Духтари президенти собиқи Тоҷикистон хонаи иҷора мекобад.

Мо одат кардаем, ки дар бархе кишварҳо аз “ҳаёти шавқовар”-и фарзандону пайвандони президентҳо хабар шунавем. Дур намеравем, то соли 2016 мешунидем, ки Гулнора Каримова дар Ӯзбекистони ҳамсоя ба чӣ бедодиҳо даст мезад. Тиҷорати мардумро ба зӯрӣ мегирифт, ба ширкатҳои калон танҳо бо гирифтани ришваи калон иҷозаи фаъолият медод, хонаву корхонаҳои азиме дар дохили мамлакат ва хориҷ мехарид. Ҳоло дар зиндон нишаставу маҷбур шудааст, ки пулу моликияти бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаашро бозпас биёрад.

Фарзандони Аскар Акаев ҳам то соли 2005 хуб “ҷавлон” карданд. Аммо ҳоло якеаш фавтиду дигаронаш дар Россия гурезае беш нестанд. Дар ҳамин кишвар президенти баъди Акаев ба қудрат бо инқилоб омада Боқиев сабақ нагирифт. Панҷ сол пас тамоми авлоди ин оила ҳам гуреза шуд.

Мисолҳо зиёданд…

Дар Тоҷикистон ҳарфҳо зиёд буданд, аммо ду ҳафта шуд, ки даъвои духтари президенти собиқ Раҳмон Набиев дар расонаҳо мавзӯро ҷониби дигар бурд. Албатта дар бораи “зӯрӣ”-и фарзандони Набиев тақрибан чизе нашунидаем, ки тиҷорати касеро гирифтаанд, ё тиҷорати азиме доранд. Аммо дар кишвари мо ин аввалин қазияи додгоҳӣ аст, ки аз хонаводаи президент расонаӣ мегардад. Духтар мехоҳад хонаи падарашро ҳифз кунад. Хонаи қонунии падари марҳумашро.

Мунаввара Набиева дар як суҳбати ихтисосӣ ба “Фараж” гуфт, ки рӯзи 20-уми август ӯро бе асос ва пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз додгоҳ берун карданд. Баҳси онҳо ҳам бо одами бегона не, бо бародараш Рустам Набиев давом дорад. Духтари собиқи президент ба хотир меорад: “Вақте модарам фавтиданд, ман фикри ба номи худ гузаронидани хонаро надоштам. Аммо бинед, ки Рустам чӣ кор кард барои модараш? Модаре, ки барои фарзандаш ҷонашро фидо кард”.

Набиева мегӯяд ҳадафаш аз ҳимояи ин хона танҳо як аст: пос доштани хотираи падар!

– Ин хонаи падарам аст, хонаи президент, ки ӯ дар ин хона хӯрок мепухт, дарахт шинондааст, кори давлатро анҷом медод, фарзандонашро ба як умед бузург карду тарбия. Ин хона бароям бӯйи падар мекунад, бӯйи Тоҷикистонам аст. Ҳамеша тасаввур мекунам, ки волидайнам зиндаанду дар рӯйи ҳавли нишастаем. Ният доштам дар саҳни ҳавлӣ ҳайкали ӯро гузорам. Хона-музей бисозам. Бо ин ҳадаф суҳбатҳо, мақолаҳо ва ҳамаи асноди заруриро ҷамъ карда будам. Чун писари дуввумам саломатии хуб надошт, ман бештар аз пайи табобати ӯ будам. Омейрро аз даст додем, аммо аз ин рӯзҳои сахт истифода карда, якбора кори додгоҳиро тезонданд. Вале ман дар қайди ин хона будам ва ҳоло низ ҳастам. Аммо бе розигии ман маро аз қайд берун кардаанд. Ин магар ғайриқонунӣ нест?,- мепурсад Мунаввара.

Набиева мегӯяд ин қадар бошитоб аз пайи аз хонаи қонунӣ берун кардани ӯ шудаанд, ки ҳатто имкон наёфт либосҳояшро ҷамъ кунад. «Ин ҳам тааҷҷубовар ва ҳам шубҳанок аст»,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Набиева суол мегузорад, ки чаро раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қазияи додгоҳӣ дахолат мекунад? Аз лиҳози қонунӣ ин ҳақро надорад, аммо…

Хотиррасон мешавем, ки хонаи истиқоматии Мунаввара Набиева дар ҳамсоягии ходимони намоёни давлатӣ Қаҳҳор Маҳкамов, Ҷаббор Расулов, Шерхон Салимзода, Оқил Оқилов, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷойгир аст. Маълум аст, ки дар ин гуна макон на ҳар кас метавонад хона дошта бошад. Аз ин хотир, эҳтимол меравад, ки шояд зери ин шитобкориҳо ҳадафҳои дигар ниҳонанд ва “ин пораи замин ба касе даркор шудаасту бо пеш кардани ман аз ҳолати бечорагиву муттаҳамии Рустами додарам истифода мекунанд”.

“Ин ҳавлӣ бо пули ман ба номи модарам хусусӣ гардонида шуд. Зеро он замон он кас калони оила буданд. Қабл аз вафоташ модарам ин хонаро ба додарам васият кард. Ба наздикӣ огаҳӣ ёфтам, ки мақомот бе ман қайди маро беэътибор донистаанд. Ҳатто раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бароям занг зада, гуфт, ки хонаро бояд холӣ кунам,- гуфтааст Мунаввара Набиева ба Радиои Озодӣ.

Дар ҳоле ки Мунаввара Набиева ин амалро тарҳи мақомот мешуморад ва ба манфиатдории раҳбарони ноҳия ишора мекунад, Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ҳавлии Раҳмон Набиев дар ин ноҳия аст, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қазия фақат як баҳси хонаводагист ва писари Раҳмон Набиев талаб кардааст, ки Мунаввараи апааш аз ҳақи зист дар ин манзил маҳрум карда шавад.

“Ин ҳавлии ман аст ва хоҳарам дар ин ҷо сабти ном ҳам надорад. Ин баҳси дохили оила аст ва мо намехоҳем он расонаӣ шавад”,- гуфтааст Рустам Набиев.

Дина шаби дер ба Мунаввара Набиева занг задам ва пурсидам, ки маъзарат барои ин занги дер, аммо ҳафтае қабл ин қазия дар расонаҳои зиёд муҳокима шуд, оё пас аз он тағйироте пеш омад?

– Хуб кардед, ки занг задед. Чанд вақти охир тақрибан хобам ҳам намебарад. Барои ҳамин ин зангатон дер нест. Ҳоло дар як хонаи иҷораи баландошёна бо сагчаам зиндагӣ мекунам. Дигар тарафи хонаи падарам ҳам нарафтам. Дилам намешавад. Шунидам, ки Рустам аллакай ба хона даромадааст. Фикр намекунам, ки ӯ ҳам то дер дар ин хона боқӣ монад. Модарам ҳам пеш аз маргаш аз ҳаёти минбаъдаи ӯ дар ташвиш буд ва мегуфт, ки оқибат дар кӯча мемонад. Зеро мушкилоти зиёд дораду хислати хубе надорад. Аз ин ҳолаташ метавонанд сӯйистифода кунанд. Шояд ӯ ҳам дертар мисли ман дар кӯча мемонад. Дуруст мегӯед, мо ҳам интизор доштем, ки бо расонаӣ шудани ин хабар раҳбарияти кишвар, махсусан Президенти Тоҷикистон ба ин қазия ҳамчун кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандон дахолат мекунанд. Ба ҳар ҳол, ин хонаи президенти аввалин аст ва бояд ҳифз шавад. Намедонам, шояд ба он кас нарасидааст. Ҳоло бошад ман дар ҷустуҷӯи хонаи иҷораи заминӣ ҳастам, чун зиндагӣ дар баландошёна бароям душвор аст. Фикр мекунам, ки Рустам ягон мушкил дорад ва аз ин ҳолат сӯйистифода мекунанд. Пештар ӯ 3 хонаи дигарро ҳам фурӯхта буд. Як хонаи писари маро ҳам. Ваъда дода буд, ки агар аз мушкилоташ раҳо шавад, барои мо хона мехарад. Ҳарчанд бовар надорам. Аммо бовар доштаму ҳоло ҳам дорам, ки Пешвои миллат вақт ёфта, ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунанд. Ба ҳар ҳол, гап дар бораи як хонаи таърихист…,- гуфт ӯ.

Шояд чунин ҳам шавад. Шояд не…

Вақт нишон хоҳад дод…

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь