Монолог
Бадтарин иштибоҳ, ки дар ҳаёт содир кардан мумкин аст, ин аст, ки ҳама вақт аз содир намудани хатоӣ битарсӣ.
Элберт Ҳаббард
Намедонам нависанда, рассом ва файласуфи амрикоӣ Элберт Грин Ҳаббард бо ин сухан дар замони худ чиро дар назар доштааст, ҷаноби Хоҷаев. Вале, яқинан, рамуз аз иқтибос ин аст, ки инсон дар зиндагӣ набояд аз иштибоҳ кардан битарсад. Рамузе, ки ду паҳлуи фаҳмиш дорад. Якум, дуруст аст, ки вақте фард аз иштибоҳ меҳаросад, дар амал заифӣ гиребонгираш мешавад ва шояд муддате чанд карахту ноҷунбону беамал монад. Дуввум нукта ин ки, вақте шахс аз содир кардани хатоӣ метарсад, кӯшиш мекунад иштибоҳ рух надиҳад. Аммо дар ҳарду ҳолат ҳам зарари моддиву маънавӣ гиребонгири инсон аст. Зараре, ки зодаи тарс аст ва ба ҳолати равонӣ таъсир мерасонад. Гарчанде тарси ба хатоӣ роҳ надодан сабуктар аст. Пас, аз ин нуқтаи назар, инсон бояд аз содир шудани иштибоҳ натарсад? Чӣ гуна? Дар ҳоле, ки зиёд василаву баҳонаҳои тарсидани одам аз иштибоҳ мавҷуданд, чӣ тавр ӯ натарсад?
Воқеан, таври маъмулӣ ва ба қавли машҳури мардуми мо, “ҳар як одам хато мекунад”. Даҳ бор, панҷ бор ҳам набошад, дар умри худ ба як ё ду иштибоҳ роҳ медиҳад. Аммо, бояд ба назар гирифт, ки вақте ҳама одамон яксон, хокӣ ва хатоипазиранд, бояд ниҳояти иштибоҳ мадди назар бошад. Бояд дараҷаи хатои фард ва миқдори зарар ба инобат гирифта шавад. Танҳо ҳамин амал имкон медиҳад, ки инсон аз рух додани иштибоҳ наҳаросад ва баъди аз пой афтодан бархезаду танҳову танҳо ба пеш шитобад. Вале боз як ҷиҳати нозук мавҷуд аст. Яъне, иштибоҳоте, ки бар пояи ақидаи ботили худи шахс ба миён меоянд ва пиндори пуче беш нестанд. Барои намуна, аз ҳолате ёдовар мешавам, ки на руъёӣ буд, балки пеши назарам рух дод. Як ҳамкорам рӯйи саҳифаи “Фейсбук” пораматне пахш намуд:
«- Як нафар аз ман суол кард:
– Аз ҳама дӯсти наздикат кист?
Гуфтам:
– Чашмонам!
Гуфт:
– Чаро чашмонат?
Гуфтам:
– Фақат чашмонам ҳастанд, ки ба ман нишон медиҳанд кӣ хуб асту кӣ бад».
Чун аз дарди ниҳонияш бохабар будам, дар суҳбат бо ӯ гуфтам, ки «чашмонат хато мекунанд». Зеро нафари мавриди назараш чандон нафари баде нест. Барошуфт. «Хайр, ин тавр бошад, худат ҳам пайи ҳамон» гуфту ба суҳбат нуқта гузошт.
Боз як намунаи дигар, дӯстам Хоҷаев. Рафиқе доштем, ки баъди пофишориҳои волидонаш ниҳоят оиладор шуд. Тақрибан 6-7 моҳ надидемаш. Баъди ин муддат, рӯзе вохӯрдем ва дарзамон забон ба шикоят кушод: «Хато кардам, хатои бузург». Исрор варзидем, то бигӯяд, ки чӣ хатои бузурге аз ӯ сар задааст. Гуфт: «Дар интихоби ҳамсар иштибоҳ кардам!». Гуфтем, ки «чӣ хатое аз ӯ гузаштааст?». Хомӯш монд. Дарк кардем, ки аз ҳамсари дӯстамон хатое нагузаштааст, на хурд, на бузург. Балки, ӯро низ андешаи ботилаш саргум кардааст. Дар ҳамин ҳол, дӯсти дигарамон, ки дар суҳбати хосаи мо нафари саввум ҳисоб меёфт, гуфт: «Дӯстам, иштибоҳ аз худи туст, ки хатои ҳамсаратро меҷӯӣ, аммо намеёбӣ. Барои ҳамин, ин хатоятро фаромӯш намо, то иштибоҳи дигар содир накунӣ. Охир, зан гов нест, ки маъқул нашуд, «шир надорад» гуфтаву ба бозор бароварда, бифурӯшӣ». Ман бошам, танзомез иқтибосеро ба забон овардам, ки куҷое хонда будам: «Баъзе занҳо мехоҳанд бо марде издивоҷ кунанд, ки мисли шер қавӣ, мисли хар корӣ, мисли саг бовафо ва мисли хурӯс боғайрат бошад. Аммо баъд аз тӯй мебинанд, ки марде аст мисли шер бераҳм, мисли хар бефаҳм, мисли саг девона ва мисли хурӯс ҳама мурғҳоро дӯст медорад». Дӯстамон ин нутқро дақиқан ишора ба фардияти хеш қабул карду ба ғазаб омад. Як-ду сухани ноҷо ҳам дар ҳақи мо гуфт ва баъди лаҳзае сукут ба андешаамон розӣ шуд.
Хулоса, чӣ гуфтан мехоҳам, рафиқ Хоҷаев? Гуфтаниам, ки воқеан ба хатоӣ содир кардани ҳама одамон бовар дорам. Зеро, иштибоҳҳое низ ҳастанд, ки тасодуфиву ғайриинтизор рух медиҳанд. Ба гуфтаи соҳибкори англиси соҳаи варзиш Барри Хирн, “дар болои тухмҳо роҳ гаштану онҳоро нашикастан ғайриимкон аст”.
Барои ҳамин, набояд “кӯри худу бинои дигарон” бошем. Кулли одамон бояд ба иштибоҳоти худ иқрор ва дар пайи ислоҳашон шаванд.
Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”