Дуруд Абдувоҳид!

Медонам, гила мекунед, ки чаро кайҳост нома наменависӣ.

Медонам, шояд аз қаҳр ба номаам ҷавоб нанависед.

Медонам, ба дилатон сахт расидаву мегӯед “замони охир меҳри инсониро гум кардаам ва то маро наҷӯед, шуморо намеҷӯям”.

Гилаатон болои дида!

Вале донед, ки ҳатто вақте шахси маҳкум ба қатлро сухани охирин медиҳанд то амали хешро шарҳ диҳад, худро сафед кунад ва бисёр ҳолат тараҳҳуме дар дили қозӣ бедор созад. Ҳолатҳое шуда, ки баъди сухани вопасин шахси маҳкум ба маргро аз қатлгоҳ ҷавоб медиҳанд, чун дар охирин нафас метавонад худро сафед кунаду гунаҳгор будани хешро зери шубҳа барад.

Барои ҳамин, ба ман ҳам ин сухани охиринро диҳеду имкони худро сафед карданро низ. Дигар Шумову виҷдони Шумо донад!

Абдувоҳид!

Тағои Давронро мешиносед? Ҳамон хаткашони деҳаи моро ки аз Шӯрча то Дашти Қозӣ бо хари сияҳашон дар хӯрҷини нақшин хату рӯзномаҳоро меоварданд? Ман ҳар рӯз омадани он касро интизорӣ мекашидам, ки навиштаҳои тозаро мутолиа кунам, аз дунё бохабар шавам. Он кас буданд, ки ба ман номаи ҷавобии ҳуҷумкунандаи маъруфи “Помир”-и Душанбе Вазген Манасянро бо туҳфаҳояш оварда буданду натанҳо ман, кулли мухлисони футбол дар деҳа сур доштем. Маҳз аз дастони эшон ман пайғоми ҳунарманди дӯстдоштаам Субҳони Сайидро, ки чанд бор меҳмони деҳа шуда, бо таронаҳои ҷонгудозаш азизи дилҳо гардида буд, гирифтаам. Маҳз бо туфайли эшон ман бо навиштаҳои рӯзноманигороне, ки бароям шахси дастнорас менамуданд, вале чанд сол пас ҳатто бо баъзеи онҳо ҳамкор шудам, ошно гардидам.

Ана, ҳамин тавр, ман номаро ба Шумо тавассути эшон фиристода, дар болояш ба Абдувоҳиди Зевар, деҳаи Панҷрӯд навиштаю фиристода будам. Сабаб он ки он шабу рӯз бо кадом мушкиле ба деҳа рафта будед. Аммо… аз деҳа бародарам занг задаю гуфт, ки “тағои Даврон кайҳост дар нафақа ҳастанд ва мафҳуме бо номи “почта” дигар аз байн рафтааст. Ба ҷойи он кас бошад шахси дигареро нагирифтаанд ва Худо донад, ки ин штати корӣ мавҷуд аст ё не. Чунки тағои Даврон ҳамеша аз кам будани нафақа шиква ба лаб доранд”.

Саргум мондам, ки чӣ кор кунам. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ нанавиштам, чунки, масалан “Фейсбук” ба наздикӣ ба ман гуфт, ки гӯиё ману Шумо даҳ сол шуд дӯст ҳастем. Ва ҳам ба он ки дар Панҷрӯд интернет ҳаст, бовар надорам. Чунки Маҳмадалию Шуҳрат, ки бовар надорам…

Хаткашони инзамона кист?!

Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Номаатон пас аз интизориҳои зиёд, инак расид.

Умедворам, ки ҳолатон хуб бошад, чун аз аҳволатон, аз саломатии қиммататон як-ду сухан ҳам нагуфтед. Шояд моҳҳо шуда бошад, ки Шуморо дар саҳни “Шарқи Озод” хурсанду шод чун ҳамеша надида бошам. Ё шояд дар назари ман, ки дӯстонамро як рӯз набинам фикр мекунам сад сол надидаам, чунин тобад?

Ба ҳар ҳол, орзӯ дорам, ки танатон сиҳат бошаду вақтатон хуш!

“Хаткашон”-атонро хондаму тағои Давронро, гӯиё як бори дигар савори ҳамун маркабашон дидам, ки дар ба дари хонаҳо мегаштанду газетаю журналу нома меоварданд. Барои ин хизматҳояшон ҳам худашон маош мегирифтанду ҳам харашон. (Баъзе вақт фикр мекунам, ки ҳамун хари тағои Даврон аз баъзе инсонҳо барои ҷамъият муфидтар буд. Пеши худ андеша мекунам, ки “кош, сафи чунин харҳо зиёд мебуд!”). Мардуми деҳа аз сари девору пушти симтӯрҳояшон саломашонро алейк мегирифтанду ба “мундаҳо” гуфтанҳояшон ҷавоб мегардониданд. Кампири Муаттар асозанон аз дарвоза мебаромаданду “Давронҷон пенси мана овардӣ?” мегуфтанд. Чӣ пенсияҳое буд?! Мӯйсафедон пули ҳаққу ҳалоли худам гуфта, барои рӯзи мабодояшон сарфа мекарданд, барои гӯру чӯбашон…

Вазифаи хаткашонро ба ҳар кас бовар намекарданд, чун овардану расонидани маблағи нафақаи калонсолон ва ёрдампулӣ барои модарони серфарзанд ва чанд хидмати дигари муҳим низ ба уҳдаи хаткашон буд.

Хаткашони инзамона кист? Оё вазифаи хаткашон чун пешина вуҷуд дорад? Маошаш чанд? Оё дар дунё инсонҳое ҳам вуҷуд дошта бошанд, ки чун ману Шумо байни худ мукотиба мекунанд? ва содалавҳона чун ман фикр мекунанд, ки як хаткашоне биёяду мактубро бо ду дасти адаб ба ҷойи зарурӣ расонад ва ҷавобашро низ биёрад?

Акнун чанд нукта дар бораи обуна ва “почта” низ бигӯям. Мо дар мактаб ба нашрияҳои дилхоҳамон обуна мешудему бе каму кост, ҳар моҳ як маротиба, нашрияҳо ё ба мактаб оварда мешуд ё рост ба хонаамон меомад. (Албатта, ҳамонро ҳам тағои Давронҳо дастрас мекарданд.) Имрӯз мактаббачаҳои деҳот шикоят мекунанд, ки “обуна мешавему аммо нашрияҳо намеоянд”.

Ҳамон “Почта”, ки дар боло зикраш кардем, як корхонаи пурқувваттарин буд, садҳо мошину коргару хару поезду самолёту ким-чиҳои дигар дошт, ки масъулияташонро аз рӯйи виҷдон ба ҷо меоварданду маош мегирифтанд. Аммо дар даврони соҳибистиқлолӣ “почта”-и мо чӣ ҳол дорад “ман донаму ту донию ду-се расвои дигар”.

Ман аз Шумо дӯстам муаддабона ду даст пеши бар гирифта, хоҳиш менамоям, ки як духтараки сафедаки ҷингиламӯйи коргаратонро барои тадқиқоти журналистӣ гузаронидан оид ба ҳамин мавзӯ, муваззаф кунед то ба ин масъалаи дар назари аввал содаю дар асл мушкили мардум рӯшанӣ андозад.

Бо эҳтиром ва самимият Абдувоҳид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь