурталотум ба назар мерасад. Масъалаи муҳими ин мавзуъ дар ҳама адабиёт ва назарияи олимону мутахассисони соҳа он аст, ки сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо чист?

Яке аз сабабҳои гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳо ва ё ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ – ин дар асл надоштан ва надонистани маълумоти динӣ мебошад. Яъне зинаи аввали воридшавӣ ба дилхоҳ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ – ин аз рӯи нодонӣ ва надоштани маълумоти пурраи динӣ даст ба террору қатл задан аст, ки бисёр ҳам таассуфовар аст. Пас, саволе ба миён меояд, ки оё донистан ва ба пуррагӣ маълумот доштан нисбати дин, мазҳаб ва дигар равияҳо метавонад сари роҳи чунин афродро гирад? Дар ин ҷо мо бе ягон дудилагӣ гуфта метавонем, ки пеш аз ҳама, надонистан ва ё бар хилофи аслии назарияи илмҳои шариатӣ амал кардан ва таълими нодуруст гирифтан аз илмҳои шариати Ислом яке аз омилҳост. Чунки имрӯз агар мо фаъолияти он ҳама мадрасаву таълимгоҳҳоеро, ки ба ном «исломӣ» ҳастанду дар асл барои тайёр кардани террористон ва ҷалби ҷавонон дар хориҷи кишвар амал мекунанд, таҳлил намоем, баъди якчанд соли таҳсил, ки шогирдони ин мактабҳои махсуси террористӣ ба хондани хату забони арабӣ ошноӣ пайдо мекунанд ва аз тафсири таҳтуллафзии Қуръону аҳодис каме бохабар мешаванд, дар ин ҳолат онҳоро ба марҳилаи дуюм мегузаронанд, ки ин шиносоӣ ва аз бар кардани он ҳама сураҳои Қуръон аст, ки дар онҳо маҳз сухан дар бораи ҷиҳод рафта, мавзӯи асосиашон ҳам ҳамин мебошад. Ва дар бахшҳои махсуси ин мадрасаҳо ва донишгоҳҳои исломие, ки аксари онҳо дар Покистон ва вилоятҳои он фаъолият мекунанд, мутахассисони дар ин соҳа таҷрибаҳои зиёд доштаро сафарбар месозанд, то ки ба пуррагӣ тавонанд ҳарчи зиёдтар сафи шогирдон ва ё ин ки муридонашонро зиёд гардонанд. Боз дар ин ҷо як нозукие вуҷуд дорад, ки имрӯз дар дигар давлатҳои исломӣ ва ғайриисломӣ бо кадом тарз фаъолият мебаранд. Албатта, дуруст аст, ки дар ҳама давлатҳои чӣ исломӣ ва ё ғайри он ҳастанд мадарсаҳое, ки ҳарсола шогирдонро дар самтҳои гуногун тарбия менамоянд ва аз онҳо ҳатто як нафар ҳам ифротӣ намешавад. Дар ин ҷо сабаби асосӣ ин аст, ки дар тамоми давлатҳои дунё ва ҳатто худи давлатҳои исломӣ он мадрасаву макотибе, ки барои таълими шариати Ислом фаъолият менамоянд, пеш аз ҳама иҷозати худи ҳамон давлатро бо мусоидати ҳама мақомоти дахлдори ҳамон кишвар гирифта ва бо кумитаҳои дахлдори ҳамон кишварҳо оид ба эксперти диншиносӣ, амнияти давлатӣ, шуъба ва кумитаҳои истихборотӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҳама факулта ва бахшҳои чунин мадрасаҳо ва ташкилотҳои динӣ ба ҳайси нозир намояндаҳои худро ҳамарӯза ба кору фаъолият ва назорати доимӣ сафарбар менамоянд. Албатта, бо иҷозат ва мусоидати дилхоҳ давлате, ки дар он чунин таълимгоҳҳои динӣ ва мадрасаҳо кору фаъолият мекунанд, ин худ нишонаи кафолати амнияти ҳамон давлат мебошад. Дар бисёре аз мадрасаҳои динии кишварҳои арабӣ факулта ва бахшҳои «Ҳифзи Қуръон» ва таълими илми ҳадис алоҳида буда, боқимонда ихтисосу бахшҳо ба дигар самт равона шудаанд, ки аз чунин мактабҳои олии динӣ кадрҳо ва мутахассисони гуногун – таърихшиносону тарҷумонҳо ва ғайра ба камол мерасанд, ки оянда барои халқу ватани худ манфиат меоранд.

Умуман, сатҳи таълиму донишомӯзии бисёре аз давлатҳои исломӣ якхела буда, ба илмҳои дақиқи технологӣ ва дигар илмҳои барои ҷомеа зарурӣ аҳамият надода, рӯ ба илмҳои шариат овардаанд, ки ба истилоҳи худи онҳо, «қиёматро бояд обод кард». Бисёри онҳо бехабар аз он ҳастанд, ки бесаодат будан дар дунё – ин худ нишони бесаодатии охират аст.

Ватане, ки дар он амният ҳукмфармост, террорист ва насли террорист аз он давлат кӯч мебанданд. Исботи ин гуфтаҳо дар яке аз паёмҳои Пешвои миллат ҳам таҳлил шудааст, ки «террорист ватан, дин ва мазҳаб надорад» ва ба мисли чуғз ҳар харобие, ки пайдо кунад, онҷоро ватани худ қарор медиҳад.

Албатта, аз эҳтимол дур аст, ки дар чунин кишваре, ки онҷо терроризм вуҷуд дорад, модари ин миллат фарзанде таваллуд кунад, ки ба мисли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барои инқилобу истиқлолияти халқу ватан ҷоннисор бошад. Не албатта! Чунки ин гуна фарзандони фарзонаи  миллатро фақат хоку замини пок метавонад ба воя расонад, ки олудагӣ ба хуну халаф надошта бошад ва тарбияти ин гуна фарзандон танҳо аз амният ва сулҳу суботи ватан вобастагӣ дорад. Чӣ хуб фармудааст аллома Иқбол:

Ҳар кӣ аз банди худӣ вораст, мурд,

Ҳар кӣ бо бегонагон пайваст, мурд.

Он чӣ ту бо хеш кардӣ, кас накард,

Рӯҳи поки Мустафо омад ба дард…

Войи қавме – куштаи тадбири ғайр,

Кори ӯ тахриби худ, таъмири ғайр.

Мешавад дар илму фан соҳибназар,

Аз вуҷуди худ нагардад бохабар.

 

Сафархон ВАЛИЗОДА,

Академияи ВКД ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь