ё кай поёни шаби сиёҳ сафед мешавад?

Хобам намебарад, чанд соат баъд ин шаб саҳар мешавад? Мегӯянд, “поёни шаби сиёҳ, сафед аст”. Аммо надидем! Дар ин кӯча бисёр масъалаҳое буд, ки ҳалли худро наёфт. Ё муаммо мушкил буд, ё одамони вобаста ба он ҷиддӣ набуданд?!

Одамони ин кӯча, рафтори аҷиб доранд. Ҳамеша ба ҳамдигар дуои хуб мекунанд, аммо бадияшонро мехоҳанд. Дар рӯ ба рӯ мегӯянд, то охираш ҳамроҳат ҳастем, аммо ҳамон вақте ки ба мушкилӣ дучор мешавем, занги телефони моро намешунаванд, ё трафики интернеташон тамом шудааст. Доим ба ҳамдигар ҳасудӣ мекунанду, аз ҳамдигар ҳасудӣ мебинанд. Ҳама муфрад зиндагӣ мекунанду аз ҳамдигар дурӣ меҷӯянд. Ба ҷойи ташвиқ кардан, танбеҳу танқид мекунанд.

Ҷаноби Ҳамидзод, вақте медонед, ки кӯчаатон чунин вазъият дорад, пас чаро кӯч намебандед, чаро ягон ҷойи хубтару осоиштар нарафтед?

Одам ба ҳар ҷамъе ворид мешавад, бояд матоашро муносиби ҷамъ интихоб намояд. Вале мо имконияти иваз кардани матоъро надоштем, барои ҳамин инҷо истодему таҳаммули инро дорем. Ва ё агар аз инҷо мерафтем, шояд моро тарсӯву хоин мешумориданд. Ман, ки ин кӯчаро дӯст медорам ва инҷо хаёлоти зиёд дорам, ба ҳеҷ куҷо нарафтам. Рӯзе ин кӯча ҳам хуб мешавад. Чун, мегӯянд ку “поёни шаби сиёҳ, сафед аст”.

Аз мардуми ин кӯча хаста ҳам шудам. Дишаб хоб дидам. Хоби ҳайратовар!

Боз чӣ афсонае?

Хоб дидам, ки ба як мӯйсафеди пири ин кӯча пул додаму пурсон шудам, ки чӣ сабаб шуд, то ба ин ҳол расидаанд. Пири солхӯрда дар ҷавоб каме сукут карданду оҳи амиқ кашида гуфтанд: Эҳ, ҷавон, ҳоло намефаҳмӣ. Кӯча дигар ҷойи зиндагӣ кардан ҳам надорад. Диплому қувва барои кор кардан дорам, аммо кор нест. Зану фарзандонам нест, чӣ хел зиндагиро пеш барам, намедонам. Барои ҳамин ҳаррӯз аз субҳ то шом инҷо нишаста, ду танга барои нону об ҷамъ мекунам. Ҳарчанд аз сокинони ин кӯча пуле гирифта намешавад, аммо “поёни шаби сиёҳ, сафед аст” гуфта нишаста, интизорам.

Ман ҳам зуд ба хона омадаму дар телефонам чизе навиштан гирифтам. Аз бекориву гароннархӣ, беаҳмиятиву ноадолатӣ ва чанд ҳақиқати кӯчаро навишта, пасон хоб кардам. Ва вақте аз хоби хобам бархестам, дидам, ки дар утоқи худ нестам. Аз ҷой бархеста, ба атроф назар кардам. Онҷо шабеҳи як хонаи бетаъмир буд. Торику сард ва тангу дилгиркунанда. Чашмони худро тоза кардам, ногоҳ овози қуфл баромад. Касе вориди утоқ шуду аз пуштам такон дода, ба утоқи дигарӣ бурд. Онҷо як мизу ду курсӣ ҷой дошт ва дар як курсияш касе нишаста, бо корд себро тоза мекард. Дар болои миз телефони ман ҳам буд. Маро дар рӯ ба рӯи он мард шинонданду аз ман ҳадафи чунин навиштанро пурсиданд. Ман ҳам вазъияти мӯйсафедро ба эшон нақл кардам. Мард телефонамро дар наздам монду хост, ки боз аз ҳақиқат нависам. Барои вай ҷолиб буд, ки ман чӣ мегӯям ва чӣ навиштаниам. Ногаҳон аз ҷояш хесту тозиёнаро гирифта, дар пуштам зада гуфт: Кам навиштӣ, бисёртар навис. Чизе гуфтан мехоҳӣ, озодона навис. Ҳарфи дилатро навис! Кӣ туро супориш медиҳад? Кӣ туро сарпарастӣ мекунад? Ба ту ин қадар шаллоқу тозиёна кам аст. Бори дигар чизе навиштӣ, дастонатро мебуррам.

Ӯ акси ҷасади мӯйсафедро нишонам доду ман даступохӯрда шудам. Дигар ангуштонам барои навиштан кор намекард. Намедонистам чӣ кор кунам ва ҳамаи навиштаҳоямро пок карда, навиштам: Ман як инсони бесаводтарини ин кӯчаам, ки ҳарза мегӯяму низоъандозам.

Баъди ин навиштаам, мард силоҳро дар пешонаам гузошту паронд. Ҳамон замон аз ҷои хобам хестам ва ҳамаи инро дубора навиштам ва дидам, ки ҳеҷ кас канорам нест. На оне ки ҳамроҳи мо буд, на оне ки моро дӯст медошт. Рафиқон аз маро шинохтан дигар метарсанд. Метарсанд, вақте мегӯянд “ту рафиқи манӣ”.

Чӣ хоби тарсноке дидед, ҷаноб! Ман дилам аз кӯчаатон монд. Нарафтаам, аммо намехоҳам равам.

Ин кӯча дар дилам зад. Ин кӯча зарбаашро ба ман зад. Дар ин кӯча марде намондааст. Эҳтимол инҷо гӯянд, ки ман бадам. Шояд рост гӯянд, аммо ту бадтар аз моӣ, ҷаноби Ҳамидзод бад аст, аммо ту аз “шер”-и мо ҳам бадтарӣ. Ҳар ҷое рафтаму барои кӯмак дарашонро кӯфтам, бо ман муносибати хуб накарданду шаллоқ заданд. Беҳтар аст, ки танҳо бошам. Танҳоӣ хубтар аст, аз оне ки касеро маҷбур ва ё илтиҷо намоӣ. Хубаш танҳоӣ кореро анҷом медиҳаму барои пешбурдани зиндагӣ тангае мекобам. Дигар на дӯст ҳоламро хуб мекунад ва на ҳабб. Хастаам аз ин ҷамоати зиндакӯши мурдапараст.

Суннатулло ҲОМИДЗОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь