Ҳар вақт метавон варианти “Б”ро истифода кард, вале аввал бояд онро дошт.

Нуралӣ зинаи магистратураро хатм намуд. Оиладор шуд. Дар пойтахт иҷора гирифт. Дар донишгоҳе муаллим шуд. Маошаш 1500 сомонӣ буд. Иҷорааш 1100 сомонӣ. Ӯ байни ҳамкорон хеле чолоку корӣ ба ҳисоб рафта, корҳои ба зимма доштаашро дарҳол ва бечунучаро иҷро мекард, вале ҷиҳати манфии кор дар он буд, ки ӯ рӯзгори бад дошт. Маоши ӯ барои таъмини маишати рӯзгораш намерасид. Даромади ӯ аз баромадаш кам буд. Ба ҷуз маош дигар дар бораи ҳеҷ даромаде фикр намекард, аниқтараш, фикр карда наметавонист. Ягона роҳи пешбурди зиндагиро танҳо дар маоши ночизаш медиду халос.

Дар ҳоли ҳозир ҳамчуноне, ки барои донишҷӯ шудан роҳ зиёд аст, барои аз ҳозира дида муваффақтару комёбтар шудан роҳ ё роҳҳои зиёд мавҷуд аст. Дар ин ҷо танҳо моро мебояд, ки аз чунин роҳ ё роҳҳо истифода бурданро омӯзем, донем ва таҷриба кунем.

Бадбахтона, аксарияти ҷавонони мо сархати болоро намедонанд ва ё донистан намехоҳанд, чунки ба умри ҷавони худ нигоҳ накарда, худро бар ивази 1000-1200, 1500-2000 сомонӣ “зиндонӣ” мекунанд. 1000-1500 сомонӣ барои бисёриҳо нуқтаи кулминатсионӣ мебошад. Аммо ин дар ҳолест, ки иҷораи мо аз 1000 сомонӣ кам нест. Вале ин дар ҳолест, ки бо маоши номбаршуда аз бозор танҳо чанд селофан барои рӯзгор харид кардан мумкин аст. Лекин ин дар ҳолест, ки маошгирандагони мо солҳои зиёд дарди сари волидонашон буданд ва ҳоло онҳо аз инҳо умеди ёрмандӣ ва дастгирӣ доранд. Аммо, вале ва лекин чунинҳо худро хӯрондаву пӯшонда наметавонанд. Зеро, инҳо афроде ҳастанд, ки бо диди бисёр танг ва ноилоҷонае тамоми умри гарону ноёфту такрорнашавандаи худро гузаронидан мехоҳанд. Ин гунаҳо дар роҳрави каҷукилеби рӯзгор танҳо як хатро мебинанд. Дар ин росто, кӯшиш мекунанд, ки хати мазкурро роҳи худ, тақдири худ, сарнавишти худ интихоб карда, аз он ҳаргиз набароянд. Ягона муттако, ягона буду шуд, ягона таъминкунандаи зиндагӣ, ягона роҳи наҷот, ягона сабаби намурдан, ягона роҳи беохири зистан онро қабул карда, то нафас мекашанд, аз он намебароянд.

Медонед барои чӣ? Барои он ки онҳо аз гуруснагӣ мурдан намехоҳанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо дигар кори мекарданӣ надоранд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо қолабӣ ҳастанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо бисёр диди танг доранд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо чӣ қадар гарон будани “нарх”-и худро намедонанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо калону кушод дидаву фикр карда наметавонанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо зиндагиро аз равзанаҳои дигар дидан намехоҳанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо аз риск кардан метарсанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо аз курсиҳои куҳнаву фартут, аз компютерҳои “пентюм 3” ва утоқи пур аз дуди сигорашон метарсанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо аз муҳити танги худ берун фикр намекунанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо дар худ истеъдоду маҳорат, идеияву фикрҳои ҷолибро кашф карда наметавонанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо аризаи истеъфо навиштанро ҳаммаънои қоим шудани қиёмат медонанд.

Медонем барои чӣ? Барои он ки онҳо қадри худро намедонанд.

Мо намегӯем, ки ҳар нафар аз кораш истеъфо диҳад, чун ба вай маоши кам медиҳанд, балки хотирнишон мекунем, ончуноне ки бисёриҳо фикр мекунанд, он тавр нест, балки як дари баставу 1000 дари кушода аст.

Бовар кунед, ин дунёи дурӯза арзиши худро бо 1000-1500 сомонӣ “зиндонӣ” карданро надорад. Биёед тамоми имкониятҳоро истифода бурда, худро месозем, зеро мо ояндаи миллатем!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь