Миллати тоҷик яке аз миллатҳои тамаддунофару таърихсоз ба шумор меравад, ки дар тамоми давр бо садоқату вафои худ дар дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориву посдории ҳаққи ҳамсоягӣ маъруф будаву ҳаст. Нияти неку хубӣ дар вуҷуди ин миллат то ба ҳадде сиришта шудааст, ки манфиати дигареро бар манфиати худ муқаддам мегузорад ва бар худ дидани зарарро раво мебинад, вале намегузорад дигаре зараре бинад…

Вале боз таърих гувоҳ аст, ки ин миллат вақте ба дифоъ аз марзу бум ва хонаводаи худ бармехезад, ҳатман ва бе ягон тардид димор аз он нохалаф мебардорад ва чунон «адаб»-еаш медиҳад, ки танҳо сафаҳоти таърих онро ёд мекунад. Қавитарин ва ғосибтарин истилогарони давр, чи пеш аз милод ва чи пас аз милод, маҳз аз ҷониби ин миллат ба шикаст рӯбарӯ гаштанд ва пайкарашон аз зарби шермардони ин миллат пора-пора гаштанд…

Шояд ҳамсояе, ки имрӯз бо марзшиканиву тоҷикозорӣ ба тори асабҳои мардуми шарифи тоҷик мерасад, гузаштаи худро фаромӯш кардааст, ё худро ба мисли тоҷикон соҳибтамаддуну таърихсоз гумон мекунад ва ё хуни кӯчманчигиаш ӯро маҷбур месозад, ки дар ҷойе қарор нагирад… Ё фаромӯш кардаанд, ки чи гуна ба давлатдорӣ расидаанду дар сарзаминҳои таърихии кӣ хайма задаанд…

Оре, сухан инҷо сари танишҳое меравад, ки чанде боз дар марзҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳад ва ҳатто боиси кушта шудани тарафҳо мегардад. Дар робита ба ин, дар моҳи июли соли ҷорӣ мулоқоти сарони ду кишвар сурат гирифт ва созишномаҳое низ аз ду ҷониб ба тасвиб расид. Тоҷикон баъд аз ин мулоқот бо муҳаббату боварӣ ва эҳтироме, ки ба сиёсати созандаву дурандешонаи Сарвари худ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ҳама гуна иғвоангезиву азиятеро, ки аз ҷониби ин ҳамсоя: аз роҳбандӣ то фишори равонии сокинони марз медиданд, нодида мегирифтанду бо сабру таҳаммули фитрии худ хомӯш меистоданд. Вале ҳар чизе ҳадде дорад! Ба марз овардани 200-300 нафар ҳарбиён ва ба сари сокинони наздимарзӣ ва марзбонони тоҷик силоҳ кашидан, бар хилофи созишномаҳои қаблӣ беэътиноӣ назар кардан ва боз хун рехтан ба ҷуз амали иғвоангез дигар чизе унвон намешавад ва ин ҳама мо тоҷиконро дигар бетараф гузошта наметавонад. Ҳамсояи дар ба девори мо бояд хуб дар ёд дошта бошад, ки дар фарҳанги тоҷик дар баробари таъбирҳои «ҳусни ҳамҷаворӣ»-ву «муносибати неки ҳамсоягӣ» боз таъбирҳои дигаре, аз қабили «бо бадон бад бошу бо некон накӯ» ва «бардор ба оҳан оҳани тофтаро» вуҷуд дорад, ки агар аз он кор гирифта шавад, масъала ранги дигар мегирад…

Валӣ Қутбиддинов                        

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь