Бежанр

Мо роҳи душвори зиндагиро интихоб кардем…

Ҳеҷ вақт ба ҷайби додомон чашм надӯхтем, ба умеди мошину пулҳои бародарамон нашудем, маҳалламонро баҳона карда, ба воситае талаби вазифа накардем, сарамонро барои сухану амале пеши касе хам накардем, ки ҳоло ҳамин аст роҳи душвори зиндагӣ.

Мо роҳи душвори зиндагиро интихоб кардем…

Ҳеҷ вақт фикр накардем, ки гурехта ба муҳоҷират назди шиносҳои тоҷирамон равем, балки ба маоши ночизе, ки касбу ҳунарамон медиҳаду дар Душанбе ба иҷораву хӯрокаву рафтуомад базӯр мерасад, аробаи зиндагиро пеш бурда истодаем, ки ҳоло ҳамин аст роҳи душвори зиндагӣ.

Мо роҳи душвори зиндагиро интихоб кардем…

Ба касе барои нафъе гирифтан хушомад нагуфтем, аз касе бо дурӯғу найранг пул намегирифтем, барои иҷрои вазифаамон тамаъ накардем, бар ивази пуле имзо нагирифтему имзо намондем, ки ҳоло ҳамин аст роҳи душвори зиндагӣ.

Мо роҳи душвори зиндагиро интихоб кардем…

Касеро интизор накардем, аз касе интизори чизе нашудем, ба ваъдаҳо бовар накардему ба худамон иҷозат надодам, ки ваъда диҳем, балки сӯхтему сохтем, ки ҳоло ҳамин аст роҳи душвори зиндагӣ.

Мо роҳи душвори зиндагиро интихоб кардем…

Ба касе хизмат кардем, хомӯш мондем, ба ҳар нафаре кӯмакамон нарасид, зарар нарасонидем, гапи касеро ба каси дигару аз нафари дигарро ба нафари аввалӣ набурдем, ки ҳоло ҳамин аст роҳи душвори зиндагӣ.

Мо роҳи душвори зиндагиро интихоб кардем…

Барои аз кор рафтанамон худамонро гунаҳкор кардем, на роҳбариятро, барои бекориам худамонро гунаҳкор кардем, на ихтисосу донишгоҳу дипломамонро, барои маоши хуб надоштанамон худамонро гунаҳкор кардем, на корхонаро, ки ҳоло ҳамин аст роҳи душвори зиндагӣ.

Мо роҳи душвори зиндагиро интихоб кардем…

Шояд чунин раҳнавардон зиёд бошанд, оё касеро мешиносед?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь