Тайи солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки аз ҷониби баъзе аз кишварҳои абарқудрат, баҳри якқутба нигоҳ доштани ҷомеаи муосир, тавассути ноором кардани вазъият ва ҷорӣ намудани низоъ як қатор минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ба гирдоби ҷангу муноқиша кашида шудаанд, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар одамони аҳли сайёра, ба хусус, занону кӯдакон, пирону барҷомондагон ва дигар афроди бегуноҳ қурбони бархурди қудратҳо гаштаанд.

Барои амалӣ намудани аҳдофи ғаразноку манфиатхоҳонаи худ дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир, аз ҷониби кишварҳои абарқудрат, роҳу воситаҳои мухталиф, аз ҷумла, муноқишаи қавмию мазҳабӣ, бо таъсири ҷангҳои иттилоотӣ, рӯҳиву равонӣ ва дигар усулҳои хос истифода мешаванд.

Яъне, баъзе аз кишварҳои абарқудрат дар зери пардаи озодию демократия, сулҳу оромӣ ва амнияти кишварҳои дигарро халалдор намуда, ба афзоиши ҳама гуна амалҳои номатлубу хатарзои ҷаҳони муосир, ба мисли густариши терроризму экстремизм ва  қочоқи маводи мухаддиру киберҷиноятҳо замина фароҳам оварда, бештари вақт сенарияи амалҳои зишту разилонаи онҳо дар ниқоби дини мубини Ислом роҳандозӣ мегардад.

Абарқудратҳои олам бо истифода аз дини мубини Ислом дар байни мусалмонони ҷаҳон тафриқаву низоъро барандохта, бо тиҷорати силоҳу муҳиммоти ҷангии худ машғуланд ва барои нест намудани инсоният талош меварзанд. Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони ҷаҳон дар солҳои охир, ин дар ҷомеа пайдо гардидани иғвоангезӣ, тахрибкорӣ, ҳизбгароиву гуруҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имомхатибон, аз минбарҳои масоҷид садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллию давлатӣ суханони таҳқиркунанда ва қабеҳу фаҳш, беасосу бадномкунанда гуфтан, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба шахсони мансабдору қонунҳои амалкунанда ва ғайра ба ҳисоб меравад. Давлатҳои исломие, ки абарқудратҳои олам ба хотири ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ ба майдони ҷангу харобазор табдил додаанд, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон ва дигар кишварҳои исломист, ки хуни ҳазорон нафар аз одамони бегуноҳ рехта шудааст.

Иттилоот-воситаи ноором кардани ҷомеа

Аз рӯйи хулосаи таҳлилгарон, абарқудратҳои олам натанҳо аз дини Ислом истифода мебаранд, балки ба воситаи иттилоот дар байни мардум ихтилофотро ҷорӣ намуда, ҳадафҳои сиёсии худро пиёда месозанд. Аз рӯйи мушоҳидаҳо, дар тамоми ҷангҳои дунё иттилоот нақши ҳалкунандаро мебозад. Маҳз тавассути ахбор метавон ҳам ақидаи солиму созандаро дар ҷомеа бунёду роҳандозӣ намуд ва ҳам баръакс метавон бо як хабари бардурӯғ ҷомеаро ба шӯр барандохт.

Дар тамоми муноқишаҳое, ки байни кишварҳои олам, аз ҷумла, байни абарқудратҳо сар мезанад, бо харҷ намудани маблағҳои ҳангуфт иттилои бардурӯғро миёни аҳолӣ паҳн намуда, мардумро раҳгум мезанонанд ва барои пиёда намудани ҳадафҳои разилонаашон талош меварзанд.

Илова бар ин, қарни 21-ро бе иттилоот ва интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ дар даҳсолаи охир, аз як тараф, муоширати моро осон карда бошад, аз ҷониби дигар, мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овард. Зеро, имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ касе чӣ иттилое хоҳад, пахш мекунад. Дар баробари ин, фейкҳо зиёданд, ки бо пахш намудани хабарҳои қалбакию бардурӯғ мехоҳанд, ҷомеаро ноором сохта, ихтилофотро ҷорӣ намоянд. Илова бар ин, олимону донишмандон асри 21-ро оғози ҷанги иттилоотӣ унвон карданд, ки пахши иттилои бардурӯғ ва бедор намудани ҳиссиёти бадбинӣ байни қавму миллатҳо роҳандозӣ мегардад.

Ёрии башардӯстона, дар паси он чӣ меистад?

Мусаллам аст, ки абарқудратҳои олам бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ҷаҳонро зери назорати худ гирифта, тамоми сарватҳову захираҳои оламро ба манфиати худ истифода баранд. Ин аст, ки бо ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо, ҳамасола бо ҳар роҳу восита, яъне бо «ёрии башардӯстона» ба давлатҳое, ки аз нигоҳи иқтисодӣ заифтаранд, кӯмак мерасонанд. Мушоҳида карда мешавад, ки ҳама он давлатҳое, ки кӯмаки иқтисодӣ мегиранд, зери ҳадаф ва ё мақсадҳои ғаразноки кишварҳои абарқудрат қарор доранд. Аз ин рӯ, набояд фирефтаи кӯмакҳои ғаразноки онҳо гардид.

Суботу оромии моро кӣ мехоҳад?

Мушоҳида карда мешавад, ки хеч гоҳ суботу оромии давлату миллати моро касе ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Нотавонбинон бо ҳар василае мехоҳанд, байни мардуми кишвар кинаву адовати миллиро бедор намуда, бо истифода аз маҳалгароӣ, ақидаи динӣ ва дигар роҳу усулҳо дар байни қишрҳои ҷомеа ихтилофотро ҷорӣ намоянд ва фазои орому осудаи кишварро халалдор созанд. Ин аст ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста иттилои бардурӯғ, пур аз буҳтону туҳматро нашр намуда, бо ин васила мехоҳанд, дар тинати мардуми кишвар бадбиниро нисбат ба давлату миллат бедор созанд. Ҳодисаҳои охире, ки дар кишвар рух дод, далели гуфтаҳои болост. Яъне, дар ҳама ҳолат, қувваи сеюм мехоҳад, ки ихлилофро ҷорӣ намуда, дар байни ҷомеа низоъро барпо намояд ва ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодиаш расад. Дар чунин ҳолатҳо набояд зиракии сиёсиро аз даст дод ва фирефтаи бадхоҳону нотавонбинон шуд.

Тадбир чист?

Аз эҳтимол дур нест, тамоми роҳу воситаҳое, ки душманону нотавонбинон барои аз байн бурдани халқу миллатҳо истифода мебаранд, дар Тоҷикистони биҳиштосо роҳандозӣ гардад. Мардуми кишвар дар ҳама ҳолат бояд омодаи ҳар гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ бошанд. Омодагии доимии ҷангӣ гувоҳи он мегардад, ки ҳеч гоҳ мағлубият насиби давлату миллати мо намегардад. Муҳим нест, ки кадом кишвари минтақа ва ё ҷаҳон чӣ силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ харидорӣ намуд. Аз ҷониби давлатҳои минтақа харидорӣ намудани ҳавопаймоҳои бесарнишин тавонмандии онҳоро нишон намедиҳад. Имрӯз Артиши миллии кишвар ба он қодир аст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро нобуд сохта, ҳангоми ҳуҷумҳои ногаҳонӣ аз усулҳои махсуси ҳозиразамон кор гирад.

Албатта, имрӯз Ҳукумати кишвар бар зидди гуруҳҳову созмонҳо ва онҳое, ки барои рушд намудани миллати тоҷик ва тараққӣ намудани ҷомеаи мо, монеа эҷод карданиянд, тадбирҳои махсусро амалӣ менамояд. Ҳар яки мо муваззафем, ки дар якҷоягӣ паҳлу ба паҳлу истода, дифоъ аз ин миллату сарзамини биҳиштосо намоем. Ба онҳое, ки пешравии миллати моро намехоҳанд, муборизаи беамон бояд бурд ва дар ҳама ҳолат, ҳар иттилое, ки пахш мегардад, дурустии онро мебояд санҷид, то фирефтаи иттилои бардурӯғи душманони давлату миллат нагардид ва барои пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо талош намуд.

Азимҷон БАДАЛОВ,

капитан

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь