Чор сол бо Муҳиддин Олимпур, аммо

Ман Муҳиддин Олимпурро аз марсия ё мусоҳибаи нотамоми устод Хуршед Атовулло “Гули ишқ ва зодаи ашк” шинохтам. Ёд дорам, он рӯзи тирамоҳ пас аз дарс дар утоқи кории устод, ки мудом курдуди сигор ҳукм меронад, суҳбати мо чунин сурат гирифта буд:

Медонам, ту нав аз партаи мактабӣ хестӣ ва дар бораи Олимпури машҳур шояд чизе нашунидаӣ, вале агар хоҳӣ дар дасти ман мавод зиёд аст, ҳамчунин китоби “Ирон бӯи модар медиҳад”-аш, ки метавонам дар ихтиёрат гузорам. Яке дар оянда кори илмӣ мекунӣ…

Ман ҳам бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонидам.

2018 шуд. Дар таътили тобистона ба ҷойи кори дуюми роҳнамои илмиам устод Бахтиёр Қутбиддин рафтам. Ман пеш аз ин қарор дода будам, ки мавзӯи кори илмиро интихоб карда, дар таътил таҳқиқро оғоз мекунам. Устод варақчаеро аз ҷузвдонашон бароварда, чанд мавзӯъ гуфтанд ва яке аз онҳо “Муҳиддин Олимпур ва фарҳанги Шарқ” буд. Мавзӯъ интихоб шуд ва мо корро сар кардем.

Барои як донишҷӯи насли мо болои мавзӯе, ки касе кор накардааст ва ҳама гапҳоро ёфта, таҳқиқ карда, хулоса баровардан ниҳоят кори душвор аст. Яъне, имкони аз ҷое нусха кардану дар ҷое ҳимоя кардан набуд.

Чанд муддат хати сайри ҳаёт чунин буд: хонаи иҷора – китобхона – хонаи иҷора. Субҳ аввалин нафаре, ки пас аз масъули шуъбаи “Кормандони илм”-и Китобхонаи миллӣ ворид мешуд, ман будам. Ҳатто барои он ки дар шуъбаи “Кормандони илм” ором корамро анҷом диҳам, дурӯғ гуфта будам, ки ман донишҷӯ не, балки магистрантам. Шаб мешуд, хонандагон мерафтанд ва боз ману масъуле мемондем. Ҳар гоҳ, ки ба сӯяш менигаристам, нигоҳаш бесадо мегуфт, ки “Хез рав, хона надорӣ”, вале боре садояшонро нашунидам.

Ман бо Муҳиддин Олимпур рӯҳан чор сол будам ва бисёр чизҳоро фаҳмидам.

Фаҳмидам, ки ӯ дар зиндагии худ доимо дар талоши муаррифӣ кардани фарҳанги мо буд ва дар ин роҳ умри худро сарф кард. Ба воситаи матолибаш фарҳанги тоҷикро ба Эрону Афғонистон, Русияву Молдава, Испанияву Италия, Фаронсаву Тунис, Ҳиндустону Шри-Ланка ва Амрикову Аврупо бурда, то қадри имкон муаррифӣ кард. Дар баробари ин, ӯ доир ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва илму адаби хориҷи кишвар ба ҳаводорону алоқамандони тоҷикистонияшон матолиби гуногунжанр таҳия намуд. Китоби “Тӯшаи чашм” ва сафаргуфтаи аудиоии “Аз Душанбе то Лос-Анҷелос” баёнгари ин сархат ҳастанд.

Фаҳмидам, ки ӯ тараннумгари дӯстӣ ва мубаллиғи фарҳанги форсизабонон миёни аҳли башар дар як сатҳи баланд қарор гирифта буд. Ҳуқраи кории ӯ дар Иттифоқи нависандагон хонаи фарҳангиёни дунё, макони пайвандгари дилҳо буд. Ӯро ҳамагӣ аз ҳамон ҷо меёфтанд, ӯ ҳамагиро ҳамонҷо мешинохт, ӯ ба ҳамагӣ ҳамонҷо кӯмак мекард, ҳамонҷо меомӯхт, менавишт, мегуфт.

Фаҳмидам, ки Тавозуни навиштори Муҳиддин Олимпур бештар дар худ воқеият доранд, дар онҳо бадеият ниҳоят кам аст.

Фаҳмидам, ки ӯ чеҳраофар буд ва ин корашро на аз тамаллуқ, балки бо муҳаббат анҷом медиҳад. Самимияту муҳаббаташро дар рӯ ба рӯ бо дилхоҳ қаҳрамонаш баён медошт. Ҳамин ҳоло суҳбати видеоиаш бо ҳамсару духтари Аҳмад Зоҳир падид омад. Ҳамин ҳоло порчае аз китоби “Гугуш… Ишқ фарёд кунад”, ки дар хонаи Гугуш сӯҳбат доранд, ба хотирам омад. Ӯ ба Гугуш аз Тоҷикистон куртаи атлас мебарад ва ӯро сурат мегирад. Ҳамчунин аз Ҳангомаву Маҳастӣ, Саттору Шараҷиён ва даҳҳои самимиву бетамаъ мегӯяд.

Фаҳмидам, ки ӯ худшиносии миллӣ дошт ва дар ҳама кунҷу канори дунё он намуддор мешавад. Дар Амрико ҳам бо забони тоҷикӣ гап мезаду нишоне аз Тоҷикистон мегуфту дар Фаронсаву Италия ҳам. Дар Шри-Ланка Тоҷикистонро таъриф мекарду дар Ҳиндустон тоҷиконро. Ӯ ҳар ҷое мерафт, Тоҷикистонро бо худ мебурд, тасаввур мекард, ки тамоми тоҷикистониён ҳамсараш ҳастанд.

Хулоса, навиштаҳои матбуотӣ ва барномаҳои телевизионаш таҳқиқ шуданд. Гуфторҳои радиёиаш дар давоми таҳқиқ истифода шуданд. Кори илмӣ омода шуд. Кори курсӣ ҳимоя шуд, кори хатм ҳимоя шуд. Кори курсии магистрӣ ҳимоя шуд. Кори хатми магистрӣ ҳимоя шуд. Бояд корро давом медодем, вале нашуд. Тақдирро баъзе тақдирҷунбонҳо чунон ҷунбониданд, ки мо афтидем. Вале ба ҳар ҳол китоб омода аст.

Дар баробари чор сол, ман то ҳол нафаҳмидам, ки сабаби ба марг маҳкум кардани мубаллиғи фарҳанги тоҷик чӣ буд ва шояд гиреҳи ин муаммо рӯзе, ҳафтае, моҳе, соле кушода шавад.

Ҳоло ҳам навиштаҳои мондагорашро батакрор мехонам, гуфтаҳои бисёр қимматашро батакрор мешунавам, барномаи овозадори “Ситораҳои Шарқ”-ашро батакрор мебинам, аксҳои гӯё ва зебояшро батакрор варақ мезанам.

Рӯҳат шод, ором бихоб!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь