Монолог

Чаро мо ба қишри даркории ҷомеа имтиёз намедиҳем?

Ҷаноби Тоҳирӣ, Душанбе холӣ аст.  Ҳоло дар ин шаҳри зебо мавсими кор нест. Нақлиёти ҷамъиятӣ холӣ, сартарошхонаҳо холӣ, бозорҳо камодам, кӯчаҳо бесадо, таги сояи дарахтони боғҳо бе ошиқон, тезтайёрҳо бемуштарӣ, марказҳои букмекерӣ бе бозингарону футурулогҳо, мағозаҳои поёни биноҳои истиқоматӣ бесавдо ва ғайраҳо. Яъне бо маънои томаш Душанбеи мо камодаму ором шудааст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ҷаноби Тоҳирӣ, аз аввал мегӯям. Ҳоло сокинони Душанбе бо “айби” донишҷӯёне, ки ба деҳоти кишвар рафтаанд, аз камии нақлиёти ҷамъиятӣ хеле азият мекашанд. Ва бо ин “гуноҳ”-и онҳо ронандагони нақлиёти мусофирбар асабию қаҳролуданд. Мошинҳо дер-дер, пур-пур омада, оҳиста-оҳиста ва нохоҳам-нохоҳам ҳаракат мекунанд. Касе чизе намегӯяд ва гӯё ҳамааш хуб аст, вале бовар кун, хуб нест, зеро мардум азоб кашида истодаанду ронандагон пули кам меёбанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ба бозорҳо рафта истодаӣ? Рафта бин савдогарони либосфурӯш, маводи хонишфурӯш, хӯрокворифурӯш ва ғайраҳо чӣ ҳол доранд. Агар рафтӣ аз онҳо пурс, ки чӣ гуна аст бидуни донишҷӯён тиҷораташон?

Ҷаноби Тоҳирӣ, аз моҳи сентябр то моҳи июн муштариёни сартарошҳоро дар сартарошхонаҳо дида будӣ? Бархеаш бо виқор “ҳаққи хизмат 15 сомонӣ аст” гуфта, ҳатто ним нигоҳе намекарданд-ку, ҳоло бошад, пойи рост болои пойи чап монда, “лента”-и Instagram-ро дида истодаанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, бо хот-догу шаурмаи нуқтаҳои тезтайёр шинос ҳастӣ ва медонӣ, ки барои як хот-дог хӯрдан дар назди як тезтайёр то 10-15 дақиқа ҳам интизор мешудӣ, вале ҳоло баъзеҳо корро муваққатан бас кардаанд ва бархеи дигар аз камии муштарӣ шикоят мекунанд. Бале, гап дар бораи ҳамон хот—догҳое меравад, ки аз 6 сомонӣ оғоз мешаванд ва яке аз хӯрокҳои махсуси донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, чун ману ту медонем, ки арзиши иҷораро дар кишвари мо, хусусан дар пойтахтамон касе назорат намекунад ва соҳибхонаҳо чанд пуле хоҳанд барои хонаашон талаб мекунанд, дар ин вақти набудани донишҷӯён аксаран холӣ ҳастанд. Агар донишҷӯён тақрибан 2 моҳ набошанд ҳам, ба ҳисоби миёна ҳар соҳибхонае, ки хонаашро ба донишҷӯён иҷора медиҳад, 4 ҳазор сомонӣ зарар мебинад.

Ҳамин ҷо ист мекунем, Ҷаноби Тоҳирӣ. Он чизе, ки дар боло гуфтем аз сад як нақши донишҷӯён ё аҳамияти будани онҳост, вале оё мо донишҷӯёнамонро, ки ояндаи миллат мехонем, қадр мекунем? Боре вохӯрдаӣ, ки кондуктори микроавтобусе бепул донишҷӯеро ба мошин савор карда бошад? Боре дидаӣ, ки ронандаи автобусе бо шунидани “маблағ кофӣ нест”, ба донишҷӯе гуфта бошад, ки “ҳеҷ гап нест, даромада шин”? Оё боре дидаӣ, ки сартароше аз донишҷӯе бар ивази 15 сомонӣ 10 сомонӣ гирифта бошад? Оё дидаӣ, ки орди 10 килогиро фурӯшандаи мағозаи поёни бинои истиқоматӣ ба донишҷӯе 80 сомонӣ нею 75 сомонӣ фурӯхтааст? Оё боре шоҳиди муомилаи хот-догфурӯше бо донишҷӯе шудаӣ, ки гуфта бошад “марҳамат, ин хот-дог барои донишҷӯ буданат”? Оё боре бо соҳибхонае вохӯрдаӣ, ки хонаашро махсус ба донишҷӯён бо нархи арзонтар ба иҷора дода бошад?

Туро намедонам, вале ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби ман як аст: НЕ!

Ҷаноби Тоҳирӣ, бешак, донишҷӯён як қишри даркории ҷомеаи мо ҳастанд. Одамони зиёд маҳз бо будани онҳо зиндагияшонро пеш мебаранд, (худро сохта истодаанд, мошин мегиранд, хона месозанд, таҷриба мегиранд) ва аз ҳама муҳим мо ба онҳо унвони ОЯНДАИ МИЛЛАТ додаем, вале ҳеҷ имтиёзе надодаем.

Биёед, ба қишри даркории ҷомеа то андозае сабукӣ диҳем, ба онҳо барои дилгармияшон имтиёзҳо диҳем, онҳоро ба фардои дурахшонтар дилгарм кунем, худсозиву худинкишофдиҳиро омӯзонем, бовар кунонем, ки ба мо даркоранд ва маҳз оянда аз онҳо вобастааст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here