(дар ҳошияи Паёми Президент)

  1. Системаи таълимоти болингӣ, яъне тести (кредитӣ) дар соҳаи маориф тамоман қобили қабул нест!!! Бо супоридани тест донишҷӯёни имрӯза – кадрҳои оянда бесавод мемонанд. Системаи маориф,  тандурустӣ ва идеологияи  советӣ  дар ҷаҳон беҳтарин буд.  Имрӯз мехоҳанд бо ҳар роҳ ин системаҳоро барҳам диҳанд ва барҳам ҳам додаанд. Барои нобуд кардани дилхоҳ миллат, бомбаи атомӣ лозим нест! Танҳо мактабу донишгоҳҳои олӣ ба системаи болингӣ ва кредитӣ гузаранд кифоя!!!
  2. Хоҷагии халқи мо дар соҳаи таъминоти барқ ба гузаштан ба системаи биллингӣ тамоман омода нест!!! Ба мисли маблағи телефони мобилӣ бояд барои гирифтани барқ пешакӣ пул гузаронд, ки на ҳама аъзои ҷомеа ин имкониятро доранд, хоса нафақахӯрон ва ниёзмандон!!! Ин барнома барои норизо намудани мардум аз ҳукуматҳояшон равона карда шудааст!!!
  3. Дар муносибати  оиладорӣ – барномаҳои гендерӣ ҳам барои беқадр намудани мард дар оила нигаронида шудааст. Мард бояд ҳамеша мард бошад ва ҷояш дар оила муайян бошад. Имрӯз аз рафтани падарҳо ба муҳоҷирати корӣ, сарварӣ  дар оила ба модар гузаштааст, ки аз ин наврасон нописанду танбал ва дағал ба воя мерасанд . Аз ҳамин лиҳоз дар солҳои рушди саноат солҳои 2022 – 2026 бояд ҳар чӣ қадар корхонаҳои истеҳсолӣ сохта шаванд, ки  падарон дар назди оила бо ҷойи кори таъмин шаванд!!!
  4. Дар мамлакат дар қатори дигар саноати хурокворӣ, соҳаи шаробпазӣ низ боз ҳам ривоҷ дода шавад! Натиҷааш ин аст, ки дар заминҳои лалмиву обии бекорхобида парвариши ангур зиёд  шуда, мардум бо мавиз таъмин мешаванд, ки барои табобати камхунӣ шифобахш аст. Ҳамчунин ҷойҳои  корӣ зиёд шуда буҷҷа ғанӣ мегардад.
  5. Дар ҷомеа, хусусан байни наврасон ва ҷавонон оинҳои ҷавонмардӣ: ҳурмати падару модару калонсолон, ҳурмати занону хоҳарон, ору номус, бовиҷдонӣ, ростқавлӣ, ватандӯстӣ, мушкилнописандӣ ва меҳнатдӯстӣ бо суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо қаҳрамонҳои меҳнат ва муйсафедон талқин карда шавад!!!
  6. Оҳангсозон бисёртар мусиқиҳои рӯҳи ватандӯстӣ ва зиндадилӣ дошта эҷод намоянд, на мусиқиҳои ғамангез!!! Мисол, суруди “Афсарон” дар иҷрои Мадина Акназарова ҳисси ватандӯстиро дар байни ҷавонон зиёд мегардонад.

Дар муттаҳидию сарҷамъӣ дар атрофи давлату миллату Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстиву созандагӣ, нангу номуси миллӣ, меҳнатдӯстиву мушкилнописандӣ, омодагии ҳамеша ба ҳифзи Ватан , руҳбаландӣ ва ваҳдату ягонагӣ мо боз ҳам пуриқтидору мағлубнопазир мегардем!

Кори мо некӣ  асту ростӣ ва Худованд бо мост!

Рустам Шеров, табиб, шаҳри Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here