Дуруд Абдувоҳид!

Медонам, ки мисоли ман одат кардаед то шеъраке коред дар шабакаҳои иҷтимоию ба ҳанг – ҳанги олиму подабон, кофару шефтаи дин мазза карда аҳамият диҳед. Шояд дар посухи онҳое, ки шеъри Шуморо нахондаанд, гулхандае дар лабонатон шукуфад, шояд аз бесаводии кадоме аз ҳамватанон ба ҷон омадаю сигори талхро авлотар донед, шояд аз офаринхонии нафаре кӯдаквор хурсанд шавед, шояд аз дарки маънии дигаре табли шодӣ занед. Намедонам…

Аммо инро яқин медонам, ки дар ниҳоят аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаде дилгир мешавед, ки дигар на шеър мефорад ва на гуфтан аз мушкилие, ки медонед ҳал намешавад. Ва дубора хешро ба оғӯши шеър мезанед то аламу дарди хешро рӯйи коғази сафед резеду резед. Дигар лайку аломати офарин ҳам намефорад, дигар ба аломати “маъқул нест” ҳам бепарво мешавед. Мисоли ҳазорони дигар, мисоли оне ки дар як шеъри хеш зебо гуфтаед, дубора зиндагиатон “кор-хона-кор” мешавад. Медонед чаро чунин мегӯям? Шуморо намедонам, вале дили маро ана ҳамин писханду истеҳзою офарингӯиҳои дурӯғин гирифтааст. Гоҳо чунин ҳам фикр мекунам, ки дигар надароям, нанависам, нафаҳмонам дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Берун равам ва барои солиёни дарозе. Фикр мекунед, дар зиндагӣ чизеро бой медиҳам? Фикр мекунед ба офарину лаббайкгӯиҳои дигарон ба ҳаде одат кардаам, ки мисоли кӯкнорӣ дунболаи он медавам? Шояд. Аммо, баъзе авқот хаста мешавам. Хаста. Аз он ки як андешаро батакрор ҳазорон бор мефаҳмонам, ҳазорон бор мегӯям, лекин… Аммо гӯши фарёдшунаве нест, ҳамон аблаҳии пешина, ҳамаро аз дидгоҳи танги хеш дидану баҳо додан, ҳарфи ҷониби муқобилро нашунидан ба дилам дигар сахт мерасад. Шояд пир шудаем? Шояд вақт аст то дигар майдони қаламу суханро тарк кунем? Чӣ фикр доред?

Чандин дӯстонро дидаам, ки аз рафтани хеш аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангома сохтанд, мусибат номаш карданд, вале рафтанду фурсате пас дубора омаданд. Мисли хуморие, ки аз майкада ба сад қасаму даъво берун мешавад, лекин боз ҳам бармегардад.

Мо ҳам агар равем, пушаймон бармегардем? Агар машғулияти дигаре пайдо кунем чӣ? Агар ки ба дубора баргаштани мо зарурате пайдо нашавад чӣ? Намедонам, саргумам. Вале медонам, ки рӯз ба рӯз нафрату лаънати ман аблаҳону бедардон меафзояд. Онҳое ки дилашон дард намекунад, онҳое ки аз афсонагӯӣ хаста намешаванд, онҳое ки мавҷуди зинда нестанд, онҳое ки ба дурӯғ гуфтану ба дурӯғ зистан, одат кардаанд. Ё шояд хешро чунон ба як қалъаи мустаҳкам гирам, ки касе ба он роҳ наёбад? Намедонам…

Бояд навишт!

Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Номаатонро гирифтам. Чанд вақт шуда буд, ки мехостам фикратонро оид ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва иваз намудани онҳо ҷойи газету маҷалла ва ҳатто китобро бифаҳмам, аммо аз сабаби зиёд будани ташвиши зиндагӣ ҳич вақт намеёфтам. Инак, вақту соаташ фаро расид, худатон чун ҳамеша ва пеш аз ҳама мавзӯро бардоштед. Ҳоло “гурез” пеши роҳамро гирифт.

Ман фикр намекунам, ки рафтани ману Шумо ё як нафари дигар хоҳ олим бошаду хоҳ шоир, хоҳ сиёсатмадор бошаду хоҳ ходими давлатӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ боиси таассуф ва бой додани ҷомеа дар ҳамин фазо бошад, чун аз будану набудани одам дар ин ҷо ҳич фоида ё зараре ба ҷамъият намерасад. Инро аз он сабаб мегӯям, ки вақтҳои охир шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ фақат минбари қиссаю афсона, минбари гилагузаронӣ шудаасту дигар ҳеч!

Гурез ё гурехтан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, фикр мекунам маънои гурез аз мушкилиҳои зиндагиро дорад. Шумо саҳифаи фейсбукӣ, инстаграмм, вайбер, ватсап ва ғайра доред, ки дар вақти зарурӣ аз он бемайлон истифода мекунед, агар барои навиштан ҳам набошад, барои тамос бо наздиконатон аз он истифода мекунед. Акнун фикр кунед, ки ҳамту, барои бо баъзе нафарон рӯ ба рӯ назадан, навиштаҳои фачи баъзеҳоро нахондан, афти хунуки баъзеҳоро надида, рафтан аз ин фазо мумкин аст? Ва меарзад, ки ҳам худатонро аз ҷомеа дур кунеду ҳам ҷомеаро аз навиштаҳо ва ҳушдориҳои худатон бенасиб гардонед?

Не бародарҷон! Не! Намешавад! Намешавад, ки ҳамин як майдони худододаро ҳам, ки базӯр истифодааш мекунем барои ҳар почаканда вогузорему кунҷи узлат баргузинем! Намешавад! Бояд то лаҳзаи охирини умр мубориза бурду ҳақталошӣ кард! Бояд, ҳамун бечораҳое, ки ба сад дар сар мезананду корашон буд намешавад ва охири охирон ба назди Шумо бо ҳазор умед меоянд, дастгирӣ намуд! Бояд навишт! Бояд дарди дили худу халқро навишт! Бояд гуфт!  Вазифа ва масъулиятамон ҳамин аст.

Аммо масъалаи ҷойгузини газетаю маҷаллаҳо гаштани интернет масъалаи дигар аст, ки бо фурсати муносиб бояд сари ин масъала баргардем, чун Шумо ҳам ҳамчун як медиамагнат шинохта шудаеду газетаҳои худатонро доред ва аз ҳамин роҳ ба худатон имиджу нон ёфтаед ва шукри Худо имрӯз ҳам ёфтан доред.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь