Ҳафтаи гузашта ваъда дода будем, ки мавзуи баҳсамонро дар мавриди нишастҳои матбуотӣ идома медиҳем ва инак, навбати дигар ниҳодҳо.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз ба роҳбарии он омадани Шерхон Салимзода аз рӯйхати нишастҳои матбуотӣ куллан хат заданд. Сабабашро касе намедонад. Дигар ягон парвандаи пурсарусадо ҳам дар ин агентӣ нест. Шояд дар ин замина мушкиле дигар надорему вақт аст ин ниҳодро барҳам диҳанд? Кормандони маркази матбуотиаш бошанд, тамоман мисле, ки фақат бо акс гирифтан корашон анҷом меёбад. На касе онҳоро дидаасту на касе мешиносад. Ва аз ҳамкориҳо бо рӯзноманигорон ҳам куллан дуранд. Шояд сабабаш он бошад, ки онҳо худашон 1 рӯз дар матбуот кор накардаанду рӯзноманигор нестанд ва қадри қаламро низ намедонанд. Курсиро танҳо барои гирифтани рутба банд кардаанд?

Ҳоло чунин мӯд ҳам шудааст, ки як корманди техникӣ даъвои “шефӣ”-и рӯзниманигоронро дорад. Техник! Ёбу гир!

Аз вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода журналистон хоҳиш доранд, ки нишастҳои матбуотиро худаш баргузор кунад. Зеро муовинаш Саида Умарзода беш аз 70 сардухтури беморхонаҳоро ба нишасте овард, ки беш аз 40 журналисти дохиливу хориҷӣ ҳузур доштанд. Ҳамааш хуб мебуд, агар онро муовини вазир ба бозор табдил намедод. Зеро на ба касе сухан медод ва на сухани касеро гӯш мекард. Ҳанӯз нишаст тамом нашуда, толорро тарк кард. Ба қадри интизориҳои тӯлонии журналистон нарасида, ҳатто «миҷааш хам нахӯрд». На танҳо ҷавоб надод, ҳатто маъзарат ҳам нахост. «Дипломатия»-и нописандӣ!

Вале раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода тамоман гузаронд. 58 дақиқа варақаи иттилоотиро хонд ва пас аз анҷоми нишаст ҳатто имкон надод, ки рӯзноманигорон ба ӯ суол диҳанд. Раис гуфт, ки «вақт нест, дар Ҳукумати ҷумҳурӣ маҷлис аст, маро нигоҳ доранд, бояд равам!». Аммо рӯзноманигорон ба ҷойи суол ба хоҳиш гузаштанд, ки «ақаллан, ҷаноби раис, 2-3 саволи моро гӯш кунед». Чунин рекордро мо аслан вонахӯрдаем!

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Раҷабмо Ҳабибуллозода бошад, зимни нишаст қазияи латукӯби маъюб дар вилояти Суғд ва шикояти модарашро чунин шарҳ дод: «Қазияро хуб медонам, ягон шикояти модар асоснок набаромад. Модараш дар Интернету ҳама ҷо шикоят карда гаштааст». Ҷавоби Ҳабибуллозода воқеан ҳам хеле бепарвоёна буд, зеро агар ба мавзуъ жарфтар ворид мешуд, кафидани гӯши маъюбро 4 сол пеш таҳқиқ мекард. Зеро, тибқи ташхиси духтурон, парда танҳо пас аз латукӯб чунин мекафад. Ва модари бечора дигар ба ваколатдор ҳам муроҷиат намекард…

Боз як ҳолати хеле аҷиб ва хандахариш! Фотеҳ Аминзода – раиси ноҳияи Темурмалик рӯзи 29-уми июл баъди суоли яке аз хабарнигорон, ки ба сардорони додситонӣ, пулис ва додгоҳ рабт доштааст, мегӯяд: «Гӯш кун, дар ҳамин ноҳия суд ҳам ман ҳастам, прокурор ва милиса ҳам ман ҳастам. Дар назди шумо ман ҷавоб мегӯям. Аммо агар зарур бошад, онҳоро даъват мекунам».

Ана ҳамин гуна мансабдорон ва рафторҳои аҷиби онҳоро дорем. Агар дар ин миён нишасти Вазорати корҳои дохилӣ намебуд, шояд мегуфтем, ки нишастҳоро мешавад батамом сарфи назар кард.

Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилӣ ба маънои томаш нишон дод, ки як мансабдори дурбин аст. Аввалан, ӯ тамоси селексионӣ ташкил намуда, бо тамоми сохтору шуъбаву раёсатҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо тамос барқарор намуд ва агар саволе пайдо мешуд, ба зудӣ онро ба журналистон дастрас мекард ва баъдан, бо вуҷуди серкорӣ ва зангҳои паёпайи муҳим, ӯ ба онҳо посух дода, боз ба толори нишаст бармегашт. Ва нишастро беш аз 2-юним соат гузаронд. Воқеан тавонист, зеро аз ҳар дақиқа хуб истифода мекарду сиёсати давлатии кишварро хеле хуб ташвиқ менамуд. На ин ки мисли бархе дигар мансабдорон интизор дошт кай нишаст тамом мешаваду “нафаси осуда” мекашад. Вале аксарияти мансабдорони мо чунин нозукиҳоро эҳсос намекунанд.

Шояд Рамазон Раҳимзода нишон бидиҳад, ки бо вуҷуди серкорӣ вақт меёбаду барои мансабдорони дигари тоҷик ҳам дарси истифода аз ҳузури журналистонро ташкил мекунад?

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь