Дуруд Хуршед!

Дерест, ки аз номи Шумо хат нагирифтам,

Бар дарди дили хеш табобат нагирифтам.

Ду ҳафта шуд, ки хаёлам парешон аст. Ду ҳафта шуд, ки на газит хондаму на ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар задам. Ду ҳафта шуд, ки сардабири ҳафтаномаи “Самак” Зоҳири Сайфулло намепурсад, ки “ устод ҳиччи навиштед?”

Андеша кардам, ки агар чунин ҳолат ду ҳафтаи дигар давом кунад мекафам. Ва инак, як чизе менависам Худо маро бубахшад!

Чандест, ки дар сарам фикре мечархад, ки ҳамин Худованд ҳам баробари раҳмону раҳим будан, ҷаббору қаҳҳор ҳам ҳаст. Ман, ки ба ин гуфтаҳо ҳич шакке надоштам ва надорам, аммо ҳамин курунои лаънатӣ ва ҳаводиси чанд вақти ахир водор мекунад, ки дар ин бора бештар биандешӣ.

Инсоният “Худованд раҳмону раҳим аст”-гуфта, ҳар номаъқулие, ки аз дасташ омад, кард. “Гуфтаи мардак”, “худойро худойбердӣ” нагуфт. Кӯдаконро ятим кард, беҷою манзил кард, кушту ҷисмашонро тӯъмаи зоғу заған кард. Аз нисф зиёди инсонҳо ёғӣ шуданд. Аз хату фармони шариъату қонунҳои табиат пой берун гузоштанд.

Ҷангҳои иттилоотӣ ба авҷи аълояш расид. Маънавиёт маҷруҳ шуд, фарҳанг бе фар шуд, муқаддасот як чизи одию омӣ шуд. Ҳеҷбудагон ҳарчӣ шуданд… Ва оқибаташ чӣ шуд?! Оқибаташ ба хайр бошад!

Оқибат, Худованди ҷаббору қаҳҳор як “имои бурут” кард ва инак, инсоният дар дасти як вабо дармонда аст!

Ба гуфтаи худораҳматии Акбари Саттор  “сари гову гӯсолаи худамон”андеша кунем ҳам, ҳамин аҳволро мебинем. Яъне мо ҳам дар Тоҷикистони азизамон бисёр номаъқулиҳо кардем.  Қонун буровардем, ки аз 63 сола боло бознишаста шавад. О, бародарҷон, инсоф кунед! Мард дар 63 солагӣ ҳамаи таҷрибаҳои зиндагиро мегираду акнун вақти дар амал истифода карданаш мерасад-ку! Ё не?! Чи гунае, ки пирони рӯзгордида гуфтаанд: “Бе пир марав, ки дар бимонӣ!”.

Ҳурмати пиронро нигоҳ надоштем ва инак, ҳамаи пиронамонро Худо гирифтан дорад.

Ёру рафиқонамонро мефурӯшем. Дӯстони “собиқ” мегӯем.  О, дӯстам! Дӯстӣ собиқа надорад! Дӯст дӯст аст! Хоҳ шаробӣ бошаду хоҳ кабобӣ бошаду хоҳ нонӣ ё ҷонӣ бошаду хоҳ дузд бошаду хоҳ чӯпон бошаду хоҳ олиму шоъиру нависанда бошаду хоҳ журналист бошаду хоҳ номард бошаду хоҳ мард- дӯст аст дигар! Худованди қаҳҳор ҳамин дӯстиро низ аз мо гирифтан дорад.

Ҳаё аз байн рафт. Шарм як чизи қадимию атиқа шуд. Фаҳш як чизи рӯзмарра шуд. Исқоти ҳамл касеро ба ташвиш намеорад. Охир ин одамкушии рӯйирост аст!

Тамоми суханҳои дурӯғамон бо қасами “ба номи аллоҳ” тасдиқ мегардад. Фикр намекунем, ки қасамзада мешавем, андеша намекунем, ки касе, ки ба номаш қасами дурӯғ мехурем қаҳҳору ҷаббор ҳам ҳаст. Инак, оқибат Худованд ба лаънаташ гирифторамон кард? Ё хайр? Боз шарм накарда оқибаташро ба Худо ҳавола мекунем.

 

“НОМАРД БОШУ ЗИНДА БОШ!”

Дуруд Абдувоҳиди азиз!

Ин ҳолат барои ман ҳам ошно аст. Ёд доред, ба наздикӣ дар бораи он ки зиндагӣ аҷобате надорад, на ба зинда қурб мондаасту на ба мурда, ман ба Шумо навишта будам.

Медонед, чӣ? Ба андешаи ман ҳангоме шукуфтани гулро мебиниву баъд эҳсос мекунӣ баҳор омадааст, даме панҷаҳои булӯрини борон, ҳамнаво бо баргҳои заъфарон ба равзанаи хонаат мекӯбанду ҳис мекунӣ фасли хазонрез омада, лаҳзае рақси пағаҳои ситорамонанди барфро дар хиёбонҳои сокит дидаву дармеёбӣ зимистон расида, рӯзе аз гармии тоқатфарсо худро ба соя мекашиву он гоҳ мефаҳмӣ тобистон омада…

Бидонед, ки дигар ин зиндагӣ бароятон аҷобате барои зистан надорад ва чизе наметавонад Шуморо дар ҳайрат гузорад! Ба ин монанд имрӯз ҳолати равонии Инсон, гум шудани шарму ҳаё, виҷдону нанг, дӯстию андеша ва садҳои дигар дили Шуморо мефишорад, қалбатон ба кафидан наздик мешаваду ҳамаи инро ба қаҳри Худованд ҳавола мекунед!

Аммо магар намедонед, ки некӣ кардед, дасти афтодае гирифтед, ба кадоме раҳ нишон додед, аз дилсӯзӣ доштаи худро барои дигарон сарф кардед, пас, интизор бошед:

Онҳое некӣ кардед, ба рӯятон туф хоҳанд кард, онеро, ки дасташро гирифтед, фардо худро бузургтар аз Шумо хоҳанд донист, ҳамонеро раҳ нишон додед, Шуморо раҳгумзада хоҳад шуморид, нафаре, ки доштаи худро барояш сарф кардед, аблаҳтарин, содатарин шахс ҳисобатон хоҳад гуморид ва медонед дар нисбати содаҳое чун Шумо, мардум чӣ масал доранд?

Шумо бо чашми сар намебинед, ки ин вабои охирзамон фақат гулчин дорад, беҳтаринҳоро дар ҳама соҳа мебарад? Вабои Шумо ба ҳаромхӯру бевиҷдону палиду касиф коре надорад! Онҳо ҳоло ҳам беғаму бедарду бешарму ҳаё зиндагӣ хоҳанд кард! Ҳоло маҳз онҳо дар навбати аввал бо ваксинаю доруҳо таъмин мешаванд, марги хешро қафотар мебаранд! Аммо, беҳтарини беҳтаринҳое, ки дил доранд, виҷдон доранд, ҳаё доранд, номус доранд мемиранд! Бо мо зистан намехоҳанд ва моро бо мо мегузоранд!

Абдувоҳид! Охир, таваҷҷуҳ кунед: Вабо маҳз онҳоеро мебарад, ки гирифтори дарди дилу қанду фишори баланд доранд! Яъне, онҳоеро ки Дил доранд, виҷдон доранд, наг доранд, номус доранд!

Пас, чаро Шумо ҳамаи инро нодида мегиред?

Медонед, ман вақте бовар кардам, фиребам карданд, вафо ҷустам, хиёнат дидам, рост гуфтам, ранҷиданд, дил додам, шикастанд, роҳ нишон додам, роҳ ёфтанду пешпоям доданд, дасти ёрӣ дароз кардам, мушти ҷанг нишон доданд, нону намак пешкаш кардам, кӯрнамакӣ карданд.

Барои ҳамин Абдувоҳиди азиз, дунё фиребу хиёнату ранҷу шикаст, пешпову мушту лагад будаасту бошаду хоҳад буд!…

Ба қавли як дӯсти холабеғам “номард бошу зинда бош!”.

Дили хешро эҳтиёт кунед!

Хуршед Атовулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь