Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, ёдат бошад чанд мактуб пеш ба ту дар бораи додани баъзе имтиёзҳо дар бархе маворид ба донишҷӯён, ки бо садои баланд “ояндаи миллат” мегӯемашон, гуфта будам. Акнун боз мегӯям ва ин шарҳи он мактуб аст, зеро аксарият хостанду қабул карданд, вале ақалият сарфаҳм нарафтанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, яке пас аз хондани “Имтиёз” бо садои ба ману боз чанд нафари дигар фаҳмо гуфт:

– Ман сартарошам ва нарх барои ҳар нафар 15 сомонӣ аст, сабаби арзон карданро барои донишҷӯён намебинам, зеро ба фикрам аз онҳо ҳеҷ вақт ба ман фоидае намерасад. Ҳаёти онҳо ҷудо аз ман ҷудо аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман дуруст фаҳмидам: як сартарош дигар дар умри боқимондааш ҳеҷ гоҳ ба як муаллим, ба як журналист, ба як духтур, ба як муҳандис, ба як иқтисодчӣ, ба як ҳуқуқшинос… эҳтиёҷ пайдо намекунад? Ба писари ӯ муаллим лозим намешавад? Ба духтари ӯ духтур лозим намешавад? Ба кадом хешаш ҳуқуқшинос лозим намешавад? Яъне мо то ҳамин андозае худхоҳу бетарафем ва ё қудрати некӣ кардан надорем?

Ҷаноби Тоҳирӣ, чанд сол пеш, замоне ки таксиҳо аз маркази ноҳия ба деҳаи мо сари ҳар одам 4 сомонӣ мегирифтанд, барои донишҷӯён нархи роҳкиро 3 сомонӣ муқарра шуда буд. Ронандагон ин иқдомро барои ояндаҳои миллат, ки аз деҳаашон барои талаби илму касб дар мактаби олӣ таҳсил мекарданд, роҳандозӣ намуда буданд. Ҳоло аксари он ҷавонон соҳиби кор шудаву ҳатман бо яке аз роҳҳо хизматҳои ронандагонро баргардонида истодаанд. Ба қавле фаромӯш накардаанд, ки ҳаёт “бумеранг” аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, сол аз сол теъдоди донишҷӯёни мо кам шуда истодаанд. Як ба омор нигоҳ кун. Шумораи умумии довталабони макотиби олӣ дар кишвар соли 2022-ум 82 ҳазору 718 нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба соли 2021-ум 8813 нафар (9,63 фоиз) ва назар ба соли 2020-ум 17 ҳазору 680 нафар (17,61 фоиз) кам аст. инчунин, ногуфта намонад, ки имсол дар ду даври тақсимот ҳамагӣ аз миёни 82 ҳазору 718 довталаб ҳудуди 60 ҳазор сазовори унвони донишҷӯ шуданд. Ва ин дар ҳолест, ки имсол муассисаҳои таълимӣ дар умум мунтазири беш аз 95 ҳазор донишҷӯи нав буданд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонӣ барои чӣ ин хел шуда истодааст? Барои он ки мо ба ҷои ба донишҷӯён (ояндаҳои миллат!) имтиёзҳои гуногун диҳем, имтиёзҳояшонро як-як кам карда истодаем. Ман намегӯям, ту худат медонӣ кадом имтиёзҳоро дар назар дорам. Албатта, ҳамон имтиёзеро, ки бархе маҳз ба хотири он донишҷӯ мешуданд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо донишҷӯёнро танҳо истифода мебарем. Мепурсӣ, ки чӣ хел? Буҷаи макотиби олиро пур мекунем, савдои бозорҳоро зиёд мекунем, ҷайби иҷорадиҳандагонро пур мекунем… ва “конце концов” китобфурӯшии бархе “профессор”-онро ривоҷ медиҳем.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ту ҳам медонӣ, ки дар ин шабурӯз ба ҷавонони мо дар дигар давлатҳо имтиёзи зиёд дода мешавад ва сол аз сол макотиби олии кишварҳои хориҷӣ бурсияҳои таҳсилро барои тоҷикистониён зиёд карда истодаанд. Албатта, ин хуб аст, ки ҷавонони мо дар макотиби миёна ва олии касбии мамолики хориҷ таҳсил мекунанд, вале дар кишвари худамон ҳам бояд ҷавонон барои таҳсил шавқманд бошанд, кӯшиш намоянд. Медонӣ, бархе довталабони макотиби олӣ як ҷумла доранд: “Дар Маркази миллии тестӣ як бахтамро месанҷам, агар нашуд баъд нақшаи дигар мекашам”. Тасаввур кун, донишҷӯ шудан дар мо бахтсанҷӣ аст. Кӯшиш нест, ҳавасмандӣ нест, мубориза нест, даводав нест, шавқ нест ва ғайраҳо нест. Ва ин ҳамаро сабаб надоштани ҳеҷ имтиёзе мебошад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, намедонам ту чӣ фикр дорӣ, вале ба фикри ман бояд масъулине, ки дар бораи дирӯзу имрӯзу фардои миллату давлат барои фикр карданашон маош мегиранд, роҳи ҳалли ин масъаларо таҳқиқ карда, муайян намоянд. Онҳо бояд бигӯянд, ки ҷавонони тоҷик ба чӣ ниёз доранд, кадом имтиёзҳоро мехоҳанд ва чӣ бояд кард, ки ибораи зебои “ояндаи миллат” дар амал татбиқ шавад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here