Ман ҳамон журналистам! Журналисте, ки 2 сол пеш аз сабаби “хунук” будани ҳусни хатам, ба идомаи таҳсил ҳуқуқам надоданд. Ва баъди ин аз ҳақоиқ гуфтаму маро хиёнаткор хонданд. Чанде аз мунҳарирон ба навиштаҳои ман эрод гирифтанду маро хиёнатгари кох ҳисобиданд.
Ин гапу калоча 2 сол пеш буд ва баъди ин муддат, имрӯз мехоҳам иқрор шавам, ки ман на танҳо ба он БарЗах, балки ба дигар иморатҳо низ сар задаам. Ман ба бисёриҳо коре, ки насибашон буд, кардам. Аммо аз кори кардаам қаҳриданду риштаро бо ман канданд. Чӣ чизи хубе дар бораи ман мехонед ё мефаҳмед, он дурӯғ аст ва ман як хиёнаткори рақами 1 ҳастам.
Мехоҳам эътироф кунам!
Дар асл ман ин тавр набудам ва ҷуръати чизеро надоштам. Қалби ман пок буд ва фикри чизе бар сарам намеомад. Вақте ки ман ба корҳоям як-як шурӯъ карда, мисли худашон рафтор кардам, маълум гашт, ки кори ман хиёнаткорӣ будаст ва ҳарчӣ зудтар бояд аз ин кор даст бардорам. Онҳо сабаб гаштанд, ки ин корро кунам ва онҳо сабабгор шуданд, ки инҳоро инҷо нависам. Онҳо сабаб шуданд, ки ба покии қалбам хиёнат кунам!
Ман дар замини роҳи ҳақ салиб тасвир кардам, то ки одамон ин роҳро интихоб накунанд. Ман таърихро бо хун навиштам, то собит кунам, Худо кадом тараф аст. Ман бо хунсардӣ шарафамро аз пул табъиз кардам.
Магар ман киям? Ё аслан худи ман чиям? Чаро ҳақ надорам дар кӯча дод бизанам, вале метавонам сагамро дар хона бо банд бибандам? Ман ордро бо дирам харида, нонро бо доллар фурӯхтам. Ман эҳтикору тиҷорат кардам ва ба мардуми гушна хиёнат кардам. Вақте пуле, ки аз ту мекандаму ба зиёрати ҳаҷ рафта, ҳоҷӣ шудам, инҷо мондам. Далеле бигӯ, то ки баргардам, вақте ба ҳамаатон хиёнат кардам!
Дар шонаи ман кабӯтарест, ки аз даҳони ту об мехӯрад. Дар шонаи ман кабӯтарест, ки гулӯи маро тоза мекунад. Дар шонаи ман кабӯтарест, ки бевафоро хуб мекунад ва бо ман аз инсону рӯшанӣ сухан мегӯяд.
Ман ҳеҷ вақт қалбам ҳамроҳам наомад ва ҳеҷ вақт қадди ҳарфҳоям набудам. Сар ба роҳ нашудам, ба ман ҳар сухане, ки аз забони тақсир меомад, ба ман таъсир намекард. Агар дидӣ, ки писарат нисфи шаб маст омад ё агар дидӣ, ки касе бештар аз ман ҳақиқатро мегӯяд, он шаб ба ҳамаатон хиёнат кардам.
Агар барои буридани ду ресмон аз корд (қайчӣ) истифода кунем, агар рафтори ҳама як тавр нест, агар нархи роҳкиро баланд хест, агар талабагон хонаашонро маҳв карданд, он вақт ман ба ҳувияти миллӣ хиёнат кардам. Агар касе мошин надорад, либос надорад, хӯрок барои хӯрдан надорад, ё аслан ҷой барои истодан надорад, ин ҳамааш ҷурми ман аст, зеро ман ҳамаи онҳоро гирифта, ба онҳо хиёнат кардам. Агар иморат пур аз утоқ асту нархи утоқ хеле болост, айб дар ман аст, чунки иморатро харидам ва нархи утоқҳоро боло бардоштам ва касе агар имконияти утоқхариро надошта бошад, бо нархи нисбатан пасттар ба иҷора медиҳамаш.
Вақте ки шумо музди маош мегиреду аз музди маошатон ба музди маошатон подош медиҳед, гунаҳкораш манам, барои он ки подошҳои ин қадар одамон ҷамъ шуда, музди маоши дигаронро медиҳам ва онҳо ҳам мисли ҳарвақтаина бароям подош медиҳанд!
Ман дар хонаам чандто заводи оксигентайёркунӣ дорам ва ҳар як нафас оксигенро бо нархи 22,66 дирам мефурӯшам. Харидорони ман беҳад бисёранд, зеро имрӯз ҳама ба оксиген ниёз доранд ва онҳо аз ман хоҳиш мекунанд, ки нархи оксигенамро поин биёрам. Ман инро намехоҳам! Чаро? Вақте ки ман аз як нафас оксиген ин қадар маблағ ба даст биёрам, чӣ ҳоҷат аст, ки поинаш биёрам? Аз боиси шикоятҳои зиёди харидорон ман ба хулосае омадам, ки ба сокинони шаҳр оксигенро бо ҳамон нарх ҳар соат тақсим намоям ва ба сокинони “қишлоқии камбағал” 10-12 соат дар як рӯз тақсим намоям. Касе мемурад ё намемурад, ин гуноҳи ман нест. Бо фавтидани онҳо шумораи муштариёни ман кам намешавад. Аз ҳама давлат ман муштарӣ дорам ва муштариёни хориҷии ман аз ин нарх қаноатманданд ва ба ин васила ман ба ҳамаатон хиёнат кардам!
Аз сабаби гарон будани нархи сӯзишворӣ ва роҳкиро дар иморат, ман чанд авангардҳоро ба хизмати ҳарбӣ фурӯхтаму бо пулашон роҳкиро кардам ва ба волидони онҳо хиёнат кардам.
Аслан ба ман чӣ, ки кӣ чӣ мехӯрад ва чӣ мепӯшаду чӣ кор мекунад. Ба ман чӣ, ки кӣ дуздӣ мекунад ва аз куҷо пул дармеёбад. Ба ман чӣ, ки кӣ аз кӣ ришва мегираду бо кадом роҳ истифода мебарад. Касе чизе мекунад, ман кордорашон нестаму ба ман ҳам кордор набошанд. Агар ҳамаи ин чизҳоро шумо аз ман мебинеду ман аз шумо мебинам, ин маънои онро дорад, ки ман ба шуури худам ҳам хиёнат кардам!
Суннатулло Ҳамидзод