Дуруд ба шоир!

Ин маротиба номаатонро гирифтам. Чун ҳамеша аз баррасии мушкиле, ки ман овардаам, парҳез ва аз додани маслиҳате, ки пурсидаам, худдорӣ кардаед. Ва чун ҳамеша аз мушкили хеш гуфтаед, дарди дили хешро арзонӣ доштаед. Бештар аз он чизе гуфтаед, ки қалби маро ҳам ба дард меорад ва аслан решаи ин ҳама номанависиҳои ману шумо ДАРД аст. Ин ки панҷ-шаш мавзӯи номаҳои ману шумо ТАНҲОӢ буд, сарчашмааш ҳамон ДАРД аст. Фақат орифона онро ДАРДИ ТАНҲОӢ номидем. Дар асл, он ҳама чизе ёдовар шудед (…“аммо ман пешрафти тамаддуни башариро дар се чиз мебинам: ахлоқ, дониш ва одамигарӣ! Оё ҷомеаи мо ин чизҳоро дорост ё хайр?”) ва муҷиби номаҳои ману шумо гашт, ин ДАРДИ БЕДАВО-и ҷомеаи мо аст. Аз як чиз дар ҳайрат афтодам: Чаро Шумо дар қатори мушкилиҳои зикршуда, аз овардани мушкили асосии ҷомеаи имрӯз – ДУРӮҒ худдорӣ кардед? Медонед, ки аз сари субҳ то дили шаб фақат ДУРӮҒ мегӯем? Аз он ки ба кӯдаки боғчаравамон дурӯғ мегӯем, ки пули мураббияро надорем, ба соҳиби утоқи иҷора мегӯем, ки ҳоло маош нагирифтаем, ба соҳиби масолеҳ дар бозор мегӯем, ки ҳоло чизе нафурӯхтаем, ҳамсарамон мегӯем, ки ҳатман ҷойи кори дигар меёёбем, ба модарамон мегӯем, ки ҳатман ин тобистон ба ягон санатория мефиристем…

Абдувоҳид! Ман намедонам чаро якуми апрелро «рӯзи дурӯғ» номидаанд ва чаро дар ин рӯз мекӯшанд дурӯғ гӯянд. Намедонам. Ҳол он ки мо ҳар рӯз то сесад бор дурӯғ мегӯем ва ҳатто намедонем, ки бори охир кай бо гуфтани дурӯғ сурх шуда будем.  Вале инро медонам, ки перомуни дурӯғу дурӯғгӯӣ масали зиёде ҳаст, ки бештар аз таҷрибаи ҳаёт гирифта шудаанд ва машҳуртарини он ҳамоно «дурӯғи маслиҳатомез беҳ зи рости фитнаангез» мебошад. Ба андешаи ман, ҳатто дар ин масал андар боби дурӯғ, дурӯғ гуфтаанд. Чаро? Чунки агар насиҳатгарони дунё ҳар пандеро, ки гуфтаанду мегӯянд, амалӣ мекарданд, бечора Дурӯғ дар ҳама айём ҳокими абадӣ намешуд. Ва агар қудрате медоштам, ҷойи ҳама санги мазор пайкараи умедро мегузоштам ва менавиштам:

«Дурӯғе, ки маро то оғӯши торикӣ овард».

Дени Дидро ҳам ҳамандешаи ман аст. Яъне тавсия медиҳад, ки беҳтар аст, ки ҳақиқатро гӯӣ, агарчи талх бошад: «Агар дурӯғ ба муддати кӯтоҳе, ҳатто ба манфиати кор бошад ҳам, аммо бо гузашти айём зарар меорад. Дар ҳамин ҳол, ҳақиқат бо гузашти вақт баманфиат аст, ҳарчанд тавре гуфтем, дар аввал метавонад заҳри ҳалоҳил бошад».

Шояд ба ин хотир аст, ки Ситсерони маъруф ҳушдор медиҳад, ки «Мо ба дурӯғгӯ ҳатто вақте рост мегӯяд, бовар намекунем». Аммо агар ба дурӯғ каме рост ҳамроҳ созем чӣ? Чӣ ҳосил мешавад? Ба қавли Достоевский «ҳақиқати воқеӣ ҳамеша боварнокарданист. Барои он ки ҳақиқатро ҳақиқатмонанд созед, як каме ба он дурӯғ ҳамроҳ созед. Инсонҳо ҳамеша чунин амал мекарданд».

Як дӯсти наздик дорам. Ҳангоме дурӯғ гуфтанӣ мешавам, то охир дурӯғи маро гӯш мекунад ва оромона сухани маро ҷамъбаст мекунад: «Ту дурӯғро бисёр сода мегӯӣ». Шояд маро зарур аст аз панди Достоевский истифода барам? Намедонам. Аммо як  панди Оскар Уайлд ёдам мерасад, ки ҳангоме бо нафари аз ҳама бештар дар назди ӯ тӯҳмату таҳқирмешуда вомехӯрад, мегӯяд:

«Ман дар ҳаққи Шумо он қадар тӯҳмат шунидаам, ки шаке надорам: – Шумо беҳтарин инсон ҳастед!».

Замоне айёми донишҷӯӣ бо як рафиқи ҳозирҷавобам ба ин монанд гуфтугӯе доштем. Ман, ки бозор мерафтам, боре аз ӯ пурсидам:

– Ба бозор меравам, бароят чӣ биёрам?

– Як кӯлвор дурӯғ, то мисли дигарон зиндагӣ кунам.

– Аҷаб моли беқимате дар бозорҳои ин шаҳр. Биё, худи ман бароят медиҳам, ба ивази он як қатра виҷдон бидеҳ.

– Билло ба Худо, кӯлвори дурӯғатро метавонӣ фурӯшӣ, вале як қатра виҷдонро ягон харидор намепурсад. Мардум намедонанд ин моли бехаридорро ба кӣ фурӯшанд.»

Ана акнун, Шумо ба ин суоли ман посух диҳед, Абдувоҳид, ки чаро вақте мушкили зиндагии имрӯзро қатор мекунанд, аз овардани муҳимтарин камбуди ҷомеа – ДУРӮҒ худдорӣ менамоянд?

Чаро?

Хуршед АТОВУЛЛО

Аз журналистика даст кашед, Хуршед!

Салом Хуршед!

Имрӯз шанбе, 14.10.2023 хаёл кардам дар  бинои бузурги “Шарқи Озод” фақат як худам мондааму ҳама рафтаанд, яке аз паси кору яке аз паси бору яке аз паси мурғу яке аз паси қафас… Яке ба деҳа рафтаву яке ба ноҳия, яке ба шаҳр рафтаву касе мурдаю касе ба хориҷа рафта. Хулласи калом, ман мондааму ҳуҷраи корию… (ҳамон ҳуҷрае, ки Шумои азиз “ғайбатхона”-аш хондаед) китобу компутару қаламу коғаз. Дар ин ғайбатхонаи ҳарина ҳеҷ кас ҳам нест, ки забон дошта бошад ва бо ман камтар дарди дил кунад. Инак, чанд ифтихорномаю диплом, раҳматномаю лаънатномаҳо, ки ба дару девори ин “ғайбатхона” насб шудаанд ва баъзе ҳам паҳну парешон хобидаанд, ба дардам намехӯранд. Воқеан, шумораи охирини рӯзномаатонро хондам, бад набуд, аммо аз он шӯру исёни навиштаҳоятон чизе боқӣ намондааст. Пеши худ андеша кардам, ки шояд замона ҳаминро тақозо мекунад? Ё ҳавсалаатон пир шудааст! Навиштаҳо таровати пешинаашонро гум кардаанд, вожаҳо ночаспон, мавзуъҳо дарҳамафтода, обшуста, саҳифаҳо ба таври зарурӣ баста нашудаанд, аксҳо ҳам чун пешина коллаж нокарда, номаҳои худамон низ дар як саҳифаи нохоно. Гуфтам: ҳайф! Ин чӣ рӯзу чӣ замонест, ки ҳатто Хуршед ҳам  бо он ҳама орзуҳои баланд рӯҳафтода метобад! Ё заволи “империяи газетаҳо” оғоз шуда, ё Хуршед пириро ба гардан гирифта, ё оромии пеш аз тӯфони эҷодии Хуршед фаро расида?! Бошад, ки чизи дигаре бошаду ман надонам. Ба ҳар ҳол, мехоҳам то лаҳзаи охирин газетаи Шумои азиз хубу хонданӣ бимонад!

Мехоҳам, як каме дар бораи “ҷобаҷогузории кадрҳо” сухан бикунам. То он ҷойе, ки Шумо огоҳ ҳастеду ман ҳам кам-кам ҳис мекунам, вақтҳои охир дар идораи бонуфузи Шумои азиз як нафаре, ки дар журналистика обрӯю эътибор дошта бошад, кор намекунад. Ҳарчанд дар гузашта теъдоди зиёди рӯзноманигорони соҳибтаҷриба тавассути газетаҳои Шумо минбар доштанд. Сабаб чист? Дирӯз чашмам ба як эълон бархӯрд ва хуб аст, ки барои омӯзиши донишҷӯёни риштаи журналистика озмун баргузор мекунед. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дилатон ба ояндаи журналистика месӯзад. Аммо оё ҳамон шогирдоне, ки тӯли даҳсолаҳо барояшон қаламкашӣ омӯхтед, ба ин касб ва ба устоди беминнаташон содиқ монданд? Кадрҳое, ки Шумо тайёр мекунед, то дасташон рост шудан дар идораи МТЖТ “хизмат” мекунанду баъд аз он ба гуфтаи худашон “дингуз” мезананд ва ҳам мешунавем, ки ҷойе ҳамин шогирдони бовафоятон “Хуршед пули кам медиҳад” мегӯянд.  Ман мегӯям, ки “Шод бош, эй мард, ки даҳсолаҳо барои касоне ҳам нон додию ҳам ном!”

Ба андешаи ман Шумои арҷманд як роҳ доред: даст кашидан аз журналистика! Агар Шумо аз журналистика даст кашеду ҷиддӣ ба навиштани асарҳои детективиатон машғул шавед, итминон дорам, ки беҳтарин асарро хоҳед навишт, ки дар таърих бимонад!

P\S: Номаи “Дурӯғ..атон баъд аз навиштани ин матлаб ба дастам расид, насиб карда бошад, ҷавоб менависам.

Бо эҳтиром Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь