(Ду ҷумла аз фарҳанги истироҳати мо)
Барои мардуми машғули кори фикрӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе (махсусан якшанбе) бисёр азиз аст, ба маънои дамгириву осуда кардани сар аз ҳамагуна гирудори дунё… Кас дар ин рӯзҳо сайри табиат мехоҳад ва мавзеъҳое, ки ором бошаду гул бошаду дарахт…
Ин гуна мавзеи ободу зебо ҳамин боғи ботаникии пойтахт аст…
Дина набераи азизам майли ин боғ карду зуд аз сари роёна бархостам. Ҷиҳози лозим барои нишаст ва Алексро ҳам гирифта, равон шудем ба ин боғи дилрабо. Ин мавсим бори аввал мерафтем ва манзараеро дидем боварнокарданӣ: боғ пур аз одам, ҳама ҷо мардум палос партофтаву хонҳо ороста, гурӯҳ-гурӯҳ менишастанд… Кӯдакон ба бозиҳо машғул – манзараи доимӣ…
Мардум он қадар зиёд, ки дар аввал фикр кардем, бояд ба ягон боғи дигар биравем.
Хушбахтона, баъди ҷустуҷӯ ҷойи андаке мувофиқро ёфтем ва ба қавле “хайма задем”. Ман дар умрам ин қадар мардуми зиёдро дар ин боғ надида будам, чунон ки дина дидам: аз набудани ҷой гурӯҳ-гурӯҳ мардум ба ҳам хеле наздик менишастанд, бозиву ҳаёҳуи кӯдакон дар авҷ…
Воқеан, тамошои бозии кӯдакон ва давуғеҷи онҳо низ асабро ором мекунад, агар доду фарёд набошад…
Бо вуҷуди зиёд будани одамон зебоии табиати нотакрори ин боғ – бӯйи хуши гулу буттаву дарахтон эҳсос мешуд, насими форам мевазид, яъне ҳазрати баҳор дар авҷи ҳукмронӣ…
Тақрибан баъли 10-15 дақиқаи фароғат аз паҳлуи рости мо баногаҳ садои мусиқӣ баланд шуд, гурӯҳе буд танҳо аз бонувон… Аввал фикр кардам, ки ин садо аз телефони ҳамроҳ меояд, на, аз ду тараф “колонка”-ҳо бо тамоми қудрат садо дармедоданд… Ҳамон “колонка”-ҳое, ки одатан сарояндагон ба тӯйҳо мебаранд…
Занону духтарон ба рақс даромаданд ва бояд иқрор шавам, ки хеле зебо мерақсиданд… Аммо садои мусиқӣ… Ончунон баланд, ки гӯё тӯйи ҳақиқӣ ҳамин ҷо бошад… Мусиқии тӯёна, ҳамон сарояндагоне, ки аз рӯйи завқи аксар ҷавонони имрӯза “ҳамаро ба шӯр меоранд, яъне “девона” мекунанд” (Ҳа, бигӣ, бача…). Беҳтараш, номашонро нагирам, то ки мухлисонашон хафа нашаванд.
Бо якбора баланд шудани садои мусиқӣ Алекси азиз зуд аз пайи ҷустуҷӯйи сумкаи сафариаш шуд ва бе кумаки банда зуд худро андаруни он сумка ҷо кард, гумонам, сахт тарсид… Ин ҷонвари беозор ошиқи оромиву осудагист, ҳамин ки мусиқӣ он тараф истад, сухани баландро шунид, зуд роҳи “наҷот” меҷӯяд: аз кӯдакӣ одаташ ҳамин.
Набера парво надошт, баръакс, хушнуд шуд, ки мардум мерақсанду шодӣ мекунанд. Ягона касе, ки ҳоли ноҷӯр дошт, ман будам…
Тақрибан баъди ним соати рақсу мусиқаи паҳлуи рост, ногаҳ аз паҳлуи чап низ садои мусиқа баланд шуд: ин ҷо ҳам аз “колонка”-ҳо, хеле баланд, то андозае, ки гумон кардам, ин ҷо ҳам кудом маъракае ҳаст. На, ин ҷо ҳам асосан бонувон буданд… Сарояндаашро шинохтам, як бонуе, ки гумонам, ба ҳарфу ҳиҷои матн сарфаҳм намеравад, сурудаҳояш ҳама хоси тӯй – бо зарбу ритми махсус барои рақс…
Ду чиз бандаро дина каме дар ин боғ нигаҳ дошт: яке – ҳавои фораму бӯйи хуши дарахтони ин боғ ва дигаре – манзараи бозии кӯдакон…
Чизе, ки фароғатамро ба боди парешонӣ дод, мусиқии гӯшкаркунанда ва сурудҳои бемаънову бемуҳтаво…
Баъди баргашт ба андеша рафтам, ки чаро мардуми мо истироҳатро ба чунин тарзи дағал мефаҳманд: рақс, мусиқӣ (ва бо садои баланди баланд) ва сурудҳои аксар бепардаву фач (ба маънои он ки на матни дуруст доранд ва на оҳанги мувофиқ).
Бонуеро дидам, ки дар ҳоли намоз буд ва баробари оғози созу наво бо ҳамон ҷойнамозаш дар китф ба “саҳна” ворид шуд… Яъне “ҷӯшу хурӯш”-и ботин, ки мо дар илм “катарсис” мегӯем, якбора дар ин бону хурӯҷ кард, ба андозае, ки фаромӯш кард ҷойнамозашро як сӯ гузорад…
Ҳаргиз иддао надорам, ки дар чунин боғе, ки дар ниҳояти зебоист, набояд рақсу бозӣ бошад, ҳаргиз на. Аммо “колонка” овардан ва бо тамоми овоз баланд кардани он оё раво бошад? Оё равост, ки як гурӯҳ зери ҳавои тақар-туқур даступоҷунбонӣ кунанду гурӯҳе дигар барои маҳкам кардани гӯшҳояшон пунбаковӣ?
Дер боз ба масъалаҳои фарҳанг (сабабу авомили ҳам рушд ва ҳам инқирози он) машғул ҳастам ва дина боварам қатъӣ шуд, ки як сабаби ҷиддии паст будани тамоюлоти завқии ҷавонон ҳамин бонувон будаанд…
Завқи пасти маърифати шеъру мусиқаи онон, табиист, ки ба кӯдаконашон “сироят” мекунад ва мо доиман суол мекунем, ки чаро ҷавонон ин қадар аз ҳунарҳои асил дур шудаанд…
Хулоса, дина баробари як каме фароғат доштан маводе барои андешаву ҷустуҷӯҳои ояндаи фикрӣ гирифтам: фарҳанги истироҳат…
Ҳафиз РАҲМОН