ё як саволи беҷавоб

Соли 2021. Рӯзе ошхоначии корхона табақи ошро 15 сомонӣ нею 20 сомонӣ ҳисоб кард. Сабаб пурсидам, гуфт, ки сабзӣ 9 сомонӣ шудааст.

Соли 2022. Рӯзе барои ноне, ки ба қавле “очагӣ” унвонаш додем, нонвой ба ҷои 5 сомонӣ 7 сомонӣ талаб кард. Сабаби пурсидам, гуфт ки орд 380 сомонӣ шудааст.

Соли 2023. Ҳамин рӯзи душанбе барои маъракае самбӯса фармоиш додем. Самбӯсафурӯш, ки то ин вақт нархи як самбӯсаро панҷ сомонӣ муқаррар карда буд, ин бор 6 сомонӣ талаб кард. Сабаб пурсидам, гуфт, ки як кило пиёзро 10 сомонӣ харидааст.

Аҳамият додаед, ҳар сол дар кишвари мо нархи як ё якчанд маҳсулот “осмонӣ” мешавад ва касе онро ба “замин” фароварда наметавонад. Ду сол пеш сабзӣ “шоҳ”- и бозор буд, як сол пеш орду равған ва инак пиёз. Ногуфта намонад, тухм ҳам охири соли гузашта ба 2 сомонӣ баробар шуда буд ва ҳоло 1 сомонию 40 ва 50 дирам арзиш дорад.

Дар нишасти хабарӣ масъулини шаҳрдор дар масъалаи гаронии нархи пиёз гуфтанд, ки меъёри истеъмолӣ муайян шудааст, вале дар ҳолати сардӣ задани баъзе маҳсулот, нархҳо гарон шуданд.  Ҳамчунин, ба мо хабар доданд, ки пиёз дар бозорҳо тавре сокинон мегӯянд 8-9 ва 10 сомонӣ нест, балки 3-4 сомонӣ арзиш дорад. Вале ростӣ бо ин нарх ҳоло пиёз ёфтан номумкин аст.

Сахтгапӣ нашавад, зеро масъулин маълумот доданд, ки  бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 6 майи соли 2022 таҳти №220 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ва супоришҳои иловагӣ КВД “Оид ба истеҳсол, харид захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” вазифадор гардидааст, ки маҳсулоти ниёзи аввалияро, аз қабили картошка -5000,0 тонна, пиёз -6000,0 тонна, сабзӣ – 1000,0 тонна, шакар -2000,0 тонна, равғани растанӣ -500,0 тонна, орд – 3000,0 тонна, гандум -6000 тонна ва бириҷ – 100,0 тонна захира намояд. Яъне, натиҷа дар давраи ҳисоботӣ нақшаи захираи картошка -100,2 фоиз, пиёз -100,1 фоиз, шакар -1,5 маротиба, равғани растанӣ -141,7 фоиз, орд -119,0 фоиз, гандум – 116,7 фоиз ва биринҷ -2,1 маротиба амалӣ гардидаанд.

Бисёр хуб аст, ки масъулин фикри мардумро мекунанд ва ҳамасола маҳсулоти ниёзи аввалро зиёда аз 100 фоиз захира менамоянд, вале шоҳид мешавем, ки ҳар сол боз як ё якчанд навъи маҳсулоти барои рӯзгор муҳим гарон мешавад.

Масалан, тибқи иттилои расмӣ барои зимистони имсола пиёз 100,1 фоиз захира шудааст ва албатта, бояд он барои мардум мушкил эҷод накунад, вале тавре медонем ҳоло нархи пиёз дар бозорҳои кишвар аз 8-9 сомонӣ баланд аст.

Пас, саволи беҷавоб ин аст, ки чаро ҳар сол дар бозорҳои мо арзиши маҳсулоте гарон мешавад?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь