Дурӯғ ба мисли барги хушкидаи дарахтест, ки бо вазидани каме шамоли ҳақиқат ба замин меафтад (ошкор) мешавад.

Бори охир Шумо кай дурӯғ гуфта будед? Бори охир ба Шумо кай дурӯғ гуфта буданд? Бори охир кай шоҳиди дурӯғгӯии нафаре ба нафари дигар шудед? Агар ки аз ин се савол ҳадди ақал ба якеаш ҷавоби дуруст дода тавонед, пас табрик, зеро Шумо яке аз узвҳои фаъоли ҷомеаи мо маҳсуб мешавед. Ҷавоб дода тавонистан ба ин саволҳо шаҳодати он аст, ки мо ё Шумо ба ҳодисоти табиат ва муносибату муоширати одамон бетараф нестем.

Мо ҳамаамон медонем, ки дурӯғ аз дурӯғ фарқ дорад, ҳатто фарқи калон. Тафовут дар он аст, ки дурӯғи бархе аз рӯйи тангдастӣ, нодорӣ, бечорагӣ, қарздорӣ, мушкилӣ, гурез аз қудратдоре, бепулӣ… ва дурӯғи қисми дигар бошад, найранг кардан ба дигарон, дар ташвиш мондани мухотаб ва аз ҳама муҳим, одати бад онҳоро водор мекунад, ки бо росту ростӣ ҷангию ногап шуда, борони дурӯғро ба сару рӯйи ҳар нафари пешомада резанд.

Имрӯз чоршанбе аст. Медонам, бо хондани ин ҷумла Шумо ҳам, хонандагони гиромӣ, “бале” гуфта, тасдиқ кардед. Рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба якуми апрел рост меояд, ки дар мо Рӯзи ханда ё худ Рӯзи дурӯғгӯён унвон додаандаш. Порсол дар ана ҳамин Рӯзи дурӯғгӯён Шодмон пиру барноро хушҳол карда, ҳама мардуми маҳалларо ба зиёфат даъват карда буд. Аз сабабе, ки мардуми мо зудбовар ва нисбат ба якдигар самимиянд, ҳама ба хонаи падари Шодмон омаданд, аммо на аз зиёфат дарак буду на аз Шодмон. Аҳли оила дар як ҳалати бад ва ногувор қарор гирифта, ба худ ва шароиту зиндагии худ садҳо маротиба лаънат мефиристоданд, бо пойҳояшон заминро сӯрох кардан мехостанд, то ки мардуми омадаро дида натавонанд. Дар ин ҳол зиёфатхабаркун пайдо шуда, ҳамаро мазоҳу масхара карда, “Первый апрель – никому не верь” гӯён, мардумро гусел кард. Аз ин ҳодиса ду рӯз гузашт. Дар оилаи Шодмон мотам шуд. Вале касе ба ҷаноза наомад, зеро ҷанозахабаркун Шодмон буд.

Ин дунёро, хусусан ҷомеаи моро бо дурӯғ, фиреб, найранг, хандаи қалбакӣ ва боз ҳазору як нағмаи дигар хӯрдану аз худ кардан имкон дорад. Ва иловатан, барои ба мақому мартабае расидан яке аз омилҳои асосӣ дурӯғ гуфта тавонистану дурӯғгӯиро фаҳмидан аст.

Ба ҳисоби миёна, одамоне, ки ба ҷуз зиндагӣ кардан, боз аз пайи чизе ҳастанд ва мехоҳанд дар ин дори фонӣ “шоиста” умр ба сар баранд, дар як соат аз 3 дурӯғ зиёд гуфта, ин рақам дар 24 соат наздики 200 мешавад.

Дурӯғ гуфтан ба вақту замон алоқаи зич дорад. Масалан, дар моҳи Рамазон бисёриҳо аз дурӯғ гуфтан парҳез мекунанд, аммо ин танҳо барои 30 рӯз аст! Дар ин росто, метавон гуфт, боз ҳастанд нафароне, ки дар ин моҳ дурӯғро зиёд мегӯянд. Зеро, ба қавле, агар нагӯянд, фоида ба даст намеоранд. Мисоли дигари мавсими дурӯғгӯйӣ ин иду ҷашнҳо мебошад. Тадқиқотҳо муайян кардаанд, ки зиёда аз 80 фоизи туҳфаҳои тақдимшуда ба туҳфагирандагон писанд намеоянд, аммо барои он ки шахси ҳадядиҳанда хафа нашавад, “маъқул шуд”, “чӣ хел туҳфаи хушрӯ”, “раҳмат, фикри хуб кардӣ” мегӯянд.

Ҳар нафаре, ки бисёр гап мезанад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки аз мавзӯи аввалиндараҷа ба дуввумдараҷа мегузарад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки аз савол мегурезад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки дар вақти суханронӣ кардан бо забони узвҳояш кӯшиши фаҳмонидани мухотабашро мекунад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки дар вақти гап заданаш услуби суханронияшро иваз мекунад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки қасам мехӯрад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад дигарон ба суханҳои вай бовар кунанд, дурӯғ мегӯяд…

Биёед, аз ин ба баъд дигар дурӯғ намегӯем!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here