“Ҳамеша роҳи аз ҳама мушкилро интихоб кунед, чун дар ин роҳ шумо бо ҳарифе вонамехӯред”.
Шарл де Голл
Ман ба ин тавсияи генерал Шарл де Голл қисман розиам, қисман не, ҷаноби Хоҷаев. Чаро? Барои чӣ хулосаи духӯра дорам? Зеро, шояд худи ту ҳам огоҳӣ, ки имрӯзҳо ҷомеа пур аз паразитҳост. Паразитҳое, ки ба қурби пашизе қадр надоранд, аммо дар роҳҳои душвор худро ҳарифи мардони мушкилписанд мепиндоранду нахӯди пеши қошуқ мешаванд. Танҳо ба он хотир, ки аз ниҳояти бахиливу хасисӣ мисли “муқтазои неши ақраб” зарарашонро расонанд. Дар асл ва аз лиҳози инсонигарӣ бошад, ақидаи Шарл дуруст аст. Зеро, ин зумра воқеан қудрати истодагарӣ назди мардони мардро надоранд. Барои ин тоифа инсонҳои ночизи осонҷӯ рақиб ёфтаам. Ӯ Ошост. Ҳамон Ошои мутафаккир, ки мегӯяд: “Ҳар гоҳ, ки дар рӯ ба рӯи интихоб қарор дорӣ, пуртаваҷҷуҳ бош: чизеро интихоб накун, ки мусоид, бароҳат, аз ҷониби ҷомеа эътирофшуда ва фохир бошад. Чизеро интихоб намо, ки дар қалбат ҳамоҳангӣ ёбад. Чизеро интихоб намо, ки новобаста аз чигунагии оқибатҳояш мехоҳӣ анҷом диҳӣ”.
Ошо низ қариб монанди ҷаноби Шарл гуфтааст, вале агар аҳамият дода бошӣ, дар анҷом ҷиддан ишора ба он кардааст, ки вақте роҳеро интихоб менамоӣ, набояд ба ангезаҳои “ақрабгунаҳо” аҳамият диҳӣ. Воқеан, ба андешаи ман ҳам, вақте фаразан шолӣ мекорӣ, набояд аз оқибати лалмӣ ва ё обӣ шуданаш битарсӣ. Ё дағалтар карда гӯем, агар аз чизе метарсӣ, набояд ба ҳаммом дароӣ. Яъне, интихоб аз туст!
Дар мавриди интихоби табиӣ чӣ, дӯстам Хоҷаев? Дар ин бора чӣ андеша дорӣ? Масалан, ман фикр мекунам, ки интихоби табиӣ бояд назар ба интихоби усулӣ боарзиштар бошад. Интихоби табиӣ бояд ба дунёи маънавии инсон рабт гирад. Интихоби усулӣ бошад, ҳамон манфиатхоҳиву масхарабозиҳое, ки рӯзафзун вомехӯрему “талаботи замона” гуфта, беэътиборона даст меафшонем. Ҳатто дар ин замина танзҳое низ эҷод шудаанд. Барои мисол, муаллим аз хонанда мепурсад:
– Боигариро интихоб мекунӣ ё ақлро?
Хонанда посух медиҳад:
– Боигариро.
Муаллим бо истеҳзо мегӯяд:
– Агар аз ман мепурсиданд, ақлро интихоб мекардам.
– Ҳар кас чизи надоштаашро интихоб мекунад,- писханд мезанад хонанда.
Аммо аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки ҳамин истеҳзои муаллиму писханди хонанда ҳам заминаи ҳаётӣ доранд, рафиқ Хоҷаев. Зеро, барои инсон ҳамеша роҳи интихоб вуҷуд дорад, аммо баҳри амалӣ гардидани он тангдастӣ имкон намедиҳад. Вақте як нафар дар ҳадди ниёзмандӣ умр ба сар мебарад, пас худ бигӯ, ки ӯ кадомеро интихоб кунад: ақл ё дороиро?
Воқеан, гоҳо чархи зиндагӣ болои сари инсон чунон гарон мечархад, ки дар роҳи интихоб музтар мемонем. Касе дӯст интихоб мекунаду дӯсташ қалбакӣ, нокас, хилофкор, дурӯяву хиёнаткор мебарояд. Аммо набояд шикаста шуд. Бо чунин дӯст тавре бояд рафтор кард, ки ӯ кард. Умуман, ӯро бояд чун ашёи нолозим аз саҳифаи хотираҳо шуст, ки ин низ худ интихоби навбатӣ аст. Ҳамон тавр, ки файласуф Сенека мегӯяд: “Интихоб бояд миёни ашёҳои зиёдатӣ сурат гирад”.
Албатта, душвор аст ба хулосаи ниҳоӣ расидан дар ин ҳолатҳо. Аммо даҳшат нест. Кофист, ки ҳамон бозии машҳури “Танга”-ро ба хотир орем ва тангаро ба ҳаво партоем. Намедонем танга бо кадом тараф рӯи замин ё фарш мешинад, аммо ҳанӯз замони дар ҳаво буданаш хаёлан орзуямонро аз пеши назар ва аз дил мегузаронем, ки худ заминаи интихоб аст.
Бо ин ҳама чӣ гуфтаниям, ҷаноби Хоҷаев? Гӯшрас карданиам, ки дар роҳи интихоб ҳам инсон гоҳо хато мекунад. Мисли кӯдаки ташнаву гуруснае, ки иштибоҳан себи калонеро барои истеъмол интихоб мекунаду он себ ноқису дарунаш кирмхӯрда аст.
Пас, боз интихоби дигаре барои ҷуброн кардани хатоӣ лозим аст.
Фазлиддин АСОЗОДА,
“ФАРАЖ”
Безтарин навистед акои меҳрабон донишманд! Қаламатон доимо тез бошад ва забонатон бурро.