Оё Шералӣ Кабир метавонад Хоруғро ба“Лаъли Бадахшон” табдил диҳад?
Ҳарчанд чанд вақти охир аз ВМКБ бештар ахбори начандон хуб паҳн мешавад, дар ин миён хабаре ҳам пайдо шуд, ки боис ба дастгирии саросарӣ гардид.
Гап сари таъйин шудани вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба сифати намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ аст, ки аз ҷониби мардуми Бадахшон ва ҳам корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.
Басо рамзӣ буд, ки ин хабар дар рӯзи ғалаба – 9 уми май паҳн гардид. Инро мешавад чунин баррасӣ намуд, ки ахиран ахбори мусбат ба манфӣ ғолиб меояд.
Зимнан, дар баёнияи расмие, ки мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ нашр кардааст, аз ҷумла мехонем: “Дар заминаи ғамхориву дастгирии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ВМКБ мӯҳтарам Мирзонабот Алишер Худойбердӣ бо мақсади рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ, таҷлили сазовори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон татбиқи амалии рушди соҳаи саноат дар маркази маъмурии ВМКБ барои панҷ соли оянда, Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ таъин гардидаанд. Аз ин дастгириву ғамхоррии навбатии Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва кулли сокинони шарафманди ин гӯшаи биҳиштосои Ватани азизамон сидқан ва самимона сипосгузор буда, барои ояндаи созандаи шаҳри
Хоруғ якҷо бо мӯҳтарам Шералӣ Кабир ва раиси ВМКБ мӯҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ камари ҳиммат мебанданд, то шаҳри Хоруғро марҳила ба марҳила ба нигини Бадахшон ва Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил диҳанд”.
Ин бовару эътимоди мардум ба Шералӣ Кабир дар худ омилу сабабҳои ҷиддӣ дар пай дорад. Зеро, ин соҳибкори муваффақ дар гузашта ва феълан аъзои ҳукумат дар чандин ҳолатҳо тавонистааст барои ҳалли нофаҳмиҳо дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла Бадахшону Рашт мусоидат намояд. Яъне миёнараву менеҷери муваффақи ҳалли низоъҳост. Аз ҷониби дигар, мушкилиҳои сохтаи бавуҷудовардаи гурӯҳҳои манфиатдор чанде пеш дар бораи ҷудо кардани Ванҷу Дарвоз аз ВМКБ акнун ноҷоии худро исбот мекунад.
Баъдан корҳои ободкориаш дар ноҳияи Дарвоз исбот намуд, ки метавонад ба ҳар иқдоми саркардааш натиҷаи муваффақона бидиҳад.
Бовари сеюми мардум ба ин нигаронида шудааст, ки ӯ зодаи ҳамин вилоят аст ва ҳатман самимона ба вазифаи ба зимма гузоштааш муносибат хоҳад кард.
Барои ҳамин дар баробари сокинон баъзе аз кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ низ омадани Шералӣ Кабир ба Бадахшонро фоли нек арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ӯ на танҳо барои рушди шаҳр иқдом мекунад, балки барои оромии он низ саҳмгузор хоҳад шуд.
Шералӣ Кабир дар масъулияти нави худ вазири фарҳанг Зулфия Давлатзодаро иваз кард. Хонум Давлатзода масъули вобаста ба 30 – солагии истиқлоли кишвар интихоб шуда буд, аммо бо сабабҳои айниву зеҳнӣ дар ин росто натавонист кори ҷиддие анҷом бидиҳад.
Дар натиҷа бештар аз сохтмонҳои иншооти фарҳангӣ мегуфт, ки бо маблағгузориву сарпарастии ҳукумати марказӣ бунёд шуданд.
Акнун Шералӣ Кабир дар 5 соли пешорӯ имкон дорад, ҳам тавонмандиҳои бештари худро ошкор намояд ва ҳам барои то ҷое фаъолтар шудани ҳукуматҳои маҳаллӣ муваффақ гардад. Зеро аксари мушкилоти мардумро коршиносон дар он мебинанд, ки дар сатҳи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо масъулон ташаббускор нестанд. Аз ин ҷиҳат соҳибкори муваффақи собиқ ва аъзои нави ҳукумат метавонад ба онҳо таъсиррасон шавад.
Бархе сокинон зимни сӯҳбат ба мо гуфтаанд, ки маҳз надоштани кордонӣ ва
набудани ташаббускорӣ дар масъулони шаҳр боис гардид, ки маблағҳои ҷудошуда аз ҳисоби марказ мақсаднок истифода нашуданд. Дар натиҷа танҳо корхонаҳои фарҳангӣ ва биноҳои ҳукуматӣ сохта шуданду халос, ҳол он ки Бадахшон ба корхонаҳо ва ҷои кор зарурати бештар дорад.
– Аз рӯи шунидам барои Хоруғ сармоягузорон беш аз 2.5 миллион доллар ҷудо кардаанд. Мо бовар дорем, Шералӣ Кабир ин маблағҳоро маҳз ба бунёди корхонаҳо ва кам кардани бекорӣ масраф хоҳад кард, – мегӯянд сокинони Бадахшон.
Гуфта мешавад, чун Шералӣ Кабир кордон асту муваффақ, метавонад созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бунёди Оқохонро низ дар рушди минтақа бештар ҷалб намояд.
Бархе таҳлилгарон фақат дар як масъала шубҳа пеш меоранд, ки ин ҳам вобаста аст ба масъулияти ғайрирасмӣ доштани Шералӣ Кабир ва мегӯянд, агар ӯ раиси ВМКБ таъин шавад, таъсираш бештар хоҳад буд.
Ҳарчӣ ҳаст, ё не, аллакай ҳафтаи гузашта муовини Шералӣ Кабир дар вазорати саноат ва технологияҳои нав ба Хоруғ сафар намуду аз иншооти гуногун дидан кард. Бовар дорем вақте худи вазир ба минтақа сафар мекунад, хабарҳои ҷиддитарро хоҳем шунид.
Ҳама ба умеди муваффақият ва ободии бештари кишварамон ҳастанд.
Ҷамила Мирбозхонова, “Фараж”