Монолог
Илоҷи воқеа пас аз вуқуъ натиҷа медиҳад?
Ҷаноби Тоҳирӣ, ду вазорати калидии кишвар – маориф ва тандурустӣ дар нишастҳои матбуотиашон аз норасоии кадрӣ гуфтанд. Яъне, бо вуҷуди барои ин ду соҳаи бисёр муҳим мактаби олии алоҳида дошта бошем ҳам, дар мактабҳо аз набудани омӯзгору дар беморхонаҳо аз норасоии табиб танқисӣ мекашем.
Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар саросари ҷумҳурӣ наздики 3 ҳазору 500 омӯзгор намерасид. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки асосан норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ, аз қабили математика ва физика дар макотиб ба назар мерасад.
Ҷаноби Тоҳирӣ, мо солҳои 2020 – 2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон кардаем, вале аз набудани муаллими математикаву физика танқисӣ мекашем. Ин қадар математикшаву физикшав куҷо мерафта бошанд? Онҳо танҳо барои гирифтани диплом дар мактаби олӣ таҳсил мекунанд? Барои чӣ мутахассис омода мекунему кор намекунанд? Ба ин саволҳо бояд касе посух диҳад?
Норасоии наздики 3 ҳазору 500 омӯзгор ин ҳоло оморӣ расмӣ аст, аммо мо ҳақ дорем шубҳа кунем, ҷаноби Тоҳирӣ. Ҳамон тавре ки ба норасоии китобҳои дарсӣ шубҳа дорем. Ҳамон тавре ки ба маҷбурӣ набудани харидани либосҳои ягонаи мактабӣ шубҳа дорем. Ҳамон тавре ки ба пул ҷамъ накардан дар бархе мактабҳо шубҳа дорем.
Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ 2298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасад. Яъне, айни ҳол 87,9 фоиз воҳидҳои кории табибон ва 97,6 фоиз кормандони миёнаи тиббӣ банд ҳастанду халос.
Мо ду донишгоҳ ва як донишкадаи тиббӣ дорем, дар дигар макотиби олӣ факултаву кафедраҳои тиббӣ дорем, даҳҳо коллеҷ дорем, аммо боз кадр намерасад. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар ҳоли ҳозир аз норасоии духтурони оилавӣ, терапевт, кардиолог, реаниматолог, момодоя ва ғайра танқисӣ мекашем.
Ҷаноби Тоҳирӣ, доир ба мушкили камбуди табибон вазир як ҷумлаи калидӣ гуфт, ки масъаларо баръало мекушояд: “70-80 фоизи хатмкунандагони соҳаи тандурустӣ тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд ва онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ барои кор кардан аз рӯи ихтисосашон маҷбур карда наметавонем”. Ҷаноби Тоҳирӣ, далели овардаи вазири тандурустиро дидӣ? Дуруст мегӯяд, то Худо худаш дар дили ҳар мутахассиси ҷавон ҷой надиҳад, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ кор намекунад. Вале моро мебояд ҷилави ин раванди нохубро гирем. Чун масъулини соҳа наметавонанд донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ таҳсил кардаанд, ба кор кардан маҷбур кунанд, пас бояд барои рафъи мушкили норасоии кадрӣ гурӯҳҳои буҷавиро зиёд кунем. Бигзорем аз ҳисоби дигар ихтисосҳо, ки мутахассисонашон зиёд аст, буҷаи мактабҳои олиро пур кунем, вале ба ин соҳаи муҳим имтиёз диҳем.
Асосан, мушкили норасоии кадрӣ ду соҳаи муҳим як роҳи ҳал дорад ҷаноби Тоҳирӣ, гурӯҳҳои буҷавиро дар риштаҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ зиёд мекунем ва дар ин гурӯҳҳо нафароне шомил мешаванд, ки дар ҳақиқат пас аз хатм кор кардан мехоҳанд. Орзу доранд, ки роҳнамои насли оянда бошанд, орзу доранд, ки бо хости Худо ба дарди мардум дармон бахшанд. Дар зимн, ҳамон донишҷӯёне, ки пас аз хатм омӯзгор ё табиб шуданӣ нестанд, пас чаро пул дода мехонанд? Пас чаро ҷойро банд мекунанд? Пас чаро бо рафтану омадан ба донишгоҳ ба ҷомеаву давлат ваъда медиҳанд, ки ояндаро месозанд? Сахт нагирем, албатта, шояд барои хатмкунандагон ҳам бо маоши омӯзгорӣ ё табибӣ зиндагиро пеш бурдан душвор бошад ва масъулинро мебояд сари ин масъала ҳам фикр кунанд. Сол аз сол кам шудани теъдоди довталабону донишҷӯён далели он аст, ки моро мебояд ҳадди ақал мисли 20 сол пеш номи донишҷӯро сазовор намоем. Мавқеашро баланд кунем. Имтиёзҳо диҳем, вагарна намедонем моро чӣ интизор аст.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ