Ҳар рӯз ояти шикоят мехонем ва боз мепурсем, ки чаро дунёямон пур аз шикоятнома шудааст?

Коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар филми навашро бо номи “Дов” дар дохилу хориҷи кишвар намоиш дод. Бархе диданду раҳмат гуфтанд, бархе надиданд. Ба унвони дидаҳо раҳмат рафт, вале коргардон аз надидаҳо шикоят кард. Ӯ дар “Facebook” аз аҳли зиёд гила кард, ки ба дидани филмаш намераванд, бинандаҳо кам ҳастанд, қарздор ҳам шудааст ва ғайраҳо.

Ба дидани кино рафтани муаллим хуб аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ барои нарафтанаш ба кинотеатр аз ӯ гила кардан хуб нест. Маошаш 1000 сомонӣ аст, вале бечора намедонад онро чӣ гуна тақсим кунад. Пули обунаи рӯзномаҳоро, пули мақолаи нонавиштаашро, ба фарзандаш либос гирад ё қарзи мағозаи поёни биноашро диҳад? Журналист ҳам ҳамин хел, ҳунарманд ҳам ҳамин хел, духтур ҳам ҳамин хел ва ҳама ҳамин хел.

Биёед, бигзорем, гап сари 20 сомонӣ нест, вале модоме ки аҳли зиёи мо ин қадар мушкил дорад, аз куҷо барои филмтамошокунӣ хушу вақту ҳуш дорад?

Аз Мастчоҳи кӯҳӣ хабар доданд, ки як дона тухм 2 сомонӣ шудааст. Роҳкирои Душанбе-Данғара 50 сомонӣ аст. Панҷ литр равған 115 сомонӣ аст… Бубахшед, вале мардум дар фикри ин рақамҳоянд.

Дуруст дарк кунед, мо гуруснагӣ эълон накардаем, вале ҳоло ҳамагӣ аз пайи пешбурди аробаи зиндагӣ ҳастанд. На шикоятро мехонанду на мепазиранд. Хуб аст, ки кинодӯстон мераванд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ нарафтани бархе нохуб нест. Мехоҳад, меравад, намехоҳад, намеравад!

Аз ҷониби дигар, ҳоло аксар мардум газетаҳоро намехонанд. Пас, бояд ҳама газетчикҳо шикоят кунанд ва мардумро маҳкум намояд? Мешавад ҳолате, ки муаллим як шогирди инфиродӣ ёфта наметавонад, то ки даромади иловагиаш шавад. Пас, ӯ ҳам бояд шикоят кунад ва волидонро бо он ки фарзандонашонро барои дарси иловагӣ наздаш намефиристанд, маҳкум кунад?

Барои он ки мардум маҳсуламонро хонанду шунаванду бубинанд, набояд онҳоро гунаҳкор кунем, набояд аз онҳо гила кунем, набояд онҳоро маҳкум кунем, балки беҳтар мешавад роҳе биҷӯем. Бояд роҳе ҷуст. Бояд филме сохт, ки пешакӣ харидор дошта бошад. Филме, ки қарздор накунад, балки фоида орад.

Илова бар ин, дар ин замон киносоз пеш аз таҳияи филм бояд роҳи фурӯши онро ёбад. Кӯшиш кунад, ки дар майдонҳои нав ва фоидаовар маҳсулашро фурӯшад ва ҳам фоида ба даст ораду ҳам мардумро барои нарафтанашон гунаҳкор накунад.

Ба фикри инҷониб, дар шароити имрӯз ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ҷомеаро (ҳатто зиёиёнро) барои нарафтан ба дидани филм интиқод кунад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S. Мо тарафдорем, мо хурсандем аз тавлиди як филми хуб, вале ҳамеша зидди шикоятномаву шикояткунандагонем, балки намехоҳем фазои маҷозиамонро ояти шикоят пур кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь