Сарзамини хаставу ҷафодида. Мардуми бегуноҳат бо ғаму андуҳ дар ақсои олам саргардон. Раҳме бар тифлу модарон надорӣ? Аз мушкилиҳоят, ки ҷангу хунрезист, ҳамагон ғофил мондаанд. Кадом кунҷи дунёро барои худ сарпаноҳ гиранд? Ту ягона умедашон будӣ… ҳамакнун ҷудоиҳо, яке он сӯи дунё дигаре инҷо дар фиғонанд. Падарро аз писар, модарро аз духтар, алқисса, тифлҳоро аз волидайн дур сохтиву сарнавишташонро зери суол гузоштӣ. Сазои онҳо магар ҳамин буд?
Дар сарзаминат чӣ ниҳон аст, ки боре оромие ҳукмфармо намегардад? Мубориза бурданат бар алайҳи кист ва барои чист? Ин ҷанги ту ҳеч поён ёфтанӣ нест?
Ояндаи мардумат зери суолу заминҳоят оғуштаи хуни бегуноҳону ҷавонони ғурамарг аст. Одамсуратонат халқро шиканҷаву озор медиҳанд. Душманонат бо моли қорун хостгори ба порчаҳо ҷудо кардану харидории сарзаминат ҳастанд. Чаро ба онҳо ин иҷозаро медиҳӣ? Лабханди мардуми ҷафодидаро боз ба бори дуюм дур кардӣ. Дар фикри чандин ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ, фирор аз шаҳри орзӯҳояшон ҷо намудӣ… Ҷавонҳоят дар оғӯши маргу бархеашон бо он даст ба гиребонанд…
Ин сукути ноадолатонаатро шикан ва барои барқароркунии адолат мубориза бар охир… Халқат умед ба оянда дорад. Лек…
Дуюмбора ба сари қудрат омадани ин гургҳои дарандаат, дар дили ҳазорон нафар тарсу ваҳм ҷой кард. Худо шоҳид, ки нав халқ ба худ омад, баҳри сохтани як кишвари демукросӣ саҳм гузоштанду ба оянда умеде бастанд, ки боз ту иҷозаи вурудро ба ин ноодамони хунхору “хиштаккашолон” ба сарзаминат кардӣ ё ба онҳое, ки боварӣ аз дифои заминат доштӣ, туро бо пайсаи ночиз ба дасти душман супурд, шурӯъ аз Бадахшон то шаҳри Кобул. Ба гуфтаи устод Додоҷон Атовулло, “ин шаб демукросӣ дар Кобул гӯронида мешавад. Бидуни ҷаноза”. Оре, боз ҳам ҳақ бар ҷониби уст, вале аз ноумедиҳо басо умед аст…
Ҷанги сарзаминат ҷанги ҷаҳониён шуд. Ҳоло босмачиёнат роҳҳои нави барои эътироф намудани ҳукуматдории нав дар сарзаминат ҷуста истодаанд. Агар чун шавад, боз баргашт ба солҳои аввали ҳукуматдории онҳо хоҳад буд. Қатл, ғорат, даст задан ба номуси духтарон, ноэҳтиромӣ нисбати ҳуқуқи инсон ва аз Эъломияи ҳуқуқи башар дар сарзаминат ҳеч асаре нахоҳад монд…
Онҳо мехоҳанд ҷаҳониёнро фирефтаи нақшаҳои худ кунанд. Аммо чунин нахоҳад шуд. Ҳукуматдории онҳо на танҳо зулмот ба сари миллати афғон, балки хатар ба кишварҳои Осиёи Марказиву Аврупо хоҳад буд. Умедворем, ки ҷаҳониён ин ҳукуматдориро намепазиранд. Халқат хостгори сулҳу субот ва демукросӣ аст. На хостгори ҷангу фитна ва на зулму ситам… Ҳадафи босмачиёнат як аст. Ҳар чанд, ки дар назари ҷаҳониён худро як ҳукумати сулҳҷӯё адолатхоҳ ном баранд…
Ту кишваре ҳастӣ, ки ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ бароят ҳеч аст. Бубин, ки як гул дар заминат намерӯяд. Агар рӯяд ҳам, зуд ба хок яксон мешавад. Чун ту хоре ҳастӣ, ки онҳоро аз миён мебардорӣ. Ҳамакнун мардумонат овораю саргардон… чӣ хориҷу чӣ дохил… Ба умеди имрӯз ё фардо гуфта, ҷон ба ҳақ месупоранд.
Осмон бароят мегиряд. Халқи ҷаҳон бароят дар таассуф аст. Ва ман низ бароят паёме дорам, ки рӯзе ту барои ҳамаи амалҳои зиштат ва барои овораву хор кардани миллатат назди Офаридгор ҷавоб хоҳӣ дод.
Ғолиб МАРАМАТШОЕВ