Ҳатто овозаи ҳавопаймои бесарнишин доштани  Тоҷикистон метавонад тарсро ба вуҷуд биёрад.

Дар парлумони Қирғизистон матраҳ шудани масъалаи аз ҷониби Тоҷикистон харидорӣ шудани ҳавопаймоҳои бесарнишин, ё паҳподҳои туркии “Байрақтар” бори дигар заъфи сиёсати хориҷӣ ва амниятии кишвари ҳамсояро ба намоиш гузошт, мегӯянд коршиносони масоили сиёсии тоҷик.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳанӯз 21 октябри соли гузашта ба расонаҳо хабар дода буд, ки қасди хариди паҳподҳои туркии “Байрақтар” -ро доранд. Вай бо ифтихор таъкид карда буд, ки “…ба наздикӣ ”Байрақтарҳо” ба кишварамон ворид мешаванд, дар дунё фақат панҷ кишвар дорои чунин таслиҳот аст, ки яке аз онҳо мо хоҳем буд. Инчунин, аз Русия паҳподҳои «Орлан-10» харидорӣ кардаем”.

Сипас, 23 октябр раиси ҷумҳури кишвари ҳамсоя Содир Жапаров дар як нишасти матбуотӣ хабар дод, ки барои навсозии таҷҳизоти низомии артиши Қирғизистон 100 миллион доллар ихтисос дода шудааст. Вай низ аз хариди паҳподҳои туркӣ ва русӣ хабар дода буд. Зимнан ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба таври ошкор ба он ишора мекарданд, ки ин паҳподҳо барои таъмини амнияти марзҳои ин кишвар буда, ҳатто Қамчибек Тошиев ба таври мушаххас аз истифодаи онҳо дар Ботканд ёд кард, ки вилояти ҳаммарзи Тоҷикистон аст. Лаҳни сиёсатмадорони сатҳи олии кишвари ҳамсоя комилан ҳушдордиҳанда ва ҳатто таҳдидомез буд. Ҳам хабари хариди паҳподҳои “Байрақтар” ва ҳам баргузории размоиши вижаи тактикӣ бо истифода аз ин паҳподҳо дар вилояти Иссиқкӯлро, ки бо ҳузури Содир Жапаров гузашт, расонаҳои қирғизӣ ба таври ҳадди аксар таблиғу бузургнамоӣ карданд, то бар ҷониби дигар (яъне  Тоҷикистони мо) фишорҳои равонӣ ворид намоянд. Ба таври хос ба ин нукта таъкид мешуд, ки ҳадафи аслии ин размоиш тамрини иқдомоти ниҳодҳои қудратии Қирғизистон “барои аз байн бурдани душмани шартист, ки сарҳади давлатиро рахна кардааст…”

Аммо Тоҷикистон дар баробари ин иқдомоти кишвари ҳамсоя кучактарин вокунише ҳам нишон надод. Дуруст ҳам кард. Зеро ҳар кишваре метавонад барои таҳкими тавону зарфияти дифоъиву низомии худ иқдомоти мавриди назарашро анҷом диҳад. Маъмулан ҳама кишварҳо чунин кореро бидуни сару садо пеш мебаранд, ки намунаи рӯшани он Ӯзбекистон аст. Аммо замоне доду фарёди касе (кишваре) гӯши фалакро кар мекунад, нишонаи он аст, ки бим дорад, дилаш аз худаш пур нест.

Намунаи боризи ин ҳолати равониро рӯзи 27 апрел дар парлумони Қирғизистон ҳангоми баррасии номзадии Жээнбек Кулубоев барои ишғоли курсии вазири корҳои хориҷаи ин кишвар мушоҳида кардем. Яке аз вакилони парлумон, бо ишора ба баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, аз Кулубоев пурсид, ки оё хабари ба Тоҷикистон вогузор шудани паҳподҳои “Байрақтар” дуруст аст? Кулубоев дар посух гуфт: “Бале, дуруст аст. Туркия ба Тоҷикистон “Байрақтар” фиристодааст. Мо қаблан аз ҷониби Туркия хоста будем, ки дар ин масъала эҳтиёт кунанд, зеро ҳанӯз мушкилоти байни Қирғизистону Тоҷикистон ҳал нашудааст. Мо хоҳиш кардем, ки ба кишварҳои ҳамсоя паҳпод нафурӯшанд. Аммо онҳо ҷавоб доданд, ки масъалаи рушди ҳамкориҳои низомиву фаннӣ як тиҷорат аст. Мо пас аз ба даст овардани иттилооти комил бо ҷониби Туркия музокира хоҳем кард”.

Мо посухи вазири корҳои хориҷии Қирғизистонро ба ин хотир ба таври комил овардем, то рӯшан шавад, ки чунин мавқеъгирии як дипломати ботаҷриба на танҳо дипломатӣ нест, балки бо асли ҳусни ҳамҷаворӣ низ дар мухолифат қарор дорад. Бар асоси мантиқи вай, агар “Байрақтар” ба ғайр аз Қирғизистон дар дасти кишварҳои дигари ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон қарор гирад, хатар дорад. Пас лаҳни таҳдидомези суҳбатҳои сиёсатмадорони расмии қирғиз, ки билофосила пас аз хариди паҳподҳои туркӣ тундтар шуд, ба чӣ маъност?

Ба ин маъно, ки онҳо паҳподҳои “Байрақтар” харидаанд, то сулҳдӯстии худро намоиш диҳанд?

Гузашта аз он, вазири нави корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя ба Туркия, ки яке аз бозигарони фаъоли арсаи геополитикаи минтақавӣ ва ҷаҳонист, мехоҳад ёд бидиҳад, ки чӣ кор кунад ва чӣ кор накунад. Воқеан ҳам ин ҳамсояи мо истисноист… Шояд фикр мекунанд, ки Туркия ба хотири манофеи муштараки нажодии худ бо Қирғизистон ба дигар кишварҳои ғайри турк, махсусан Тоҷикистон, пушт хоҳад гардонд. Агар ин гуна фикр мекунанд, пас фаромӯш намудаанд, ки Туркия як қудрати минтақавист, ки бозиҳои печидаи чандсатҳӣ анҷом медиҳад ва масъалаи тааллуқ доштан ба як нажоди муштарак фақат яке аз абзорҳои таъмини манофеи геополитикӣ ва геоиқтисодиаш аст.

Табиист, ки Туркия муддаии раҳбарии ҷаҳони турк аст, аммо чунин нақшеро мехоҳад дар ҷаҳони ислом ҳам дошта бошад, ки сатҳи болотар аз унсури туркист. Агар пӯсткандаи ҳарфро бизанем, Қирғизистон чандон луқмаи чарбе нест, ки Туркия ба хотири он омода бошад, ба имиҷи худ ба унвони яке аз раҳбарони ҷаҳони ислом латма бизанад, андеша доранд коршиносони мо.

Хандаовартарин нукта ин аст, ки ахиран бахши матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо пахши як изҳорот хабари хариди паҳподҳои “Байрақтар” тавассути Тоҷикистонро рад ва инчунин таъкид кард, ки ҷониби тоҷик бо ширкати «Байкар Макина» (тавлидкунандаи “Байрақтар”) ва дигар тавлидкунандагони паҳподҳои туркӣ ҳеч гуна тавофуқномае имзо накардааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо ин иқдоми худ на танҳо вазири нави корҳои хориҷии кишварашро беиттилову ноогоҳ муаррифӣ кард, балки бори дигар сардаргумии фазои сиёсии Қирғизистонро ба намоиш гузошт. Чунин иттифоқи аҷибу ғариб фақат дар Қирғизистон метавонад рӯй диҳад.

Зимнан, дар иттилоияи ёдшудаи Кумитаи амнияти миллии ин кишвари ҳамсоя омадааст, ки «Қирғизистон сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамсоягии некро пеш гирифта, барои ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад”. Дар идома гуфта шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти сатҳи баланди таҳдидоти террористӣ ва ифротгароӣ барои Осиёи Марказӣ, ки бо вазъияти Афғонистон иртибот дорад, харидории паҳподҳои туркӣ сирфан бо ҳадафҳои ифоъӣ анҷом шудааст. Инчунин таъкид шудааст, ки “Ҷониби Қирғизистон ҳеҷ гоҳе нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сиёсати хасмона пеш набурда ва нахоҳад бурд”.

Бо вуҷуди нукоти манфие, ки қаблан зикр шуд, ин паёми кишвари ҳамсоя ҷойи истиқбол дорад. Зимнан пеш аз ин, яъне рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ низ раиси ҷумҳур Содир Жапаров дар паёми худ ба муносибати солгарди муноқишаи марзии байни Қирғизистону Тоҷикистон таъкид кард, ки “Мо ба манфиатҳо ва тамомияти кишвари ҳамсоя эҳтиром мегузорем.” Умед аст, ки мантиқитар шудани мавқеъгирии масъулони кишвари ҳамсоя ба масъалаи тавофуқи байни Тоҷикистону Туркия дар мавриди хариди паҳподҳои “Байрақтар” иртибот надошта бошад.

Бархӯрди ахири мақомоти қирғиз як паҳлуи мусбат барои вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дошт. Ба ҳар ҳол, пас аз интиқоди зиёди ӯ хоса дар мавсими “облава” бори аввал буд, ки аққалан нисбати ӯ гапи манфӣ нагуфтанд. Яъне, мардум гапи хубро аз бад фарқ мекунанд. Инро мефаҳманд?

Ҷамила Мирбозхонова,

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь