Дар ҳар давру замон барои миллатҳои мутамаддин давлат, истиқлолият ва ваҳдат арзишҳои муқаддас ба шумор мераванд. Мавҷудияти амнияту осудагӣ барои бақои ин арзишҳо нақши муҳим дорад. Омили асосии расидан ба чунин саодат дар ваҳдату ҳамдилии халқ ифода меёбад.

Бо вуҷуди ин, бо арзи афсӯси зиёд дар шароити муосир бархе аз манотиқи заминро одамон, ки аслан соҳибони ин заминанд, ба мабдаи истибдоду истисмор табдил додаанд. Баъзан афроде миёни ҷомеаҳо ворид мешаванд, ки дар хӯю атвор аҳриманзодаеро мемонанд. Ҳамин аст, ки ҷаҳони имрӯзаро ваҳшати терроризму экстремизм (ифротгароӣ) фаро гирифтааст.

Дар даҳсолаҳои охир, ҳодисаҳои ифротгароӣ ва терроризм то чанд доман паҳн карда истодааст ва ин омили манфии дунёи имрӯза махсусан ҷавононро ба доми гумроҳии худ кашида истодааст.

Бояд қайд намуд, ки чунин гуруҳҳои ифротӣ, бо истифода аз боварҳои динию эътиқодии мардум нақшаю барномаҳои аслан зиддиинсонии худро миёни ҷомеаҳо ташвиқ мекунанд. Аз ин лиҳоз, бархе аз нафарони аз дину мазҳаб ва дигар муқаддасот ноогоҳу камогоҳ фирефтаи чунин тарғиботи дурӯғин мешаванд.

Агар ин зуҳуротро аз нигоҳи ҳуқуқӣ баҳо диҳем, кирдори тибқи қонун манъшуда ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар амале, ки бо қонун манъ шудааст, зиддиҳуқуқист ва метавонад ба ҷомеа таҳдид ба миён оварад, амнияти мардуми осоиштаро халалдор созад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд:

“Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем, ба хотири таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани азизамон аҳлона саъю талош намоем”.

Бешубҳа, ҳамагон мушоҳида намуданд, ки вазъияти сиёсии ҷаҳони муосир хеле муташанниҷ гардида, ҷангҳои иттилоотиву биологӣ тезутунд гаштаанд.

Имрӯз миллати тоҷик дар марҳилаи нави ташаккул ва рушди давлати худ қарор дорад, ки дар он ҷаҳонбинии дунявӣ ҷавҳари низоми сиёсӣ ва усули давлатдории миллӣ мебошад. Воқеаҳои даҳсолаи охири ҷаҳон нишон дод, ки ҳеҷ кишваре аз вабои терроризм дар амон нест. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳам нафароне вуҷуд доранд, ки ба қадри истиқлолияту ваҳдат нарасида бо алфози бепояву навмедкунанда аз хориҷи кишвар истода, ибрози андеша мекунанд. Чунин рафтор кӯрнамакию носипосӣ ва дур аз маърифату наздик ба ҷаҳолат будани шахсро нишон медиҳад.

Чанде аз ҳамин тоифа имрӯз дар хориҷи мамлакат истода, ба сӯи рушду сарсабзиҳои ватан аз тариқи шабакаҳои интернетӣ санг меандозанду кӯшиш мекунанд, ки ихтилофе ба вуҷуд оранд. Ин қувваҳо бо тамоми ҷидду ҷаҳд имрӯзҳо кӯшиш мекунанд, ки дар равони мардум, бахусус ҷавонон таъсиргузор бошанд. Аз як нуқс ва ноҷӯриҳои ватан ҳангома сохта, дар замири кас тухми навмедӣ, бадбинӣ, душманситезӣ ва монанди чунин хислатҳои аҳриманонаро мекоранд.

Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузашта бояд сабақ омӯхта, дар ҳар шароит бояд зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.  Ҷавонон ва нақши онҳо дар ин самт бештар таъсиргузор аст. Зеро эҳсос мешавад, ки ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ бештар ҷавонон меафтанд. Аз ин лиҳоз ҷавононро зарур аст, ки дар паи омӯзиши амиқ дар оянда тавонанд сиёҳро аз сафед фарқ карда, амалеро анҷом диҳанд, ки ба нафъи ватан ва миллат бошад.

Сиёсати хирадмандонаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши сиёсати ҷавонон, дастгирии соҳибкорӣ дар байни онҳо ва бунёди ҷойҳои нави корӣ омили муҳими пешгирӣ ва коҳиши иштироки шаҳрвандони ҷумҳурии мо дар муқовиматҳои мусаллаҳона ва ҳамроҳ шудан ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористӣ дар солҳои наздик хоҳад буд.

Исроил Файзов,

корманди МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here