Дуруд!

Абдувоҳид, маро бубахшед, ки бо сабаби серкорӣ ва баҳонаи “гӯши фарёдшунав нест, худоё дар шаҳр” кайҳо боз нома навиштанро ба Шумо бас кардам. Ҳарчанд дар ин байн чандин нафар хоҳиш карданд, ки ин суҳбатҳоро бо Шумо дар шакли як китобаки алоҳида чоп кунам, то дастуре шавад дар номанигорӣ ба рӯзноманигорони оянда.

Вале ончунон дилам аз таълиму аз қалами касеро рост кардан мондааст, ки ба ин гуфтаҳо таваҷҷуҳе накардам. Ба касе лозим аст, касе майл дорад, ин номанависии ману Шуморо, ки дар адабиёт аслан чизи тозае нест, дар саҳифаҳои нашрия ҷӯяду пайдо кунаду хонад.

Шумо чӣ ҳол доред? Шунидам бобо шудеду писари азизатон Ҳушангро хонадор ҳам кардед. Акнун ба фикрам кам рисолате анҷомнадода дар зиндагӣ доред. Кунун, ҷиддӣ аз пайи шеъру дардномависӣ шавед. Сурудаҳое, ки на камтар аз сурудаи “Додо, додо” бошад.

Абдувоҳид!

Ду- се рӯзи ахир аз мусибати ба сари мардуми Хуросонзамин омада, дилгирам. Дирӯз навореро дидам, ки чӣ тавр мардуми одӣ ба чархҳои тайёраи Амрико мечаспанд то аз дасти “Толибон”, ки дубора мулкро ғасб намуданд, раҳо ёбанд.

“Толибон” ин бор ба осонӣ мулкро забт карданд. Аксари мардуми ба ҷон омада аз порахӯрию қавмпарастии ҳукуматдорон ба ин гӯиё бетафовут буданд. Гӯиё фарқ надошт, ки ба сари қудрат толиб меояд ё коммунист. Ба қавли Озарахш:

Кори ман чӣ?

Як сайис омад раисӣ кард, ё раис омад сайисӣ…

Дар Афғонистон барвақт дарк кардаанд, ки ба тумори мулло ҳам бояд пул диҳӣ, ба маълумотномаи раиси ҷамоат ҳам. Аз ин рӯ, мардум ба ҳой-ҳойи чанд пулҷамъкардаи қумондони яроқбадаст, на дода шуданду на аз дунболашон рафтанд. Ҳарчанд, эшон пеш аз наздик омадани “Толибон” ба шаҳрҳояшон ҳай доди ватанхоҳию бузургӣ заданд, вале бо омадани ғосибон бо сад баҳона тарки майдон кардаву ( ба қавле “дингӯз” зада) бо таҳдиди “ҳоло бармегардем” ба кишварҳои ҳамсоя гурехтанд.

Ин ҳокимҳое, ки “баъди султонӣ гадоӣ” хушашон намеояд, пеш аз ҷанг ҳам дурӯғ мегуфтанд, баъди гурехтан ҳам, дурӯғ мегӯянд. Дар ин кор ҳамто надоранд. Шояд ягона коре, ки аз дасташон меояд, кафки даҳон парронидану воҳима кардан аст, то мардуми сода бовар кунанд.

Имрӯз Афғонистон дар доми дурӯғ печидааст.

Имрӯз ин кишвар дар доми тарс печидааст.

Имрӯз ин кишвар дар доми нобоварӣ афтодааст. Намедонад ба ваъдаҳои пеш аз тахтнишинии толиб бовар кунад ё не… Мардуми бечораро фақат андешаи “фардо чӣ мешавад?” азият медиҳад.

Маро ҳам. Шуморо чӣ, Абдувоҳид?

Дунё ба умед…

 Узр

Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Саломе чу бӯйи хуши ошнойӣ!

Инак, мактубатонро гирифтам. Пас аз таваққуфи зиёд, ин мактуби аввалин аст, ки ба номи ман омадааст, яъне ғайр аз Шумо ба ин наздикиҳо касе ба номам номае нанавишта буд ва худам ҳам ба касе чизе нанавишта будам.

Шунидам, ки бо беморӣ даст ба гиребон будеду шукри Худо ғолиб баромадед!

Гуфтам, ки агар ҳамин Хуршед ҳам равад, дигар ба кӣ дарди дил мекунӣ? Ҳарчанд, ки вақтҳои охир бо сабабҳои гуногун мо суҳбати яклаҳзаинае, ё вохӯрие надоштем, чӣ расад ба мукотиба!

Барои табрикотатон ташаккур мекунам, аммо Шумо, ки дар сур иштирок доштеду мегӯед, ки “шунидам, ки бобо шудӣ”, ин аз фаромӯшхотириатон дарак медиҳад. Шояд бемории ҳарина таъсир гузоштааст?!

Узр, ки бо сабаби беморӣ натавонистам дар ҷашни висоли писаратон иштирок дошта бошам. Шумо ва оилаи муҳтараматонро табрик мекунам. Бобою бибӣ шавед! Таманнои онро дорам, ки фарзандони дигаратонро низ бо хушиву хурсандӣ оиладор кунед.

Дар бораи эҷоди шеър ҳамин нукта бас аст, ки гуфтаанд: Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад?! Барои ҳамин ҳам, дар саҳифаи Фейсбукиам фақат навиштаҳои пешина такрор ба такрор гузошта мешавад.

Дардноманависиро (барои худам) барвақт сар кардаам, аммо фикр мекунам барои нашр ё ба маърази ом гузоштан намеарзад, чун халқи ҷаҳонро ғами як бурида нон гирифтааст ва аз дардномаҳои ману Шумо фоидае нест. Аммо дунё ба умед. Ҳамин мукотибаи худамонро низ ҳамин тақдир будааст. Ман ҳамеша тарафдори он будам, ки мукотиба канда нашавад, аз як тараф дила холӣ мекунию аз дигар тараф шояд рӯзе ба дарди касе хурад…

Рӯзҳои охир дар шаҳр набудам. Деҳа рафта будам. Он ҷо аз телефону компютеру шабакаҳои иҷтимоӣ дуртар, аз ҳавои поку тоза нафас кашидам. Бо хешу табор вохӯрдаму аз дидорашон сер ношуда баргаштам. Дирӯз баргаштаму шабона ба интернет сар задаму аз хабарҳои охирин дар бораи рӯйдодҳои Афғонистон хабардор шудам, яъне, то ман аз деҳа омада будам, ки “Толибон” Афғонистонро забт карда буданд.

Шумо медонед, ки табиати мулоими ман бо сиёсат, ки дар назарам дурушт метобад, ҳич мутобиқат намекунад. Хосса, агар гап дар бораи ҷангҳои номардона байни қавму қабилаҳо равад, намехоҳам назар дода бошам, чун медонам, ки фоида надорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь