Бо ҳадафи пешгирии экстремизм дар байни ҷавонон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз қабили Рӯдакӣ, Норак, Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Исфара, Варзоб ва Кӯлоб аксияҳои иттилоотӣ баргузор гардиданд.

Дар маъракаҳои иттилоотӣ, ки таҳти унвони “Исто экстремизм! Бо таҳаммул бош ва андешаи дигаронро эҳтиром намо!” баргузор шуданд, ҷавонони зиёде дар марказҳои ноҳияҳо ва кӯчаю бозорҳо ва дигар ҷойҳои серодам дар бораи экстремизм ва хавфу хатарҳои он ба ҳаёти ҷавонон, фарҳанги таҳаммулгароӣ ва эҳтироми андешаҳои ҳамдигар огоҳ шуданд.

Ин аксияҳои иттилоотӣ бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии давлатӣ бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуда, дар онҳо ҷавонони синну соли гуногун ширкат намуданд.

Дар ин чорабиниҳои якрӯза мутахассисон ва волонтёрон бо ҷавонон вохӯрию суҳбатҳо намуда, ба онҳо дар бораи чӣ будани экстремизму терроризм, хавфу хатарҳои гуруҳҳои экстремистӣ ва аҳамияти таҳаммулгароиву эҳтироми андешаи дигарон барои пешгирӣ аз экстремизм маълумот доданд. Ҷавонон дар маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ бевосита аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Онҳо аз волонтёрон буклету флайерҳо дар бораи экстремизму хатарҳои он ва роҳҳои пешгирии он дарёфт мекарданд. Ҳангоми мулоқот бо ҷавонон зикр мешуд, ки экстремизм ҳоло ба яке аз проблемаҳои муҳими олам табдил ёфта, тамоми кишварҳои ҷаҳон бо он мубориза мебаранд. Афзоиши ҳодисаҳои террористӣ қариб тамоми сокинони сайёраро нигарон намудааст. Имрӯз аксари давлатҳои дунё барои пешгирии экстремизм мубориза мебаранд. Дар Тоҷикистон низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва барои пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб корҳои зиёде сурат мегирад. Бинобар ин, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон аз хатарҳои экстремизм мусоидат мекунад.

Тибқи таҳқиқотҳои анҷомёфта, яке аз сабабҳои болоравии сатҳи ифротгароӣ дар солҳои охир коҳиши сатҳи таҳаммулгароӣ мебошад. Бавижа дар солҳои охир фарҳанги таҳаммулгароӣ дар байни ҷавонон коҳиш ёфта, ифротгароӣ то андозае ҷойгузини он шудааст. Сабаби асосии ин пайдо шудани гуруҳҳои ифротие дар замони истиқлолият мебошанд, ки бо ақидаҳои ифротии худ таҳаммули андешаи дигаронро надоранд ва мехоҳанд ҳама монанди онҳо ақида дошта бошанд. Бо ин вуҷуд, ки фаъолияти гуруҳҳои экстремистию террористӣ аз ҷониби давлат мамнуъ шудааст, онҳо бо роҳҳои гуногун талош мекунанд ба таври ноаён аксаран ҷавонони ноогоҳро мағзшӯӣ намуда, монанди худ ифротгаро созанд ва онҳоро дар оянда барои мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Дар чунин вазъият ҷавонони ноогоҳ аз хатарҳои экстремизм, нохоста ба ҷинояткор табдил меёбанд ва ҳаёти худро барбод медиҳанд. Зеро қонунгузорӣ барои экстремистон ва террористон ҷазоҳои сахти маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Дар аксияҳои иттилоотӣ ба ҷавонон ин хавфу хатарҳо аз ҷониби мутахассисон фаҳмонида шуд ва ба онҳо маълумотномаҳо дар бораи экстремизм ва хатарҳои он ва роҳҳои пешгирии он ироа гардид.

Ба андешаи коршиносон, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва дар баробари ин афзоиши сатҳи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа барои пешгирии экстремизм аз он ҷиҳат ҳам боаҳамият аст, ки афзоиши сатҳи таҳаммулгароӣ сатҳи ифротгароиро коҳиш дода, барои тақвияти сулҳу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

 Султони ҲАСАН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь