Ой мардум, як бор Паёми шодбошии Пешвои миллатро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон хонед… пур аз ҳикмату раҳнамоиҳо барои мост! Он ҷо таъкид шудааст: “Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад”.

Бо фарорасии идҳо, хоса идҳои Рамазону Қурбон, ба қавле бурути савдогарҳоро табар намебурад. Нарх дар осмон мехезад ба таври сунъӣ мехезаду ҳеч мақомоте ба доди харидор намерасад. Маълум, ки онҳоро нафаре аз “болотар”. идора мекунад. Вагарна, бубинед, чаро ҳатто таъкидҳои Пешвои миллат, ҷаримабандии Хадамоти бойторӣ, ҷазои Прокуратураи генералӣ, дархосту фармонҳои раиси шаҳри Душанбе, ошкор гардидани гӯшти чорвои ҳароммурда, мавъизаҳои Шӯрои уламо нархи маводи аввалияи ғизоиро дар шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ поён намебарад. Вале “Фейсбук” аз нархҳои барои кисаи раисон “муътадил” мегиряд.

Дигар, аз бозорҳои «Корвон», «Саховат» ва «Садбарг», ки 4 фасли сол пуриздиҳом аст, маҳз дар арафаи ид ронандаҳои ба истилоҳ “таксиҳои 7 сомона” ба ҷойи 7 сомонии меъёршуда 10 сомонӣ меситонанд. Ба суоли “чаро роҳкиро бардоштед?” аз Худову бандаҳояш натарсида: «Идай охир, мо ҳам як чӣ кор кунем, дастархон кардан даркор!» – мегӯянд.

Дар ин моҳи муборак мардум кӯшиш карданд аз ғайбат, ҷангу ҳасудӣ ва гапи бад каме ҳам бошад, дурӣ ҷӯянд. Аммо дашномҳои “облавачиён” дар назди зану модарашон хашми мардуми оддии мусулмонро дар тамоми гӯшаҳои дунё ба бор овард ва шокӣ кард. Видеои облаваи як ҷавон дар шаҳри Кӯлоб, ки ахиран ба садама оварда расонд, пур аз ҳақорату дашноми облавачиён бо суҳбати “ёрдамчӣ”-ҳояшон аст, ки зиндаву мурдаро ором намегузоранд.

Аммо ҳодисаи бадзабонӣ дар Рамазони соли гузаштаро ед доред? Шикояти омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат аз болои раиси комиссияи аттестатсионӣ Тӯраев Холмуҳаммад, аъзои комиссия Назиров, Раҳмонов, Ғуломов ва Қурбонов низ дар интернет нашр гардида буд, ки Тӯраев ҳангоми ворид гардидани муаллимаҳо ба синф гуфтааст: “Ин кампиракони аз шир мондаро аз куҷо овардед, ки нигоҳ карда намешавад? Ино магар муаллима ҳастанд? Аз инҳо маймун хушрӯтар аст”. Аъзои комиссия ба ҷои дифоъ аз зани тоҷик ва ҳамкасбони худ, баръакс барои “напаридан” аз курсӣ, ба ҳоли заноне, ки ҳатто ҳамсолони модаронашон ҳам дар байни онҳо будаанд, хандидаанд. Ин мавзуъ ва ин бадзабонии мудири маорифи як шаҳри пуровоза ҳамаро асабӣ намуд ва аксаран бо забони худаш ба ӯ посух гуфтанд. Баъзеҳо бо шӯхӣ гуфтанд, ки шояд ин мудир “маймун”-ро ба маънои дигараш, ки “зебо” аст, истифода кардааст. Пас, бигзор худашро ҳам “маймун” гӯем…

Аммо мо мансабдорони боинсофи Худотарс низ дорем, Худо сафашонро зиёд кунад. Соли пор ба ҳамсари мотамзадаи майор Абдуҷаббор Ҳалимов (қурбонии фоҷиаи маҳбаси Ваҳдат маъруф ба «Кирпичный»), ки бо фарзандонаш дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ будааст, як марди хайрхоҳ, ки худро шинос накардааст, ду ҳазор доллар ва 2,500 сомонӣ хайр намудаасту рафтааст. Аллоҳ хайрашро қабул кунад. Фарзандони Гулбегим ном зан низ, ки барои баргардонидани қарзи шавҳараш аз бонки «Ҳумо» ба муҳоҷират рафт ва тобуташро ба Ватан оварданд, аз ҷониби корбарони шабакаи «Фейсбук» кӯмаки зиёди молӣ гирифтанд, ки мардум дар моҳи шариф хайр карданд. Аммо бархе корбарони «Фейсбук» одамонеро ҳам ошкор мекунанд, ки барои фоидаи муфт дар шабакаҳои иҷтимоӣ постҳои дурӯғин мемонанд. Дар маҷмуъ, ҳар кас мехоҳад аз ҳикматҳои моҳи шариф манфиат бинад. Албатта, онҳое кам набуданд, ки бо намозу рӯза аз ин моҳ хайр меҷустанд, вале савдогарону ронандаҳои худонотарс, ки аз ин рӯзҳо истифода бурда, нархи маҳсулоту хизматрасонии худро якбора боло бурданд, зиёд буданд. Дармондагоне буданд, ки бо хайри рамазонии мардум кадом мушкили худро ҳал карданд, аммо онҳое ҳам буданд, ки аз хайрдӯстии одамон сӯйистифода намудан хостанд… Буданд нафароне, ки пул намеёфтанд, то дастархони хуби идона таҳия созанд, вале шогирдону ронандаҳои баъзе раисҳову раисаҳо дар бозор барои худу «хӯҷаинашон» то 4 ҳазор доллар масраф намудаву харид мекарданд, чун «раисҷонашон» ба бозор намеояд, табъи нозукаш намебардорад,…бозор чиркин, одамои ҳархела бисёр… Посухи ин ҳама корҳои неку бадро танҳо Худо медиҳад. Ид муборак!

Ҷамила Мирбозхонова,

«Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь