Нишастҳои матбуотии мансабдорони тоҷик на танҳо таъбири “хасакӣ”-и вазири маориф ва илмро машҳур кард, балки барои хелеҳо хастакунанда ҳам шудааст.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳоро ниҳоди зертобеи Рамазон Раҳимзода ҷамъбаст кард. Аслан нишасти Вазорати корҳои дохилӣ тибқи накша бояд 3-юми юми июл баргузор мешуд, вале тибқи маълумоти пайдокардаи мо, Рамазон Раҳимзода бо супориши Пешвои миллат ба Ворух рафта будааст ва он барои як рӯз ба таъхир афтод. Ин пеш аз ҳама ба маънои масъулиятнокии вазир аст, ки мехост дар ин нишаст шахсан ҳузур пайдо намояд ва ягон саволи журналистон беҷавоб намонад.

Саволҳо, ҳамон тавре маълум шуд, воқеан бисёр будаанд ва хуб ҳам шуд, ки нишаст бо иштироки вазир баргузор гардид. Саволҳо он қадар бисёр буданд, ки ба инҷониб, ки бо саволҳои зиёде ба нишаст рафта будам, навбат нарасид. Зимнан, дар бораи саволҳо. Ба назар мерасид, ки бархе ҳамкасбони мо ҳоло ҳам дар ин бахш мушкил доранд. Ба ҳар сурат, хоса журналистони ҷавон баъзан саволҳое пешниҳод мекунанд, ки на танҳо масъулинро асабӣ месозад, балки журналистони касбиро дар хиҷолат мегузоранд. Ин дар омади гап ва ҳушдори чандинбораи мо ба масъулини расонаҳои хабарӣ, ки ба нишастҳои хабарӣ журналистони огоҳи худро фиристанд, ё қабл аз фиристодан саволҳоро мувофиқа намоянд. Ин сензура нест, балки ин тарзи кориро хабаргузориҳои машҳури дунё ҳам анҷом медиҳанд. Дар мо ҳам чунин мешуд, маъноеро дошт, ки расонаҳоямон худ ва дигаронро эҳтиром мекунанд.

Рамазон Раҳимзода низ дар вокуниш ба ин гуна саволҳо дуруст мегуфт: “Худатон номҳоро аз телефонатон базӯр мехонед, ман номи 13 ҳазор ҷинояткорро аз куҷо медонам, ки шумо номаълум дар бораи кадомаш мепурсед?”, “Дар бораи ҷиноятҳои 16 сол пеш мепурсед, аммо мо дар бораи фаъолияти 6-моҳа ба шумо бояд гузориш диҳем”.

Ҳамон тавре ишора кардем, ҷаноби вазир шояд аз чунин саволҳои ноҷову ғайрикасбӣ, ё кору сафари бисёр, андаке хаста менамуд ва гоҳо асабӣ ҳам мешуд. Махсусан, вақте журналистон саволҳои умумӣ медоданду далели мушаххас пеш оварда наметавонистанд. Албатта ин ҳам дуруст аст, ки мавзӯи шиканҷаро исбот кардан осон нест (он ҳамкасби мо дар ин бора пурсид ва далеле пешниҳод карда натавонист). Бо ин вуҷуд, тибқи маълумоти паҳншуда, аз ҷумла аз судҳои мамлакат чандин кормандони мақомоти милиса бо иттиҳоми шиканҷа муҷозот шудаанд. Яъне ҳолатҳо буданд. Пас гуфтан мумкин, ки журналист барои саволи худ чандон омода нашудааст.

Мутаассифона нишастҳои матбуотӣ як раванди дигарро ҳам исбот намуд: бархе аз ҳамкасбони мо фақат ба хотири “аз худ дарак додан” савол пешниҳод мекунанд. Шояд ин “усулашон” дар пеши мансабдорони дигар гузарад, аммо барои вазироне чун Раҳимзода танҳо факт даркор ва ӯ омода аст ба ҳар савол посух диҳад. Инро борҳо дидаем.

Вазири корҳои дохилӣ, ки дар ҳар нишасти матбуотии худ навгоние мекард ва ин маъракаро аз вазоратҳои дигар фарқкунанда анҷом медод, ду бор аст мисли бисёрии ҳамкасбонашон аз вазорату идораҳои дигар мегузаронад. Дигар сардорони ШВКД ва раёсатҳо дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо. Мисли пешин ба тариқи онлайнӣ дар нишастҳо пайдо намешаванд. Ё шояд барои ин зарурат набуд, ё вазир дид, ки аксари саволҳо аз марказанд?

Ё шояд воқеан ҳам сахт монда шудаанд? То он андозае, ки бори аввал дар ин ҳама солҳо дар нишасти матбуотии ахир аз забони Раҳимзода шунидем: “Бас аст, монда шудам”.

Хаста набошед, ҷаноби вазир! Мо бовар дорем, ки дар нишастҳои хабарии дигар ҳам шуморо мебинем ва ҳамкасбонамон низ ба он нишастҳо бо тайёрӣ меоянд, на бо саволҳои хаставу асабикунанда. Зеро аз онҳо мо низ хаста шудаем.

Бовар мекунед?

 Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь