Монолог
Оё амалҳои мо ба ҷуз пул чизе доранд?
Ҷаноби Тоҳирӣ, шефи хона гуфт ҳамсояи рӯ ба рӯ чанд маротиба хоҳиш кардааст, ки ба духтараш забони англисиро омӯзонад ва албатта, ройгон не.
– 100 сомонӣ барои як моҳ? – пурсидам.
– Бале, – оромона ҷавоб гуфт.
– Агар ҳафтае се маротиба дарс гузарӣ, 12 дарс мешавад, ки дар умум 18 соат вақт мегирад ва ҳар соати вақтат тақрибан 5 сомонию 50 дирам фоида меорад. Оё меарзад? – шефи хонаро аз фикраш гардонданӣ шуда, худамро донандаи математика ва маслиҳатдеҳи “YouTube” гирифтам.
– Яъне, ҳар амалро бояд барои ба даст овардани пул анҷом диҳем? Яъне, дар пасманзари кирдори мо ба ҷуз пул бояд чизи дигаре набошад? Яъне, калимаҳои “савоб”, “хизмат”, “рисолат” ва “оянда” ба мо бегона ҳастанд?
Ҷаноби Тоҳирӣ, пас аз ин суҳбати кӯтоҳ ва се саволи ба қавле вазнин чанд рӯз ба худ наомадам ва инак, фикрҳоямро ҷамъ карда, ба ту мактуб менависам.
Ҷаноби Тоҳирӣ, дуруст мегӯяд. Ман бар ивази як соат танҳо 5 сомонию 50 дирамро фикр кардам, вале дар пасманзар донандаи як забони хориҷӣ шудани як кӯдак, миёни ҳамсинфон сарболо шудани як хонандаи мактаб, бе мушкил имтиҳоноти дохилшавиро супурдани як довталаб, ба фарҳангу маънавиёти чандин давлатҳо шинос шудани як нафар ва билохира муайян шудани ояндаи як шаҳрванди кишвар меистад.
Бале, ҳамин гуна аст. Бадбахтона, мо бо сабаби пул надоштан ё пули кам доштан аз бисёр корҳо даст мекашем, ба бисёриҳо ёрӣ намерасонем, кори бисёриҳоро сарфи назар мекунем ва билохира бо бисёриҳо ногап ҳастем. Имрӯз ченаки аксар муносибатҳоро пул унвон кардаем ва ба ҷуз пул дигар роҳеро барои ҳалли мушкил ё муаммо намебинем.
Ман шоҳид будам, ки тӯи арӯсӣ бо сабаби се ҳазор сомонӣ кам будани “қалин”-и духтар доир нагардид. Яъне, барои тарафайн аз хушбахтӣ дида, сӣ сад сомонӣ муҳимтар будааст.
Ман шоҳидам, ки муаллимаи биология барои моҳона кам будани 20 сомонӣ аз дарси иловагӣ додани хонандаи мактаб даст кашид ва гуфт, ки чун дар марказҳои омӯзишӣ нархҳо гарон шуданд, ман ҳам арзиши дарсро боло мебардорам. Яъне, чизе омӯхтани толибилм умуман аҳамият надошт.
Ман шоҳид будам, ки равоншинос барои “гонорар” надоштан, суҳбатро дар мавзӯи “Рӯҳияи ҷомеа ва некӯ бади он” рад кард. “Ман медонам, ки ин мавзӯи муҳим аст барои мардум, вале аслан бе “гонорар” суҳбат намекунам”,- гуфт ӯ. Яъне, маълум шудани ҳолати имрӯзаи мардум аз ҷиҳати равонӣ барои аудиторияе муҳим нест, балки бояд пул бошад.
Ман шоҳид будам, ки духтур дасти чапашро болои дорухат монд ва талаб кард, ки бемордор 5 сомонӣ диҳад, вагарна номи доруҳоро намефаҳмад. Яъне, беҳтару бадтар шудани бемор ба ӯ ҳеҷ аҳамият надошт, балки бояд “ҳақаш”-ро мегирифт.
Ҷаноби Тоҳирӣ, кӯр нестам, ман ҳам мебинам, ки нарху навои бозор то андозае боло рафтааст, ки “қади” бархеҳо намерасад, вале набояд то ин ҳад пулпарасту пулдӯст шавем, ки ҳоло ҳастем. Ба ҷуз пур кардани ҷуздони резиниамон, хуб мешавад, ки ҷузвдони савобамонро ҳам пур кунем.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ