Зуд аст омадани рӯзе, ки моро атрофиёнамон бо “наход?!и худ мекушанд.

 Дар аудиторияи 224 аз миёни 26 донишҷӯ 8-тояш духтар буданд. Аз 8 духтар танҳо ду духтар, аниқтараш Гулнораву Гурдофарид аз деҳа барои таҳсил ба Душанбе омада буданд. Аз байни донишҷӯёни гуруҳ дарку фаҳмиш ва саводу ҷаҳонбинии Гулнораву Гурдофарид каме сусттар буд. Ва маҳз бо ҳамин сабаб онҳо бисёртар “наход!?”-ҳои ҳамкурсон ва устодонашонро мешуниданд. Ба ҳар нофаҳмӣ ва нодонӣ онҳо ба “наход!?” рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳар нафар онҳоро бо “наход!?”-и худ нороҳату дилмонда мекард. Аз ҳама калимаи нофорам ва дилгиркунанда “наход!?” буд, ки онҳо ҳар рӯз бо он рӯ ба рӯ мешуданд.

Хуллас, чор сол гузашт. Ҳарду ҳам донишгоҳро хатм карданд. Диплом гирифтанд. Соҳибмаълумот шуданд. Гурдофарид пайи муваффақиятҳо рафт, Гулнора бошад, чизеву касе нашуд. Чаро?

Дар пайи ҳар “наход!?”-и атрофиён Гурдофарид барои худ дари дигареро мекушод ва ба касеву чизе аҳамият надода, ба пеш ҳаракат мекард. Ҳаракат мекард, то ки “наход!?”-и ҳамкурсону атрофиёнашро дар кӯтоҳтарин вақт бартараф кунад. Ӯ аз “наход!?”-ҳои атрофиёнаш фоида мегирифт, бурд мекард, пеш мерафт, тараққӣ мекард, худро комил менамуд.

Бадбахтона, Гулнора аз ҷумлаи нафароне буд, ки ба ҳар гапу калочаи атрофиёни худ диққат медод, онро фикр мекард, ғам мехӯрд ва пасон ба танҳоиву торикие рафта, домони гиряро сар медод. Дили Гулнора аз ин дори фонӣ ба якборагӣ хунук шуда буд. Ӯро ҳама таъна мекарданд. Доимо зери борони маломати атрофиён буд. Ҳар касе аз пешаш мебаромад, сангеро тарафаш ҳаво медод. Кор то ҷое расид, ки на бо касе вохӯрдан мехосту на бо касе суҳбат кардан. Ӯ аз ҳама гурезон шуда буд, ҳатто аз худаш. Ӯро ҳама девона мехонданд. Аҷобати кор дар он аст, ки вайро атрофиёнаш ба ин ҳол расониданд, аммо боз худи онҳо девонааш мехонданд.

Мутаассифона, аксарияти мо дар атрофамон дӯстоне дорем, ки бо дидану вохӯрдан баъзан ҷумлаҳои хитобие мегӯянд, ки дар охири худ аломати “савол” ҳам доранд:

– Наход, ки дар синфи панҷум мехонию ҳоло ҳам муодилаи одиро ҳал карда натавонӣ!?

– Наход, ки як бачаи 18-сола мошин ронда натавонад!?

– Наход, ки духтари 20-сола ҳоло ҳам шавҳар накарда бошад!?

– Наход, ки сеюм курс шудиву ҳоло ҳам кори курсиатро муаллим бо пул нависад!?

– Наход, ки дипломдор бошию ҳоло ҳам кори “равғанӣ” наёфта бошӣ!?

– Наход, ки ин китобҳоро нахонда бошӣ!?

– Наход, ки ба ҳамин кор ақлат нагирад!?

– Наход, ки зиндагиат ҳамин кадар бад гузарад!?

– Наход, ки…

Фарқият миёни ин ду донишҷӯ маълум аст, танҳо бояд Гулнора баринҳо кӯшиш кунанд, ки Гурдофарид шаванд. Бисёр бад аст, вақте мо дар атрофамон нафаронеро ҷамъ мекунем ё ҷамъ шудаанд, ки ҳама кӯшишу ҳаракаташон барои паст кардан, нест намудан, аз худ бехуд кардан, ҳақиру нотавон кардан, нобуд сохтан…-и мо равона карда шудааст. Яъне ин бад аст ва моро мебояд бикӯшем, ки наздамонро аз чунин афрод “тоза” кунем.

Лекин, бо вуҷуди ин ҳама, ҳар нафар метавонад Гурдофарид бошад ва аз бадтарин амалу бадтарин одам ҳам фоида ба даст орад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь