Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:
– Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар бораи нуқсҳои иҷтимоӣ ё камбудии зиндагии мардум суҳбат карда бошад. Магар зиндагии мо дар он замон камбудӣ надошт?

Эътироз: Дошт Устод! Фадеев гуфту аз тарси ҷазо худро овехт, Пӯлод Толис бо дод аз бедод рафт, Ҷумъа Одина бо марги тадриҷӣ кушта шуд, Иззатулло Ҳусайнӣ рӯи мизи корӣ ҷон дод. Имрӯз бошад, аз ин ҳодисаҳо сабақ гирифта, намегӯянду зиёфат мехӯранд. Агар камбудиеро бинанд, дар ба дари суд зарари маънавӣ талаб мекунанд…

Олим БОБОЕВ, доктори илмҳои иқтисодӣ:
– Коррупсия миёни соҳибкоронро мешиканад.

Суол: Аввал аз соҳибкорон бояд пурсид, ки миёни киро шикаста, соҳибкор шуданд?

Ҳасани ЧИЛЛА, ширинкор:
– Саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоишҳои зиёди театрӣ дорем, вале ягон телевизион барои сабт ба дарамон намеояд.

Маслиҳат: Кормандони телевизион намеоянд, онҳоро меоранд! Шикамашонро сер кардан лозим, ҳаққи қалам додан лозим, хандондан лозим! То ин ҳикмати корро нафаҳмед, ҳаргиз намеоянд!

Павел ГЛОБА, фолбин:
– Путин курсии президентиро аз даст медиҳад.

Шубҳа: Ҳамин мабодо Трамп ё Навалний барои ин фол гонорар надода бошанд? Бояд решаи ин фоли Шуморо ФСБ кобад!

Шервони УМРИДДИН, рӯзноманигор:
– Яъне, кулли корҷӯёне, ки дар пайи ҷустуҷӯйи кор дар вазоратҳо, кумитаҳо, ширкатҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ мешаванд, тақдир ба рӯйи на ҳамаи онҳо механдад.

Тавсия: О, бародари азиз, «тақдирро тақдирҷунбон мебояд!». Наход ҳамин пандро намедонед, чаро кор мекобед?

Хадамоти алоқа:
– NGN алоқаи пастсифат аст.

Пурсиш: Шояд мушкил дар он аст, ки дар Тоҷикистон ба дасти кадрҳои пастсифат афтидааст?

Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here