Саркашии чанд доишӣ дар зиндони Тоҷикистон ба дасти кӣ об рехт?
Рӯзи 3-уми феврали соли 2025, соати 15:44, гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии № 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд. Дар идомаи ин хабар омадааст:
“Дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд.
Муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд.
Ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад. Низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид”.
Дар натиҷаи амалиёт маҳбусони зерин ба қавли шабакаи “Azda TV”, қароргоҳаш дар Лаҳистон, кушта шудаанд:
- Ҳасанов Суҳроб Сафармадовичин
- Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович
- Тилабов Али Тилабович
- Орузев Шаҳзод Ҷамшедович
- Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич
- Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович
- Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович
Аз зиндониён ба қавли масъулини зиндон 3 нафар, ба қавли сайте, ки дар Лаҳистон қарор дорад, ҳафт нафар кушта шудаанд. Зиндониёни тундрав бо корду асбобҳои худсохт худро мусаллаҳ карда буданд. Чанд нафар бо шумули сардори муассиса дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Нооромӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ба дасти душманони оромии кишвар дастак дод. Чандин расона, гуруҳ, саҳифа, сайтҳои хориҷ аз мамлакат перомуни ин ошуби чанд нафар зиндонӣ, террористону пайравони ДОИШ табли шодӣ кӯфта, даҳҳо фарзияҳои гӯшношуниду боварнокарданӣ пешниҳод намудаанд. Танҳо шахси огоҳ аз вазъи кишвару нафаре, ки дар ин сарзамин мезияд, на дар кишварҳои ғарбию беруна, (ки ҳеҷ гоҳ ба манфиати кишвари мо ҳарфе намегуянду баракс, ба дасти бадхоҳони миллат об мерезанд) ба ин афсонаҳо бовар менамояд.
Ин ошуб ва дастгирии нафарон ва сайтҳои ҷонибдори ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзат гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин ҳама аз руи як сенарияю нақша тарҳрезӣ мешаванд. Пайванди ногусастанӣ бо созмонҳои дар дигар кишварҳо мамнуъгаштаи террористӣ ва бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзат алоқамандӣ доранд.
Дар ҳоле ҷаҳон пешоруи ҳаводиси ҳалношуда дар Украинаю Фаластин қарор дорад, ин гуна ошубҳо, ки ҳар руз дар гушаю канори олам рух медиҳанду сабаби марги миллионҳо нафар мешаванд, ба дасти кӣ ва бо балегуии кӣ сурат мегиранд, пинҳон нест. Акнун дигар барои ин танҳо фаросати дарк доштан лозим асту бас!
Ин ошуб бори дигар ҳамдастии балегуёни наҳзатии ошубро, ки ба узвияти ДОИШ маҳкум будаанд, бо ҳизби мамнуи наҳзат нишон медиҳад. Агар не, ин гуна ҳодисаҳо рузе нест, ки дар гушаю канори дунё рух надиҳанд!
“ФАРАЖ”