Абдувоҳид, дуруд ба Шумо!

Сабаби муддате нома нанавиштанам ин буд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ маро бо моҷаро миёни ду блогер Абдурозиқ ва Беҳрӯз (бо лақаби “Барон”) машғул доштанд. Аввал интизор шудам, ки ин баҳс бо чӣ меанҷомад, баъдан хулоса кардам, ки ин ҳама роҳи нави ҷалби тамошобин асту бас! Яъне агар пештар барои рӯзнома хонанда ҷамъ мекардем, ҳоло бо “лайк”. Агар пештар нашрияро бо таърифи зиёду воҳимаю ҳангома мефурӯхтем, ҳоло бо лайку аъзои ин ё он гуруҳ шудан. Дигар ҳеҷ. Ҳолати руҳии “Барон”-ро мефаҳмам. Худ шоҳид ҳастед, ки даҳҳо нафари кормандони “МТЖТ”, ки бо додани майдон ба эшон худро дигар “ситора” ҳисобиданду рафтанд. Чун шиори ман “Накӯӣ кун(у), дар об андоз” асту хуб медонам, ки беҳтар аст ин ҳолат аз рӯйи масали “Бар ях навису бар офтоб неҳ” амал кунӣ.

Ман монеи рафтани ягон нафар аз онҳо нашудаам ва балки гуфтаам: “Агар бо гирифтани маоши баландтар рӯзгори ту ободтар шавад, ман зид нестам”. Ҳоло мебинаму мешунавам, ки аз соати 8 то 5 сар аз болои компутар набардошта, хар барин кор мекунанд ва фурсат ба дидани берун аз кабинети кориашонро надоранд, охирин китобро шояд замони кор дар МТЖТ хондаанд, охирин киноро ҳам ҳамон замонҳо дидаанд. Ба қавле чун замоне расид, ки дигар “Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст”, беҳтар мебуд “ Барон” мисли ман бе овозаю дарвоза бачаи бечораро, ки чашмонашро хонаҳои боҳашамати арабӣ дигар хира кардааст, ҷавоб мегуфту дуои роҳ медод. Фақат Абдурозиқ бояд нек ба гӯш мегирифт, ки “Қарз – шавҳари мардон аст”. Новобаста аз он ки дар кадом мансабу дар кадом вазифа асту чанд миллиён ҷамъ кардааст, умре қарздор аз устоду раҳнамояш асту ҳаст. Чун замона ба сурате тоб хӯрда, ки “Ишрат дигаре карда, меҳнат дигаре дида” ва бояд дар ин зиндагии кӯтоҳ ҳеч вақте бояд “Дуоро дам кардаву сӯрохро гум бояд накард”, вагарна ба қавли гуфтаи мардум “Чу дасте нашояд газидан, бибӯс”-ӣ бояд. Аммо хулосаам аз ин ҳамдигарро гуфтану сад бор бештар шунидани ин ду нафар ва барои “лайк”-и лаънатӣ дигаронро вориди моҷаро кардан ин аст, ки дигар “Хайр ончунон намонд, зоғ аз даҳан парид”. Ин пандро ҳарду ҷониб бояд ба гӯш бигираду эҳтироми ҳамдигарро бояд фаромӯш насозад, зеро “Мӯр ҳамон беҳ, ки набошад параш”.

Шумо чӣ мегӯед Абдувоҳид?

“Барон” ё Абдурозиқ?

Дӯстро аз дӯсти ҷонӣ фарқ кун!

Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Ёдатон бошад, ки зарбулмасалҳоро халқ фақат барои таскини дилу болида доштани хотири худаш бофтааст! Дар як нома аз чанд зарбулмасал истифода намудани Шумо боиси таъриф ҳам ҳаст, аммо…

Аммо бояд, маълуми табъи латифатон бошад, ки таърих, тақдир ва саргузашти  на ягон Граф, на ягон Сер, на ягон Мистер, на ягон Дон, на ягон Господин ва дар охир на ягон Барон ва на ягон Лилипут дар шабакаҳои иҷтимоӣ бароям завқовар набуду нест! Чун ман медонаму Шумои азиз низ хуб медонед, ки бозиҳои кӯдакона асту кирои гап ҳам намекунаду ба гуфти худатон  “барои “лайк”-и лаънатӣ дигаронро вориди моҷаро кардан асту бас”.

Андар тавсифи шогирдони Шумо ҳаминро бояд гӯям, ки аз бозе, ки Шумои азиз газетаи худатонро кушодеду соҳибмактаб шудед, ҳамеша дар паҳлӯятон будаму ҳастам, ҳарчанд, ки ман аз ҷумлаи шогирдонатон нестам, аммо шояд аз ҷумлаи дӯстонатон бошам, ки ҳамеша хоҳони барори коратон аст ва хатоиҳоятонро дар рӯятон мегӯяд. Худам шоҳид ҳастам, ки Шумои азиз ҳар сол донишҷӯёни зиёдеро аз факултаи журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳо дарси амалӣ медиҳед ва (баъзеи ин дарсҳо дар утоқи кории худам гузаштааст) бо ҷойи кор низ таъмин мекунед. Агар унҳо намедонанд, надонад. Худо арҷатон диҳод!

Аммо… ин қадар аз зарбулмасалҳо кор гирифтанатон чӣ маънӣ дорад, бародарҷон?!  Ман-ку Шуморо нағз мефаҳмам, аммо дигарон ба ин чӣ мегӯянд?! Мегӯянд, ки Хурешеди Атовулло ҳам чун дигар медиамагнатҳо бо баҳонаи Барону Абдурозиқ миннат кардан дорад. Ин ҷо фақат ҳамун як зарбулмасал ба дард мехурад додарам: “Ту некӣ мекуну бар Даҷла андоз!”.

Беҳтарин дӯст он аст, ки дар ҳама ҳолат Дӯст бимонад. Онҳое, ки рафтанд паноҳашон бар Худо. Онҳое, ки монданд, меарзад, ки барояшон ҷонро фидо кунӣ! Дӯстро аз дӯсти ҷонӣ фарқ кун!

Бароятон тавфиқ мехоҳам.

Бо эҳтиром Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь