Душмани дӯстнаморо натавон зуд шинохт,
Шохаро мурғ чӣ донад, ки қафас мегардад.
Бедил
Ин ду мисраъ шеъри шоири шаҳир Мирзо Абдулқодири Бедил дорои фалсафаи амиқ дар боби дӯстиву хатоист, ҷаноби Хоҷаев. Воқеан ҳам, вожаи “дӯстӣ” бояд муқаддастару муқаддамтар аз бисёр отифиятҳои инсонӣ бошад. Барои ҳамин, бояд бо он қариб ҳамчун бо саҳли мумтанеъ муносибат кард. Зеро, дар назар оддӣ метобад, вале дар асл мураккаб аст. Он аслан моли нафарони аз лиҳози маънавӣ бою баркамол аст. Шахси аз ҷиҳати маънавӣ фақир наметавонад муҳтавои амиқу аслии мафҳуми “дӯстӣ”-ро ташхис бидиҳад. Чун, дӯстӣ дар худ рисолат дорад: ҷавонмардӣ. Мутаассифона, бисёр нафарон ба ҳангоми даъвои дӯстӣ аз хати сурхи ҷавонмардӣ убур мекунанд ва ин боиси сар задани хатоҳои бузург мегардад. Дар мавриди шоха бошад, бояд гуфт, ки на ҳар шоха барои мурғ қафаси устувор мешавад. Агар инро сарфи назар кунем, ки мурғ мокиён бошад ва ҳатто натавонад аз қафаси бедӣ берун ҷастан. Лек, агар мурғ нарина, яъне хурӯс бошад, яқинан миёни он қафаси заифу нангини бедӣ, ки шояд кадом як “дӯст” барояш мураттаб сохтааст, нафастанг, аз худ бехуд, девона мешавад, нӯлу чангол мезанад ва шохаҳои қафасро чун андешаҳои парешони “дӯст”-и носипос тит мекунаду аз азоби виҷдонии хато карданаш раҳоӣ меёбад.
Яъне, чӣ гуфтаниам? Инро, ки “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” мегӯянд. Ба хотири хато накардан, бояд муддатҳои мадид сар ба рахти андеша кашиду мулоҳиза намуд.
Ин ки шоири бразилиягӣ Пауло Коэло мегӯяд “оина дуруст инъикос мекунад; он хато намекунад, зеро фикр намекунад. Фикр кардан – қариб ҳама вақт маънои хато карданро дорад”, ба назари бандаи ганда, нодуруст аст, дӯстам Хоҷаев. Зеро, якум ин ки, мо оина нестем, асбоби нусхабардорӣ ҳам, то тамоми буду шуди зоҳирии ҷинс ё ашёро бе каму кост нишон дода тавонем. Мо ҷисми зиндаем. Ҷисме, ки эҳсос дорад, некро аз бад ва бадро аз нек фарк мекунад ва муҳимтар аз ин, қобилиятеро дорост, ки метавонад ақидаи хурофотии “тақдир навишта шудааст”-ро тағйир диҳад. Дувум, дур намеравам, мақоли машҳури “даҳ бор чен куну як бо бур”-ро намуна меорам…
Оҳҳҳ, чиқадар бад мебинам ҳамин оинаро, рафиқ Хоҷаев! Барои чӣ? Чун он на дӯстест, ки ҷаноби Пауло дар назар дорад. Охир, он қодир нест, ки олами ботинии маро ақаллан барои худи ман равшан кунад. Ҳо, дар зоҳир хеле фохир, барҷаставу зебову шикебо нишон медиҳад маро. Вале дар асл, наметавонад рафтору атвор ва каҷгунаҳои ботини маро инъикос намояд. Пас, он чӣ гуна инъикосгари дурустиву ростӣ будааст? Пас, ман сад дар сад, бо боварӣ гуфта метавонам, ки оина бештар аз мову шумо хато мекунад. Ҳатто ба ҳамон мақоли “дӯстон оинаи якдигаранд” ҳам он қадар эътимод надорам. Зеро, як умр “аз рӯ шона, аз таг фона” гуфтагӣ барин, наздат мушханда задаву тавсиф мекунанд, вале баъдан дарак меёбӣ, ки таги поятро кайҳо тару лағжонак кардаанду хандаҳояшон ба заҳрханд табдил меёбад. Аммо вақте кор ба миқёси баҳсу баррасӣ кашид, худро мисли мусичаи бегуноҳ канор мегиранд, ба хатояшон иқрор шудан намехоҳанд. Вагарна, баҳонаи изҳори пушаймонӣ кардан фароҳам меомаду кина аз дил дур мешуд.
Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”