Ҷаноби Тоҳирӣ, дар ҳамин қимматии пиёзу тухму тарбузу орду равған ва даҳҳо маҳсулоти дигар, намедонам аз куҷое ба сари шефи хона фикри ба хонаашон – Хуҷанд рафтан зад.
– Меравем, қариб як сол мешавад, ки нарафтаем, – эътироз кард.
Мо, ки аз ҷумлаи нафарони ба эътирозҳо эътироз намекардагӣ ҳастем, ба Хуҷанд раҳкӣ шудем.
Ҷаноби Тоҳирӣ, дар истгоҳи аввали масирҳои Хуҷанд, ки бо номи “воданасос” маъруф аст, на мо таксии бадилу ҷайбамон мувофиқ ёфтему на ронандагон моро. Фақат инро бояд бигӯям, ки суҳбати кӯтоҳамон бо ронандае чунин сурат гирифт:
– Роҳкиро чанд аст?
– Дусад сомонӣ.
– Шарм намедоред?
– Мошини худам аст, чӣ қадаре, ки хоҳам, нархро мемонам.
Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳатто дидам, ки мошинҳои баландтар 250 сомонӣ гуфта гашта буданд. Кӯтоҳи сухан, ба истгоҳи дуюм, ки бо номи “семензавод” машҳур аст, рафтем. Мошине, ки ба қавле “попути” буд, сари ҳар кадомамон 150 сомонӣ розӣ шуд ва ба роҳ баромадем.
Ҷаноби Тоҳирӣ, вақте ки аз тарозуи аввал гузаштем ронанда ғӯр-ғӯр карда, аз қимматшавии он гуфт. Вале мусофири партаи пеш, ки аз суханонаш пайваста Душанбе-Хуҷанд рафта меояд, гуфт, ки гароншавии тарозуҳо аз оғози соли 2022 аст.
Ҷаноби Тоҳирӣ, пас аз ист кардан ва чанд пул ба корманди БДА додани ронанда, то рафт суръати ҳаркати мошин суст мешуд. Пас аз чанде пурсидам:
– Чаро ин қадар бо суръати оҳиста меравем?
Ӯ орому худро доно вонамуд карда, посух дод:
– Он корманди ГАИ, ки ҳаққашро гирифт, гуфт чанде пеш ин ҷо садамаи маргбор шудааст ва пештар ҳам милиса меистад. Барои ҳамин оҳиста меронам, ки бо пули обеди дигарҳояшро ҳам мо надиҳем.
Ҷаноби Тоҳирӣ, дар ин вақт худ ба худ ин ҷумла дар сарам пайдо шуд ва инчунин аз забонам баромад:
– То вақте ки ронандагони мо суръати ҳаракаташонро маҳз бо сабаби будани кормандони БДА паст мекунанд ва то вақте ки кормандони БДА бо сабаби садамае шудан ё чанд пуле кор кардан дар роҳ меистанд, мо дар сомонаи vkd.tj хабарҳои садамаҳои зиёдро мехонем.
Ҷаноби Тоҳирӣ, ёдат бошад, дар мактуби қаблиям дар бораи қимматии тарбуз навишта будам ва чун мо дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”-и Хуҷанд расидем, зуд назди тарбуфурӯшон рафтам, зеро пешакӣ таърифи арзонии тарбузро ба ман гуфта буданд.
– Майдаш 10, миёнаш 15-20 ва калонҳояш 30-35 сомонӣ, – оромона гуфт тарбузфурӯш.
Мо тарбуз нагирифтем, вале ронанда ду тарбузи 20-сомона харид. Чун аз ин харид мусофири дигар бохабар шуд, шикоят карданро оғоз кард, вале ман гуфтам, ки дар пули ду тарбузи ин ҷо мо дар Душанбе якто мехаридем.
Ин гапи маро мусофири партаи пеш фаҳмида, ба сухан даромад:
– Чанде пеш Душанбе рафтам будам, бовар кунед, нашинохтам. Кӯчаҳо, боғҳо, мошинҳо, биноҳо… гуфти холаи Фотимаи дарвозӣ Париж. Бо вуҷуди рӯз аз рӯз ободу зебо шуданаш чаро нархи бозорро касе “контрол” намекунад?
Саволи ӯ беҷавоб монд ва мо назди “Мактаби Оксфорд”-и миллионер ва муаллими тиҷорат Саидмурод Давлатов расидем. Аз даруни мошин ҳама васфро оғоз карданд, ки бо гузашти тақрибан 80-100 метр аз назди мактаб ҳамагӣ чанд метри роҳ бисёр безеб шудааст, ҳатто мусофирон як маротиба ронандаро ва ҳам ронанда як бор роҳ ё масъулини бемасъулиятро “садқа” мешаванд.
– Намешавад, миллионери тоҷик ин роҳро, ки пеши мактаби худаш аст, таъмир кунад? Охир, роҳсозиву роҳтаъмиркунӣ ин садақаи ҷория аст ва аксари пулдорон кӯшиш мекунанд, ки чунин хайр кунанд.
Ҷаноби Тоҳирӣ, мо ба ҷойи лозимӣ омадем. Дидему хӯрдему истироҳат кардем. Рӯзи омаданамон писари хурдии хонадонро гуфтанд, ки дар сартарошхонаи деҳа рафта муйи сарашро кам кунад ва ӯ як-як дар бораи хизматрасонии сартарош маълумот дод:
– Сартарошхонаи мо аҷиб аст. То синфи 4-ум 5 сомонӣ, то синфи 6-ум 10 сомонӣ, то синфи 11-ум 15 сомонӣ ва калонҳо агар ороиши мӯйашонро зиёдтару беҳтар кунанд 20 сомонӣ аст. Вале барои маъюбон бепул аст.
Шукр, ки чунин одамон ҳоло ҳам ҳастанд ва барои қишри ниёзманди ҷомеа дар доираи имконоти худ имтиёз пешниҳод мекунанд.
Ҷаноби Тоҳирӣ, пас аз омадан ба Душанбе чанде аз дӯстон пурсиданд, ки аз Хуҷанд чӣ савғо овардамашон. Ба онҳо гуфтам, ки савғои чашм овардамашон ва он дар “Фараж” нашр мешавад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ